Ҳаводиси ахири Қирғизистон, ки бо сарнагунии Қурмонбек Боқиев анҷом шуд ва таъсири он ба авзои минтақа мавзӯи аввали баҳси маҳофили сиёсӣ ва коршиносии Тоҷикистон шуда аст.
Аҳзоби мухолифи Тоҷикистон: Ҳаводиси Қирғизистон ба афкори ҷомеа таъсир хоҳад дошт
Намояндагони аҳзоби сиёсӣӣ Тоҷикистон мегӯянд, мардуми шӯрида дар Қирғизистонро он авомил ва ангезаҳое барои анҷоми тазоҳурот ва аз байн бурдани ҳукумати Қурмонбек Боқиев таҳрик дод, ки дар Тоҷикистон низ мавҷуд доранд.
Аз ҷумлаи ин авомил, ҷалби пайвандони нафари аввал ба мақомоти давлатӣ, ишғоли курсиҳои парлумон аз сӯи ҳизби вобаста ба ҳукумат, контроли қисмати аъзами иқтисоди фоидаовар, маҳдуд кардани озодиҳои мардум, вуҷуди ришват ва фасод дар муассисоти давлатӣ ва ба зиндон кашидани мухолифини сиёсӣ мебошанд. Ин танҳо хоси Қирғизистон нест.
Вале сабаб чӣ аст, ки маҳз дар Қирғизистон ин ҳодиса рух медиҳад ва дар тӯли панҷ соли ахир на як бор балки бори дуввум.
Боқиев хостаҳоро бароварда накард
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар порлумони Тоҷикистон гуфт, ки Боқиев хостаҳои мардуми қирғиз ва нерӯҳои сиёсии онро, ки дар панҷ соли пеш дар пайи як инқилоб ӯро рӯи кор оварда буданд, бароварда накард.
Балки баракс ӯ дар тақлид ва пайравӣ аз шеваи раҳбарии ҳукуматҳои дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иқдомоте даст зад, ки шикоф миёни ҳукумати ӯ ва мардумро рӯз ба рӯз бузургтар кард.
Оқои Кабирӣ гуфт, ин иштибоҳи аслии Боқиев буд, ки мехост худро ба дигар роҳбарони худкомаи минтақа монанд кунад, дар ҳоле ки то омадани ӯ мардуми қирғиз дар даврони Аскар Оқоев, як давраи томи озодиро пушти сар карда, ба ҳеҷ сурат наметавонист таҳаммули як низоми худкомаро дошта бошад.
"Ҳукумати Тоҷикистон бояд панд бигирад"
Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сосиал-демократ мегӯяд, Боқиев низ интихоботҳоро бо овозҳои бардурӯғу сохта ба манфиати худ ва ҳизби худ ҷамъбаст кард, андеша ва раъйи мухолифони худро писанд накард ва дар ниҳояти амр гаравгони системаи мавҷуда шуд.
Системае, ки дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам шабоҳат дорад. Системае, ки дар он қавонини низоми мардумсолорӣ дар рӯи коғаз боқӣ мондааст.
Раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон афзуд, ки ҳаводиси Қирғизистон ба кишварҳои минтақа ва Тоҷикистон бетаъсир нахоҳад буд, вале муҳим он аст, ки ҳукумат бояд аз он сабақ бигирад.
"Чи хеле омад, ҳамон хел рафт"
Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин андеша аст, ки дар рӯйдоди хунолуди Қирғизистон ҳам авомили хориҷӣ ва ҳам авомили дохилӣ таъсир гузоштааст.
Вале ин ҳукумати Қирғизистон буд, ки дар аксари маврид огоҳӣ ва пешниҳодоти опозисиюнро ба инобат нагирифт. Ва афзалият ва бартарӣ додан ба гурӯҳҳои хос ҳам дар бахши иқтисодӣ ва ҳам дар идораи умур дар Қирғизистон боис шуд, ки ҳукумат сарнагун шавад.
Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲК ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати Боқиев бо он тарзе, ки рӯи кор омада буд, бо он усул аз байн рафт.