Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун, ки тавассути чархбол аз баҳри Арал дидан кард, хушкидани Аралро аз такондиҳандатарин офатҳои дунё номид ва аз раҳбарони Осиёи Марказӣ даъват кард, ба хотири ҳалли мушкилоти зистмуҳитӣ бештар ҳамкорӣ кунанд.
Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун рӯзи 4-уми апрел дар идомаи силсиласафараш ба ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ барои ду рӯз вориди Узбакистон шуд. Узбакистон кишвари севвуми Осиёи Марказист, ки Бан Кӣ Мун боздид мекунад.
Дар Туркманистон ва Қирғизистон, тавре ҳам, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар умедвор буданд, дабири кулли СММ бештар рӯи масоили ҳуқуқи башар тамаркуз кард ва раҳбарони ин ду кишвари Осиёи Марказиро ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон даъват кард.
Аммо тавре ба назар мерасад, дар Узбакистону Тоҷикистон – ду ҳадафи баъдии силсиласафари Бан Кӣ Мун – раҳбарони ин ду кишвар талош хоҳанд кард, таваҷҷӯҳи раҳбари Милали муттаҳидро ба масоили муҳити зист ва баҳси мавзӯъи обу энержии минтақа ҷалб кунанд.
Бино ба хабарҳо, дабири кулли СММ рӯзи якшанбе вориди Нуқус, пойтахти ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон, шуд. Мақомоти Узбакистон дар ин ҷо ба Бан Кӣ Мун авоқиби бузургтарин фоҷиаи зистмуҳитии минтақа – хушк шудани баҳри Аралро намоиш доданд. Оқои Бан тавассути чархбол майдони боқимондаи оби баҳри Аралро тамошо карда ва аз шаҳраки Мӯиноқ низ боздиди кӯтоҳе дошт.
Мӯиноқ худ як аломати барҷастаи пайомадҳои хушкидани баҳри Арал маҳсуб мешавад. Ин шаҳраки соҳиби тақрибан 13 000 ҷамъият дар гузашта бандаре дар соҳили Арал буд, ки гузарони зиндагиаш аз ҳисоби фаъолияти як корхонаи тавлиди консерваи моҳӣ ба даст меомад. Вале тайи 50 соли охир ба маҳзи хушкидани баҳр Мӯиноқ батадриҷ ба шаҳре дар байни биёбон табдил ёфт ва феълан фосилаи байни Мӯиноқ ва соҳили Арал болиғ аз 50 километр шудааст.
Ба назари коршиносон, маҳз аз тамошои баҳри хушкидаи Арал оғоз ёфтани боздиди Бан Кӣ Мун аз Узбакистон рамзист ва Тошканд мехоҳад ба ин васила пуштибонии СММ дар баҳсаш бар сари масоили оби Осиёи Марказиро ба даст биорад.
Баҳри Арал, ки дар гузашта чаҳорумин кӯли бузурги дунё маҳсуб мешуд, акнун 90 дарсад коҳиш ёфтааст. Бан Кӣ Мун дар Нуқус, пойтахти ҷумҳурии Қароқалпоқистони Узбакистон хушкидани Аралро аз таккондиҳандатарин фоҷиаҳои зистмуҳитии ҷаҳони муосир ном бурд ва ваъда супурд, ки аз раҳбарони минтақа даъват хоҳад кард, то ба хотири пайдо кардани роҳи ҳалли фоҷиаи Арал гирди мизи гуфтугӯ бинишинанд.
Шоми якшанбе Бан Кӣ Мун аз Нуқус ба пойтахти Узбакистон, шаҳри Тошканд хоҳад рафт. Рӯзи душанбе дар Тошканд ӯ бо раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов мулоқот мекунад. Як маърӯзаи дабири кулли СММ дар баробари донишҷӯёни Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатияи шаҳри Тошканд низ дар барномаи ӯ будааст.
Хабаргузории русии “Новости” менависад, Бан Кӣ Мун зӯҳри душанбе, 5-уми апрел, қабл аз тарки Узбакистон ба қасди Тоҷикистон, дар фурудгоҳи Тошканд барои хабарнигорон як нишасти матбуотӣ доир хоҳад кард.
Рӯзи душанбеи 5 -уми апрел дабири кулли СММ аз Тоҷикистон ва рӯзи сешанбе аз Қазоқистон дидан хоҳад кард.
Ва агар дар Узбакистон ба оқои Бан соҳилҳои хушкидаи баҳри Аралро тамошо дода бошанд, мақомоти Душанбе сафари ӯ тавассути чархбол ба силсилаи нирӯгоҳҳои рӯдхонаи Вахшро барномарезӣ кардаанд. Нирӯгоҳи баҳсбарангези Роғун низ бояд дар ҳамин рӯдхона сохта шавад.