Мақомоти сарҳадбонии Узбакистон гуфтаанд, ба сокинони деҳаи Равоти Конибодом ба сӯи заминашон, ки дар минтақаи баҳснок ҷой гирифтааст, роҳ медиҳанд.
Марзбонҳои узбак аз соли гузаштаи 2009 байни деҳаи наздимарзии Равот, воқеъ дар 80-километрии Хуҷанд хандақ кофтаву садд гузошта, рафтуомади сокинони онро ба 60 гектар заминҳои зардолузорашон манъ карда буданд.
Маъруф Раҷабов, сокини деҳаи мазкур, сардори иттиҳодияи деҳқонии «Дӯстӣ», ба Радиои Озодӣ гуфт: «Сардори посгоҳи марзии Равот аз ҷониби Узбакистон – Фаррух Ҳасанов бо мо вохӯрда гуфт, ки баъд аз 3 рӯз роҳи гузар ба заминамон медиҳанд. Онҳо рӯйхати соҳибони заминҳоро гирифтанд.»
Вай афзуд, ҷониби Узбакистон ваъда кардааст, ки ба сокинони Тоҷикистон ба замини канори деҳаашон танҳо аз гузаргоҳи сарҳадии Равот, ки тахминан 30 километр дур аст, роҳи гузар медиҳад: «Ин роҳи моро бисёр дур мекунад, ғайр аз ин аз он ҷо бо техникаву хараробаҳо гузаштан намемонад. Рафтуомади мо мушкил мешавад. Ҳозир гузашта истем, баъд боз ягон пешниҳод мекунем.»
Ба гуфтаи мусоҳибам, сокинони деҳаи Равот ба ин гузашт аз ҷониби Узбакистон бо баргузории як аксияи эътирозӣ дар рӯзи 6–уми апрел бо иштироки тақрибан 30 нафар мардони маҳал дар рӯ ба рӯи посгоҳи марзии Узбакистон, дар канори маҳал даст ёфтаанд.
Марзбонҳои Узбакистон аз оғози баҳор ба сокинони деҳаи Равоти Тоҷикистон иҷоза намедоданд, то барои иҷрои кишту кор ба замини худ раванд ва ин вазъ соҳибони заминро норизо ва нигарон карда буд.