Душанбе - мизбони ҷашнвораи «Синамо: марзҳои боз»

Имрӯз, 9 апрел, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон фестивали филмҳои беҳтарин дар кишварҳои муштаракулманофеъ зери номи «Синамо: марзҳои боз» ифтитоҳ шуд.
Ин ҷашнвораи минтақаӣ ба ибтикори Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои башарии кишварҳои узви Иттиҳоди муштаракулманофеъ ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон доир мегардад.

Дилафрӯз Амирқулова, муовини раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «ҳадафи аслии ин ҷашвора таҳкими равобиту ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди мушатаркулманофеъ аст. Созмондиҳандаи ин фестивал ҷамъияти шакли кушодаи «Союзэкспортфилм»мебошад».

Ба гуфтаи хонум Амирқулова, ҷашнвораи «Синамо: марзҳои боз» муддати се рӯз дар толори Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе сурат мегирад, ки дар он беҳтарин филмҳои сохтаи синамогарони Русия, Булорус ва Укроин ба намоиш гузошта мешавад.

Аммо Тоҷикистон ба унвони мизбони ин ҷашнвора бо чӣ дастовезе ширкат хоҳад кард?

Ба гуфтаи Дилафрӯз Амирқулова, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ин кишвар танҳо мизбон аст ва шароитро барои баргузории ин ҷашнвора таъмин месозад. Ба таъкиди вай, тамошобини тоҷик аз тариқи ширкат дар ин ҷашнвора саҳми муносибе хоҳад дошт, то тавонад ғизои маънавӣ ба худ бигирад.

Ҳамчунин тамошобинони тоҷик метавонанд филмҳои «Блаженная» ё «Девонаавзоъ» (коргардонии Сергей Струсовкий), «Черная молния» (коргардонии Александр Войтинский ва Дмитрий Киселев), «Одна война» (коргардонии Вера Глаголева), «Пассажирка» (коргардонии Станислав Говорухин), «Дунечка» (коргардонии Александр Ефремов), «ИНСАЙТ» (коргардонии Рената Грицкова), «Прикованный» (коргардонии Валерий Рыбарев), «Мелодия для шарманки» (коргардонии Кира Муратова) ва «Индии» (коргардонии Александр Кириенко)-ро тамошо кунанд.

Ҷашнвораи «Панҷ ситора» чӣ шуд?


Баргузории ҷашнвораи филмҳои беҳтарини «Синамо: марзҳои боз» дар шаҳри Душанбе, дар ҳолест, ки Тоҷикистон мебоист дар соли 2009 мизбони ҷашнвораи байналмилалии «Панҷ ситора.Интервидения-2009» шавад.

Аммо соли 2009 сипарӣ шуд, вале ин озмуни мусиқӣ дар Тоҷикистон баргузор нагардид. Сабаб чист?

Дилафрӯз Амирқулова, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон гуфт, «тақдири «Интервидения» ҳоло ҳам маълум нест. Ин ҷо ҷониби Русия бояд пешниҳод мекарданд, онҳо омода набуданд. Кай вақте, ки омода шаванду пешниҳод карданад, Тоҷикистон омодаи баргузории ин фестивал аст».

Қарор буд, ин фестивал дар тобистони соли 2009 дар шаҳри Душанбе сурат мегирифт. Аммо баъдан ба иллати фарогирифтани намояндагони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой» баргузории ин ҷашвора ба тирамоҳи ҳамон сол ба таъвиқ афтод.

Вале моҳи октябр, ки мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд, ин озмун бояд баргузор шавад, сурат нагирифт ва мушкилоти моли ҷониби Русия сабаби он дониста шуд. Бо ин ҳам масъулон гуфта буданд, ки ҷашнвораи «Панҷ ситора. Интервидения» дар соли 2010 дар Тоҷикистон доир мешавад.

Зимнан, пирӯзии Таҳмина Ниёзова, овозхони ҷавон ва набераи Боймуҳаммад Ниёзов, аз шашмақомхонони варзидаи тоҷик дар Озмуни овозхонони ҷавони эстрадаи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ва ҷумҳуриҳои назди Балтик дар соли 2008, ин имконро фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар соли 2009 мизбони ин ҷашнвораи мусиқӣ шавад. Аммо гуфта мешуд он замон ҳам, бархе аз масъулони ин фестивал ба баргузории он дар Душанбе мухолифат доштанд.