Дар шаҳри Душанбе конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Робиаи Балхӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар шеъру адаби порсӣ» бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо созмони байналмилалии «Истиқбол» баргузор шуд.
Ин нахустин маҳфили фарҳангие роҷеъ ба ҳаёту осори Робиаи Балхӣ буд, ки дар Тоҷикистон шоирону нависандагон ва олимону коршиносон ва алоқамандони ӯро аз Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон гирди ҳам овард.
Ҳамнавои Рӯдакӣ
Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Робиаи Балхӣ, нахустин бонуи порсигӯй, бо ин суханони пурҷаззоби Гулрухсор, шоираи маъруфи тоҷик оғоз гардид.
Гулрухсор шеъри Робиаро болотар аз ҳунар ва болотар аз ишқ номид ва гуфт, «чанд шеъре, ки аз Робиаи Балхӣ мондааст, дар пояи баландтарини шеъри форсӣ эҷод шудааст. Ҳатто рубоие, ки Робиа навиштааст, ба сатҳи рубоии Рӯдакӣ баробар аст. Ман фикр мекунам, ҳамоиши Душанбе ба ифтихору муносибати чанд Робиа, Робиаи мазлум, Робиаи бегуноҳ кушташуда, Робиаи шаҳид, Робиае, ки суханашро ба мо гуфтааст, аммо то ҳол барнагардондаем ва Робиае, ки бояд кашф карда шавад, сурат мегирад».
Муҳаммадбоқири Иштиҳодӣ, намояндаи сафорати Эрон, бар ин назар аст, ки бо вуҷуди он, ки аз Робиаи Балхӣ мероси хеле каме боқӣ мондааст, аммо ҳамнавоӣ бо Абуабдуллои Рӯдакӣ, падари шеъри порсӣ, ба ашъори ӯ ширинӣ ва шур офаридааст.
Ҷаноби Иштиҳодӣ афзуд, «Робиаи Балхӣ дар замони Рӯдакӣ зиста ва ҳамнаво бо ӯ шеър сурудааст ва бо ишқу зебогии худ ширинӣ ва шӯр офаридааст. Ҳамон ки шайх Аттор дар бораи шеъраш мегӯяд:
Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд,
Ки гӯи аз лабаш тамъе (шаҳде) дар он буд».
Шеъри ҷоннавозу пурсӯз
Робиаи Балхӣ дар аҳди Сомониён, аниқтараш дар асрҳои 9 ва 10 зистааст ва талош кардааст, то дар пайравӣ бо Рӯдакӣ ва дигар ҳамасронаш шеър, рӯбоӣ ва ғазал бигӯяд, шеъри фасеҳ, содда ва гуворо.
Ин аст, ки Алиакбар Қосимии Гулафшонӣ, муҳаққиқи эронӣ, бар ин назар аст, ки шеъри Робиа, латиф ва ҷоннавозу зебо ва пурсузу гудоз аст. Ва ба андешаи Гулафшонӣ, ғазали «Ишқ дарёи каронанопадид»-и Робиа метавонад дар радифи ғазалҳои латифи забони форсӣ қарор бигирад.
Аммо бо ин ҳама ба бовари Шамсулҳақи Ориёфар, намояндаи Афғонистон, Робиа як зани мудаббир ва соҳиб иддаост. Вай мегӯяд, «Робиа як зани мудаббир ва муддаост. Ҳарфе, тақозое дорад аз замона, аз асраш. Мехоҳад шоҳ бошад, фармонраво бошад».
Гулрухсор, ба ин иддао розӣ нест, вале мегӯяд, «на Робиа подшоҳӣ намехост, аммо воқеан дар муқобили суннати замона истодагарӣ кард ва тақозоеро матраҳ кард. Ва қатли Робиа қатли сиёсӣ буд. Ва қатли аввалин зани сухангуе, буд, ки мегуфт, ман ҳам ҳастам».
Қиссаи ишқи нокоми Робиа
Робиа духтари Каъб - яке аз умарои араби минтақаи Балх буда, ба ҳангоми салтанати Оли Сомон дар канори он, ки ҷузъи аввалин шоираҳои порсигӯ будан, сарнавишти фоҷеаборро дар таҷрибаи адабиёти он аср рақам задаст.
Зеро ривоятҳо ҳокист, ки дар баробари Робиаи бисёр зебо ва хушкалом, Каъб писаре дошт бо номи Ҳорис, ки шахсе ҷоҳталаб ва хушгузарон буд. Робиа ба Бактош ном ғуломе ошиқ мешавад ва аз ин сир бародараш Ҳорис огаҳ шуда ва ӯро ба қатл мерасонад. Бактош аз марги Робиа бохабар шуда, Ҳорисро шикаст медиҳад, баъд худро дар наздикии қабри маҳбубаш бо корд мезанад ва паҳлӯи қабр ҷон медиҳад.
Ҳамакнун тибқи пажуҳиши Ғуломҳабиби Наввобӣ, донишманди афғон, ки нахустин рисолаи муфассалро дар бораи Робиаи Балхӣ навиштааст, қабри вай дар Балх, дар он ҷо ба қатл расида буд, аст. Ба бовари бештари муҳаққиқон, Робиаи Балхӣ дар тамоми умраш ишқ варзидааст.
Маҷмӯаи «Рӯзгор ва осори Робиа»
Дар поёни ҳамоиши Душанбе филми «Робиаи Балхӣ», ки тавассути «Назирфилм» ва муассисаи давлатии филмсозии «Афғонфилм» дар соли 1973 милодӣ тавлид шуда буд, ба маърази тамошои ширкаткунандагон гузошта шуд.
Аммо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба муносибати бузургдошти ин бонуи сухан, маҷмӯаи «Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ»-ро мунташир кард, ки ҳовии мақолоти муҳаққиқон ва донишмандони тоҷику афғон ва эронӣ дар бораи рӯзгору осори Робиаи Балхӣ аст.
Ҳамчунин дар ҳамоиши Душанбе пешниҳод шуд, ки ба хотири гиромидошт ва зинда кардани номи ҷовидонаи Робиаи Балхӣ, беҳтар аст, то хиёбоне, боғе, кӯчае ё муассисаи таълимиеро дар Душанбе бо номи вай гузошта шавад.