Иштирокчиён: Одам, Хар (аввал Курра), Халачўб (баъдтар Ар-ар), Зоғ, Каду.
Боре, аввали баҳор, Одам аз бозор Харе харид. Аниқтараш, онро ҳоло Хар ҳам номидан мумкин набуд, зеро тамоми боигарии кисаи ҳамешашикофи Одам танҳо ба як куррача, ба як хутук, умуман ба як чўҷаи хар расиду бас.
Куррача ҳанўз дар бозор исбот кард, ки дар оянда Хар мешавад. Яъне вай бо якраҳагии харона аз бозор баромадан намехост ва Одам маҷбур шуд, ки аз тираки ҳавлии назди харбозор як шохча бурида, аз он Халачўбе тарошад...
- Меҳмонро пешвоз гир, занак - баробари аз дарвоза даромадан овоз баланд кард Одам ва баробари ў курра ҳам бо ҳангосе мардуми хонаро огоҳ кард, ки меҳмон Хар аст.
- Аҷоиб, ки дар молбозор говро бо асъори миллии худамон мефурўшанду, Харро чун мошини хориҷӣ бо доллар, - Халачўбро ба лаби ҷўйбори байни ҳавлӣ халонда ва дар оби он даст шуста ғур-ғур кард Одам,-хайр, чизе ки набошад, мо акнун дар хона нақлиёти шахсии худро дорем ва чун ин нақлиёт бо валюта харида шудааст ба он «Иномарка» ном мегузорем. Акнун барои ин Иномарка як камераи хуби КАМАЗ ёфта байнашро шикоф кардан лозим. Насиб бошад баъди як-ду сол духтаронро аз сатилкашаки оби тоза ва бачаҳоро аз пуштораи ҳезуму алаф халос мекунем.
Аз байн як-ду бор «як-дусола» гузашт. Курра ба Тойхари калон ва чун аксари дупоёну чорпоёни мо лаванду нокорӣ табдил ёфт ва бо ҳамин амалаш собит намуд , ки вай ҳеҷ хел иномарка - пиномарка нест. Вай бо тамоми ҳастиаш Хар аст.
Дар баробари Хар... Халачўби аз Тирак тарошида, ки Одам дар лаби ҷўйбор халонда фаромўш карда буд, низ нашъунамо кард, қад кашид ва дере нагузашта ба Ар-ари баландпояву зебое мубаддал гашт, ки ҳам Хару ҳам Одам аз он умедҳо доштанд. Одам орзў дошт, ки бо гузаштани якчанд «як-дусола» аз ин Ар-ар болори нағзи хона мебарояд, Хар, ҳар бор баробари дидани Ар-ар, шаттаҳои аз ин Халачўб дар роҳи бозор хўрдаашро ба ёд оварда, дандон тез мекард, ки пайти мувофиқ ёфта, як боракак ба Тирак наздик шавад ва то гарданаш расидан пўсти онро хоида хӯрад.
Боре, баҳорон дар пояи ар-ар як дубаргаяке пайдо шуд. Ҳеҷ кас ба он аҳамият надод. Шояд ҳамин беаҳамиятии аҳли хонадон ба он дубарга сахт расида бошад, ки вай ноаён ба Ар-ар часпида бо суръат боло баромадан гирифт ва дере нагузашта ба ниҳоли Кадуе табдил ёфт, ки то худи нуги Тирак дав давонда буд.
Пас аз чанде дар баландии Ар-ар кадучае пайдо шуд. Одам хамёзакашон хост, ки аз ин кадучаи нав аз гул баромада як носкадуе бисозад, вале дар иҷрои хоҳишаш он қадар лавандӣ зоҳир кард, ки Кадуча ин фикри дар Кадуи... яъне каллаи Одам сабзидаро дарк кард ва боз амал карда, болотар баромад. Хуллас Одаму Хар лавандӣ мекарданд, Тираку Каду месабзиданд.
Одам ҳар бор аз зери Тирак гузашта ба Каду норозигӣ баён мекард:
- Ҳой Каду, бисёр аз худ нарав! Ба Каду болоравиро кӣ мондааст? Кадуи - Кадуиятро кун. Чӣ аз худат меваи боғи баланд сохтаӣ?.. Дар поён аз ту носкаду сохтанӣ будам, лекин ту ба боло гурехта аз худат обкаду сохтӣ. Акнун он қадар сабзидаю калон шудӣ, ки ба як хара бор табдил ёфтӣ. Лекин Хар дарахтбароиро ёд нагирифтааст. Фаромўш накун, ки «Зоғон хӯранд меваи шохи баландро»
Дар ҳақиқат Зоғе ҳар рўз омада, ба болои Каду менишасту, ба қавли худаш «бо бехи Каду минқор тез мекард». Дар асл вай бехи хордорро чун лиф истифода карда, минқорашро аз... ҳар гуна лашу луш тоза кардани мешуд. Умуман, ҳар коре ки накунад вай бо ин рафтораш бехи Кадуро судаву суст мегардонд.
Рўзе, вақте, ки Одам дар кунҷи дигари ҳавлӣ барои бел даста метарошид, Хар дари оғилро кушода ва оламро бедушман дида ба Тирак ҳуҷум кард ва бо ғазаб пўсти онро лафка - лафка канда, хўрдан гирифт. Одам ин ҳолро дида ба сўи Хар давид ва бо ғазаби на аз ғазаби Хар камтар, бо ҳамон дастаи бели дар дасташ буда ба сари он фароварданӣ шуд. Хар сояи калтаки ба сараш омадаро дида, оромона гарданашро ба тарафи дигари Тирак гузаронд. Дастаи бел ба Тирак бархўрд. Тирак аз зарба ларзид ва Кадуи «якхарабор»-и аз минқори Зоғ зарардида аз баланди канда шуда, ба сари одам фаромад... Шарақ! Гўрс! Тап!.. Хомўшӣ...
Хар як ба Халачўби ба Ар-ар табдилёфта ва як ба Одами дар зери он бо китфи шикастаю сари кафида беҳуш хобида, нигоҳ карду, баъд оромона ба назди Кадуи порагашта омад.
Чаро фақат «Зоғон хуранд меваи шохи баландро»? Баъзан Харон ҳам мехӯранд... Агар ҳолат мусоид ояд...