Созмони олмонии мавсум ба "Форс" ба Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон як барномаи нави компютериро тӯҳфа кардааст, ки ба афроди нобино имкон медиҳад аз роёна ва интернет истифода кунанд.
Бо насби барномаи нав дар роёнаҳои худ ҷавонони маҳрум аз қувваи босира метавонанд аз 35 ҳарфи тоҷикӣ бо саҳфакалид ё клавиатураи овозӣ истифода кунанд.
Яъне, масалан, бо пахши ҳар ҳарф барои нобиноён, ки имкони диданро надорад, компютер онро талаффуз мекунад. Барномаи овозӣ, ба гуфтаи Оқилҷон, дар корбарӣ аз комютер барояшон бисёр муҳим аст.
Бо Оқилҷони Зиёдалиён, як ҷавони маҳрум аз қувваи босира, дар ҳоле сӯҳбат доштам, ки сари компютер нишаста ҳуруфчинӣ мекард ва хеле хушҳол менамуд. Вай мегӯяд, “пеш аз ин мо чунин барномаҳои садоӣ надоштем дар комютер ва ман баъзан бо кумаки дигарон назди компютер менишастам. Аммо ҳоло бо кӯмаки ин барнома, ки системаи брайлӣ ва ҳарфҳоро мехонад, мо метавонем корҳоямонро мустақилона дар компютер анҷом диҳем.”
Ҳамакнун Оқилҷон ва шояд даҳҳо ҳамтақтирони дигари ӯ ба орзӯи деринаи худ расиданд, чун онҳо ҳам мисли ҳамсолони бинояшон метавонанд бе мушкилӣ аз компютер истифода ва тариқи таҷҳизоти вижае барои нашри ҳуруфоти брайлӣ навиштаҳояшонро рӯи қоғаз оваранд.
Ба гуфтаи масъулини Ҷамъияти нобиноён, муҳимтар аз ҳама, ин барномаи ҷадид метавонад ба як мушкили умдаи наврасону ҷавонони сустбину нобино, яъне набуди китобҳои фанниву адабӣ нуқта гузорад.
То имрӯз адабиёт барои ин гурӯҳи одамон, бо таҷҳизоти қадимӣ ва бо сифати пасту теъдоди хеле кам нашр мешуд. Ва ҳоло имкон доранд, ҳар китоби маъмулии тоҷикиро ба компютер ворид ва ба ҳуруфи брайлӣ баргардонида, бо таҷҳизоти махсуси усули брайлӣ онро нашр кунанд.
Таҷҳизот барои нашри китобҳои брайлиро ҳам созмони олмонии Форс, ки фаъолияташ ба дастгирӣ ва боло бурдани сатҳи дониши афроди маҳрум аз қувваи босира равона шудааст, ба ҷамъияти нобиноён овардааст.
Хорхе Фернандес Гарза, раҳбари ин ташкилот, гуфт, “кӯдакон новобаста аз маҳрумият аз қувваи биниш бояд дониш гиранд, омӯзанд. Барнома ва таҷҳизоти навин назар ба усули қаблии нашри китоб осонтар аст, вақту заҳмати зиёдро ҳам талаб намекунад. Бо кумаки он метавон дар як сол то 20-30 ҳазор нусха китоб рӯи чоп овард.”
Холмаҳмад Тенгниев, як масъули Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, мегӯяд, набуди китобҳои махсус барои нобиноён ва ҳам ба барномаи таълимӣ мувофиқат накардани китобҳои брайлӣ дар мактабинтернатҳо то имрӯз яке аз мушкилоти аслӣ будааст, ки барои кӯдакону наврасони маҳрум аз қувваи босира имкони омӯзиши илмҳои замонавиро намедод.
Дар мактабинтернатҳои вижаи нобиноён баъд аз ба ҳам рехтани Иттиҳоди Шӯравӣ хонандаҳо қариб шифоҳӣ таълим мегирифтаанд, афзуд Холмаҳмад Тенгниев. Ва ин мушкили худро афроди маҳрум аз қувваи босира, соле пеш бо таъсиси китобхонаи гӯё дар назди ҷамъияти нобиноён кӯшиш намуданд то ҳадде рафъ намоянд.
Дар ин китобхона ё студио китобҳои бадеиву дарсӣ дар шакли фиттаву дискҳо сабт ва пешниҳоди онҳо мешавад. Вале ин ҳам натавонист ҳама нобиноёнро фаро бигирад.
Иброҳим, яке аз дигар ҷавонони сустбин, ки имрӯз дар консерваторияи миллӣ таҳсили илм дорад, мегӯяд, “масалан ман ба китобҳои фанни “Гармония”, “Назарияи мусиқӣ” ва “Салфеҷӣ” бисёр ниёз дорам, ки то ҳол ба ҳуруфи брайлӣ нашр нашудаанд. Ман дар дарсҳо аз диктафон истифода ва лексияҳои муаллимро сабт мекунам.”
Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳама мушкилот таҳияи барномаи вижаи компютерӣ ва ворид сохтани ҳуруфоти брайлӣ ба компютер ашхоси сустбину нобинои тоҷикро хушбин месозад, вале феълан ягона мушкил дар гарон будани арзиши дискҳои аслии ин барнома будааст, ки шояд на ба ҳама нобиноёни хоҳишмани истифода аз компютер дастрас мешавад.