Шонздаҳ сол муқаддам, 5-уми апрели соли 1994, нахустин даври музокироти сулҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва ҳукумати Тоҷикистон, зери сарпарастии СММ дар шаҳри Маскави Русия доир шуд.
Сипас ин созмон тӯли ҳамаи даврони музокирот ва ҷараёни дастёбӣ ба сулҳ, маросими имзои Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон ширкати мустақим дошт. Афзун бар ин, СММ барои назорати риояти оташбаси ҷонибҳо гурӯҳи низомиёни худро ба Тоҷикистон фиристода буд.
Нишастан бар сари мизи музокирот хоҳиши ҳарду ҷониби даргири тоҷик, аз як сӯ ҳукумат ва аз сӯи дигар Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд, вале ин СММ буд, ки ин хоҳишро ба марҳилаи иҷро дароварда, тӯли панҷ соли муқовиматҳои мусаллаҳона ва даврони гуфтушунид, ҳам аз лиҳози маънавӣ ва ҳам аз лиҳози моддӣ ин равандро дастгирӣ кардааст.
Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва яке аз аъзои ҳайати музокирот аз ҷониби ҳукумат дар даврони гуфтушуниди ҷонибҳо гуфт, ки қотеъияти СММ буд, ки ҷанги дохилии Тоҷикистон зудтар анҷом ёфт. Ӯ афзуд, ки намояндаҳои ин созмон дар замони муқовимат ҳатто ба манотиқи дар ҳоли ҷанги кишвар сафар мекарданд ва ҳарду ҷониби ба ҳам рақиб, яъне мо тоҷиконро ташвиқ мекарданд, ки бо ҳам сулҳу оштӣ кунем.
Оқои Усмонов аз мавориде ёдовар шуд, ки ба маҳзи кӯшиш ва талошҳои намояндаи вижаи дабири кулли СММ баҳсҳову нофаҳмиҳо миёни ҷонибҳо аз байн мерафт ва музокироти ба бунбаст воридшуда дубора идома мекард.
Доктор Абдунабӣ Сатторзода, узви Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик, ки дар аксари даври музокирот ширкат доштааст, мегӯяд, нақши СММ бо назорати раванди гуфтушунидҳо хатм намешуд, балки ин ниҳод барои анҷоми бобарори музокироти тарафҳои мутахосим як симмати хосро ихтисос ва намояндаи вежаеро аз номи Дабири кулл вобаста карда буд.
Оқои Сатторзода изофа кард, ки фаъолият ва ҳузури кишварҳои нозир, ҳамоҳангии асноду мадорик, табодули асирон ва сарбозон, умуман ҳамаи ҷараёни музокирот бо кафолати ин созмон доир шудааст.
Абдуллоҳи Раҳнамо, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, нақш ва ширкати СММ дар сулҳи тоҷикон шояд аз лоиҳаҳои басо муассир ва муфиди ин муассисаи ҷаҳонӣ бошад, ки битавонад ба сифати таҷриба дар низоъҳои дохилии дигар кишварҳо ба кор ояд.
Ин таҳлилгари тоҷик ишора кард, ки СММ бо оштӣ додани ҷонибҳо, худро канор накашид, балки вазъи сиёсиву иқтисодии кишвари ҷангзадаро то ҳадди лозим ором ва осуда кард.
Ба ин тартиб, СММ баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ ва иҷрои он дар солҳои 1997-2000 низ то чанд соли дигар дар Тоҷикистон намояндагии хуро бо номи Дафтари таҳкими сулҳ ҳифз кард.
СММ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди харобшуда, барқарории иншооти манотиқи ҷангзада ва манозили тахрибшудаи аҳолӣ ба Тоҷикистон кӯмак кардааст.