Сафари Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ ба Осиёи Марказӣ дар ҳоле идома дорад, ки танишҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус миёни Тоҷикистону Узбакистон бар сари шеваи истифода аз манобеъи об ва бунёди нирӯгоҳҳо дар рӯдхонаҳои ин қаламрав шиддат гирифтааст.
Аммо Бан Кӣ Мун ва СММ то куҷо метавонанд дар пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар масъалаи об, нақши ҷиддӣ бозӣ кунанд?
ОБҲОИ ОТАШЗОИ МИНТАҚА
Фурӯ нишондани оташҳо аз хосиятҳои табиии об аст. Вале обҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир баръакс худ мисоли равғане шудаанд, ки оташи баҳсҳои бархоста миёни кишварҳои ба истилоҳ “поёноб” ва “болооб”-и ин қаламрав, бахусус таниши миёни Тоҷикистону Узбакистон бар сари тарҳи эҳдоси нирӯгоҳи Роғунро алангаи бештар медиҳад.
Мақомоти СММ мегӯянд, як мавзӯъи мулоқотҳои дабири кулли ин созмон Бан Кӣ Мун бо раҳбарони Осиёи Марказӣ дар ҷараёни нахустин силсиласафараш ба ин минтақа, ки феълан идома дорад, баҳси об низ ҳаст. Мартин Насеркӣ, сухангӯи Бан Кӣ Мун, ҳарчанд аз посухи мустақим ба ин суол фирор кард, вале иқрор кард, ки ин мавзӯъ дар чаҳорчӯби масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ҳатман баррасӣ хоҳад шуд: “Ман намехоҳам аз пеш қазоват кунам, ки онҳо мушаххасан кадом масоилро баррасӣ хоҳад кард. Вале рӯшан аст, ки ҳамкории минтақавӣ, тавре таъкид кардам, як силсила масоили густарда, бо шумули манобеъи об ва роҳу шеваҳои ҳамкории муштараки кишварҳоро фаро мегирад.”
ҲАМ БА АРАЛ ВА ҲАМ БА ВАХШ
Боздиди раҳбари Милали Муттаҳид аз Осиёи Марказӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки ихтилофи назарҳо, бавижа миёни Узбакистону Тоҷикистон ва бахусус дар масъалаи эҳдоси нирӯгоҳи Роғун чунон шиддат гирифтааст, ки аломатҳояш ҳатто дар барномаи сафари Бан Кӣ Мун ба ин ду кишвар ҳувайдост. Тошканд ба оқои Бан соҳилҳои хушкидаи баҳри Аралро тамошо хоҳад дод, ва аммо мақомоти Душанбе мехоҳанд ки ӯ тавассути чархбол силсилаи нирӯгоҳҳои сохташуда бар фарози рӯдхонаи Вахшро бубинад. Нирӯгоҳи баҳсбарангези Роғун низ бояд маҳз дар ҳамин рӯдхона бино шавад.
Рустам Абдуллоев, иқтисоддони узбак, ки бо Радиои Озодӣ аз Тошканд сӯҳбат мекард, гуфт, интихоби соҳилҳои хушкидаи Арал ба ҳайси масири боздиди дабири кулли СММ аз Узбакистон беҳуда нест: “Ба назари ман, СММ бояд як паймони вижаи наҷоти баҳри Аралро қабул кунад. Ин паймон бояд аввалан, кӯмакҳои воқеъии ҷомиаи байналмилалӣ ба минтақаи моро мушаххас кунад. Сониян, дар ин санад бояд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҷонибҳои истифодабари маноъеи оби Осиёи Марказӣ низ таъйин ва махсус таъкид шавад, ки истифода аз оби дарёҳои фаромарзӣ маҷҷонист. Ва як тадбири дигари мушаххас барои наҷоти баҳри Арал метавонад ба самти ин баҳри хушкида гардондани дарёҳои Сибири Русия бошад, ки низ бояд дар ин санад зикр шавад.”
МУШТКУШОИИ ОҚОИ БАН
Вале суол ин аст, ки Бан Кӣ Мун то куҷо хоҳад тавонист, дастҳои муштшудаи ин ду ҷонибро боз карда ва барои Душанбеву Тошканд, ки феълан пайгирона аз роҳи мухолифат ва ҳатто низоъ гом мебардоранд, роҳи гуфтугӯро ҳамвор кунад?
Таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, мушкилоти Осиёи Марказӣ чунон печида шудааст, ки ҳалли онҳо ҳадди ақал дар кӯтоҳмуддат берун аз ҳадди тавон ва имконоти нафақат СММ, балкӣ куллия қудратҳои муҳими дахил дар бозиҳои ин саҳна ба назар мерасад, вале бо ин вуҷуд, умедворӣ аз сафари Бан Кӣ Мун низ чандон кам нест: “Дар матн ва батни таҳаввулоте, ки дар Осиёи Марказӣ ба вуқӯъ мепайвандад, дар ин майдон ба бозӣ даромадани қудратҳо ва тарафҳое, ки холистар бошанд, аз аҳамият холӣ нест. Дар ин росто, ман ба сафари минтақаии раҳбари Созмони Милал ва ба иродаи кӯмак ба ҳаллуфасли ин мушкилоти Осиёи Марказӣ умед мебандам. Ва натиҷаи ҳадди ақал ин хоҳад буд, ки талоши СММ дар ин росто бар асоси ҳифзи таодул ва тавозуни мавҷуд миёни манофеъи кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат хоҳад гирифт ва бар хилофи талошҳои Русия, онҳоро дар мавзеъе қарор нахоҳад дод, ки натиҷаи бозӣ бурд ва бохт бошад. Балкӣ бозие дар Осиёи Марказӣ анҷом бишавад, ки аз он ҳамаи кишварҳои натиҷаи бурду бурдро дошта бошанд.”
РУСИЯ ТАРАФ ГИРИФТ
Ба бовари Қосими Бекмуҳаммад, дар ҳалли ин мушкилот нақши абарқудратҳое, чун Русия, назар ба Милали Муттаҳид, албатта, хеле муҳимтар мебуд, вале Русия тамойюли бештар ба ҷониби Узбакистон карда, нақши як тарафи холисро дар ин баҳс амалан бой дод.
Манзури оқои Бекмуҳаммад, пеш аз ҳама, баёнияи ахири ноиби сарвазири Русия Сергей Иванов аст, ки дар Тошканд гуфт, бунёди нирӯгоҳҳои азим дар Осиёи Марказӣ бояд ҳатман дар пайи ахзи тавофуқи комили кишварҳои ҳамҷавор амалӣ шавад. Айни ҳарфҳое, ки як сол пеш раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва низ дар Тошканд ба забон овард.
РӮЁРӮИИ ТОШКАНД БО ДУШАНБЕ
Ин дар ҳолест, ки таниши Душанбеву Тошканд бар сари Роғун рӯзторӯз амиқтар шуда, ҳарчӣ бештар ба соҳоти дигари равобити миёни ду кишвар таъсир мегузорад.
Тоҷикистон сарсахтона мехоҳад, эҳдоси нирӯгоҳи барояш фавқулодда муҳими Роғунро мустақилона шурӯъ кунад. Ба ин манзур, аз 6 январ маъракаи густардаи фурӯши саҳмияҳои ин нирӯгоҳро оғоз кардаву дар таблиғи ин маърака ба ҳадде рафта, ки шояд ба хотири нохун задан ба асабҳои Тошканд тавассути телевизионҳои давлатиаш қариб пайваста узбакҳои сокини Тоҷикистонро намоиш медиҳад, ки гурӯҳ-гурӯҳ саҳмия мехаранд.
Узбакистон ба навбаи худ, ташхиси байналмилалии тарҳи Роғунро талаб гузошта, пуштибонии чандин бозигари калидӣ дар саҳнаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Русияву Қазоқистонро ҳам ба даст овардааст. Дидгоҳи Маскавро алакай гуфтем, вале раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ дар моҳи гузашта дар Тошканд аз раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард, то анҷоми ташхиси байналмилалӣ даст ба бунёди нирӯгоҳҳои бузург назананд. Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми чунин ташхис бо Бонки ҷаҳонӣ як ёддошти тафоҳум имзо кард, вале гуфт, ба эҳдоси нирӯгоҳи Роғун ҳамчунон идома хоҳад дод.
Узбакистон ба дунбол то 1000 вагони ҳомили молу колоҳо барои Тоҷикистонро дар қаламраваш бо баҳонаҳои мухталиф боздошт кард ва ахиран дар гӯшаҳои мухталифи вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Сурхондарё алайҳи тавсиъаи фаъолияти ТАЛКО, ин бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон, ки дар наздикии марзи Сурхондарёст, силсилаи эътирозҳо ташкил дод. Ва он ҳам дуруст дар пешорӯи солгарди 35-уми оғози фаъолияти ин корхонаи азими алюминиум.
Таниш ба ҳадде рафт, ки сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар қароргоҳи СММ боздошти вагонҳо дар хоки Узбакистонро “мониасозӣ” ва талоши дар муҳосира гирифтани кишвараш номид ва аз мақомоти Милали Муттаҳид барои ҳалли ин мушкил кӯмак хост.
ТОШКАНД АЗ ОЯНДАИ ХУД АНДЕША ДОРАД
Далели чунин сарсахтона ба бунёди нирӯгоҳҳо дар кишварҳои “болооб”, аз ҷумла ба тарҳи Роғун мухолифат кардани Узбакистон чист? Иқтисоддони узбак Рустам Абдуллоев мегӯяд, як далели аслии ба анҷоми ташхиси мӯшикофонаи тарҳи сохтмони Роғун пой фишурдани Тошканд маҳз дар минтақаи зилзилахези Ёнахш воқеъ будани маҳалли сохтмони ин нирӯгоҳ аст ва бо вуҷуди итминони хотир додани ҷониби Душанбе, таркишҳои муаддад дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳ ва бори гарони обанбори он дар ниҳоят метавонанд мунҷар ба зилзилаҳои шадиду харобиовар шавад.
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи оқои Абдуллоев, кишварҳои “болооб” бо сохтани силсилаи обанборҳо дар рӯдхонаҳои худ соҳиби боз як қартаи дигари фишор дар муқобили Узбакистон хоҳанд шуд: “Агар, барои мисол, Қирғизистон нирӯгоҳҳову обанборҳояшро бисозад, имкони бештари идораи манобеъи оби ҳавзаи рӯди Норинро ба даст меорад. Гузашта аз ин, Қирғизистон мехоҳад оби барои тавлиди нирӯи барқ истифодашударо дубора ҳамчун мол ба Узбакистон бифурӯшад. Тоҷикистон низ ҷонибдори пулакӣ шудани об аст. Ва Тоҷикистон ҳам баъди сохтани ин нирӯгоҳаш дар шароите қарор мегирад, ки шартҳои худро гузорад ва дар ивази обе, ки ба баҳри Арал мерезад, пул талаб кунад. “
БӮИ НИЗОЪ ДАР ҲАВОИ МИНТАҚА
Таҳлилгарон бо таваҷҷӯҳ ба исрор ва пойфишориҳои сарсахтонаи Душанбеву Тошканд дар таъқиби дидгоҳҳои зоҳиран оштинопазири ин ду ҷониб мегӯянд, вазъи кунунӣ дар равобити Тоҷикистону Узбакистон бӯи низоъ мекунад.
Коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба рӯйкардҳои ахири Тошканд, албатта, эҳтимоли ба баҳси мусаллаҳона печидани баҳси обу энержиро дар минтақа низ наметавон комилан сарфи назар кард: “Вале фикр намекунам, ки дар сурати иттифоқ уфтодани чунин коре танҳо як кишвари хосе осебпазир шавад. Балки кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баҳси ҳифзи манофеъашон вориди марҳалаи хоҳанд шуд, ки он як марҳалаи бисёр асафбор ва зиёнбор барои ҳамаи ин кишварҳо хоҳад буд. Вале ҷойи таассуф инҷост, ки кишварҳои бонуфузе, назири Русия, бо якҷонибадароии худ дар баҳси оби Осиёи Марказӣ метавонад ин кишварҳоро ба тарафи муноқиша ҳидоят кунад.”
СММ БОЗ ЯК ДАРДИ САР НАМЕХОҲАД
Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар чунин як шароити буғранҷ вориди Осиёи Марказӣ шуд. Вале ба назари таҳлилгарон, гумон аст, ки СММ бо он дардисарҳое, ки ҳоло дар Афғонистону Ироқ, бо баҳси ҳастаии Эрону раванди тӯлкашидаи сулҳи Ховари Миёна ва бо тарҳи аз лиҳози домана ва вусъат барои ҷомиаи ҷаҳонӣ бесобиқаи эъмори муҷаддади Ҳаитӣ дорад, худро зиёд дахили дардисарҳои Осиёи Марказӣ кунад.
Охирин мавриди дахолати фаъоли ин созмон дар масоили Осиёи Марказӣ ҳамон раванди сулҳи Тоҷикистон дар солҳои 90 буд, ки ба 5 соли ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар ин кишвар поён дод. Вале ин бор, мегӯянд коршиносони умур, мавзӯъи оби минтақа ҳарчанд масъалае доғ ҳаст, вале на ба ҳадде, ки дахолати СММ ҳатмӣ шуда бошад.
Аз ин рӯ, шояд ин сафари Бан Кӣ Мун низ бо ибтикорҳои эъломиявӣ ва дараҷаи дуе, ба мисли он Маркази минтақавии дипломатияи пешгирона, ки СММ ҳанӯз чанд сол қабл дар Ишқобод таъсис дода буд, иктифо кунад. Албатта, то он замоне ки алангаи баҳси оби Осиёи Марказӣ аз чордевори ин қаламрав берун равад ва зарурати оҷилан фурӯ нишондани ин оташ пеш биояд. Оташе ки алорағми ҳама қонунҳои табиат, об алангааш медиҳад.