Ду вакили порлумони Узбакистон гуфтаанд, Тоҷикистон барои ҳимоя аз муҳити зист дар минтақа кори кофӣ намекунад. Ин эътирози вакилон тавассути телевизиони давлатии он кишвар садо додааст.
Олим Оқилов, узви порлумони Узбакистон, дар телевизиони давлатии кишвараш ҷониби Тоҷикистонро ба камфаъолӣ дар кори ҳимояи муҳити зист айбдор кардааст. Дар яке аз гузоришҳои барномаи хабарии «Ахборот», ки рӯзи якуми апрел пахш шудааст, ӯ бо хатарзо донистани корхонаи алюминийи тоҷик барои муҳити зист гуфтааст, «Тоҷикистон медонад, вале ҳеҷ иқдоми рӯидаст намегирад».
Вакили дигари порлумони Узбакистон Алишер Ҷумъаев, узви ҳизби демократии он кишвар, вазъи муҳитзистии вилояти Сурхондарё дар марзи Тоҷикистонро мушкил номидааст. Узви дигари ин ҳизб Улуғбек Ҷалменов Тоҷикистонро бо он гунаҳгор донистааст, ки созишномаи байниҳукуматиро дар ин бастагӣ иҷро намекунад. Ӯ гуфтааст, дар соли 1994 Узбакистон ва Тоҷикистон созишномае имзо кардаанд ва тибқи он бояд иқдомҳои вижае ҷиҳати «бартараф кардани таъсири манфии корхонаи алюминийи тоҷик ба саломатии шаҳрвандони Узбакистон» амалӣ мешуд. Вале, ба гуфтаи Ҷалменов, Тоҷикистон ин созишномаро риоя намекунад.
Аммо Зайнулобиддин Кобулиев, мудири Пажӯҳишгоҳи масоили обу гидроэнержӣ ва муҳити зисти Тоҷикистон, дар вокуниш ба чунин иддаъоҳо гуфтааст, корхонаи Талко ягона корхонаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дар Осиёи Марказӣ аст, ки беш аз меъёр олудагӣ хориҷ намекунад. Назира Рустамова, намояндаи Маркази пажӯҳишҳои стротежии тобеъи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, гуфтааст, вазъи муҳити зисти Ӯзбакистонро, на корхонаи Талко, балки корхонаҳои саноатии дохилӣ, бахусус корхонаҳои истихроҷи газу нафт олуда мекунанд.
Дар ин миён, давоми ин ҳафта шаҳрҳои гуногуни вилояти Сурхондарё шоҳиди роҳпаймоиҳои эътирозии зидди Талко шудаанд. Чунин эътирозҳо дар шаҳрҳои Шӯрча, Тирмиз, Деҳнав доир шуда, ва эътирозгарон даъво кардаанд, ки партобҳои саноатии Талко ба вазъи зистмуҳитӣ ва сиҳати сокинони минтақаҳои марзӣ дар Узбакистон таъсири манфӣ гузоштааст. Вакилони порлумон ва намояндагони Ҷунбиши экологии Узбакистон низ дар ин мавзӯъ бо сокинони Сурхондарё дидорҳо доштаанд.
Мирзошариф Исломиддинов, раиси Кумитаи саноати порлумони собиқи Тоҷикистон, ки дар таркиби комиссияҳои муштараки Ӯзбакистону Тоҷикистон борҳо дар ҳалли мубоҳисоти ҷонибҳо роҷеъ ба зарари корхонаи арзиз ба муҳити атроф ширкат кардааст, мегӯяд, дар Ӯзбакистон ягон иқдом бе розигии ҳукумат намегузарад. Ҷаноби Исломиддинов боварӣ дорад, ки баъд аз чанд муддат ин амалҳо ҳам хомӯш мешаванд.
Паём Фурӯғӣ, таҳлилгари умури минтақа низ, ки солҳо дар дафтари САҲА дар Душанбе кор кардааст, мегӯяд, мақомоти Ӯзбакистон дар рақобатҳои худ бо Тоҷикистон, ки акнун шадидтар шудааст, аз омили тазоҳуроти мардумӣ истифода мекунанд.
Ҷура Юсуфӣ, таҳлилгари умури минтақа дар шимоли Тоҷикистон, ки ҳамеша масъалаҳои марбут ба равобити ин ду кишваро пайгирӣ мекунад, мӯътақид аст, ки ҳукумати Ӯзбакистон бо эътои 15 мандати депутатӣ ба экологҳои худаш аз ҳамон вақт чунин нақшаҳо дошт. Оқои Юсуфӣ меафзояд, ҳоло дар шаҳри Бекободи Ӯзбакистон дар марз бо ноҳияҳои Спитамену Масчоҳ ва Зафарободи Тоҷикистон як корхонаи бузурги оҳангудозии Ӯзбакистон воқеъ аст, ки зарари он ба муҳити зисти Тоҷикистон камтар аз зарари корхонаи алюмини Тоҷикистон ба Ӯзбакистон нест.