Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба “Қонуни даъват ба хидмати ҳатмии сарбозӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин тарҳ аз сӯи вакилони коммунист ва бо мувофиқати ҳукумат пешниҳод шудааст.
Баҳси ислоҳоти низоми хидмати ҳатмии сарбозӣ дар Тоҷикистон тайи ду - се соли ахир дар ҳукумат ва маҳофили коршиносии ин кишвар идома дорад.
Баъзеҳо пешниҳод мекунанд, ки дар Тоҷикистон низ чун баъзе дигар кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон метавон хидмати алтернативиро ба роҳ монд ва ё бо пардохти маблағ аз хидмат дар артиш озод шуд.
Зарурати ислоҳи низоми сарбозӣ
Шодӣ Шабдолов, раиси ҲК ва вакили ин ҳизб дар порлумони Тоҷикистон гуфт, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни ӯҳдадории ҳатмии ҳарбӣ аз сӯи Мирзобек Ҳоҷиев, вакили пешини ин ҳизб омода ва пешниҳод шуда буд.
Вале ҳукумат танҳо як бандеро, ки ба вазъи ҳуқуқи донишомӯзони макотиби олӣ иртибот дошт, пазируфту халос. Бар асоси ин ислоҳот минбаъд он идда аз донишомӯзоне, ки бо далоили мухталиф муваққатан аз таҳсил дар канор мемонанд, мақоми донишҷӯро ҳифз мекунанд ва онҳоро наметавон ба хидмати ҳатмии сарбозӣ ҷалб кард.
Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон ҷавонони аз 18 то 27-сола дар ин кишвар муваззафанд, ки дар сафи артиш хидмат кунанд. Вале нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имкони ҷалби ин шумораи бузурги ҷавонон ба сафҳои худро надоранд.
Шодӣ Шабдолов мегӯяд, дар тарҳи омодакардаи ин ҳизб шеваҳои муосири хидмат ва ё роҳҳои алтернативӣ пешниҳод шудааст.
Бо пардохти маблағ аз аскарӣ озод?
Аз ҷумлаи ин пешниҳодҳо то ба як ё якуним сол коҳиш додани мӯҳлати хидмати маҷбурии аскарӣ мебошад. Ҳамчунон ҷавон бояд имкон дошта бошад, ки бо пардохти маблағ аз хидмат озод гардад ва ё ин, ки дар ҷумҳурӣ хидмати алтернативӣ ҷорӣ шавад.
Коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик низ бо таваҷҷӯҳ ба шумораи зиёди ҷавонони синни даъвати аскарӣ ва бахусус мавориди фаровони ришват ва фасод дар ҷалби ҷавонон ба артиш мегӯянд, як роҳи беҳбуд бахшидани вазъ дар ин замина, роҳандозии хидмати алтернативӣ мебошад.
Фаррух Умаров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, барои роҳандозии хидмати қарордодӣ дар кишвар ҳама имконот фароҳам аст. Афроде, ки хоҳиши хидмат дар артишро надоранд, метавонанд маблағ пардохт кунанд ва маблағи онҳо метавонад манбаи таъмини молии сарбозони қарордодӣ бишавад.
Вазорати дифои Тоҷикистон низ як тарҳи ислоҳот ба қонуни хидмати сарбозӣ дар ин кишварро дар соли гузашта пешниҳод карда буд.
Даъват ҳоло бо усули пешина идома дорад
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, дар тарҳи пешниҳодкардаи ин вазорат хидмати сарбозии дусола ҳифз шудааст. Бар изофаи он, дар ин тарҳ дар бораи хидмати қарордодӣ ва ё бар ивази пардохти пул озод шудан аз хидмати артиш пешниҳод нашудааст.
Ислоҳоти қонуни хидмати ҳатмии сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ҷараён аст. Ва дар ин замина баҳс миёни Маҷлиси намояндагон ва вазорати дифои Тоҷикистон низ ба анҷом нарасидааст.
Аммо даъват ба хидмати артиш дар мавсими баҳорӣ, ки аз аввали ин моҳ шурӯъ шуд, дар асоси муқаррароти пешина ҷараён дорад.