Таронаи «Сурхии рӯятро бидеҳ», шеъри Бозори Собир бо оҳанги Саидқули Билол дар ин шабу ба "гимн" и Наврӯз табдил ёфтааст.
Бозори Собир солҳост дар Амрико дар ғурбат ба сар мебарад ва кам касе дар долонҳои ҳукумат аз ӯ ёдовар мешавад. Вале, шеъри ӯ ҳамчунон аз ҳама марзҳову деворҳо гузашта, дар дили мардум ҷой шудааст. Махсусан он шеърҳое, ки Саидқули Билол барои онҳо оҳанг эъҷод кардааст.
Бо ин вуҷуд, ки худи устод Бозори Собир дур аз ватан дар ғурбат ба сар мебарад, ҳеҷ як шоире ба андозаи ӯ аз дарди миллат, ҳуввияту ормонҳои миллӣ, шинохти таъриху фарҳанг ва ҷавҳари истиқлолият шеър насурудааст, ки Бозор сурудааст. Оҳангҳои Саидқули Билол сурудаҳои Бозорро бо шевотарин ва ширинтарин оҳангҳо ба гуши мардум расонидааст.
Дар сӯҳбате, ки бо ин устоди ҳунар доштем, нахуст аз ҳама аз сирри маъруфияти таронаи Аловпарак ё «Сурхии рӯятро бидеҳ» пурсидам, ки далели рӯсурхии ин тарона шеър буд ё оҳанг?
Саидқул Билолов: -Албатта матн, вақте ман шеъри «Аловпарак»-и Устодро хондам, дар хотираи ман ҳамон аловпараки қадима, гирди оташ давр задани мардум, хосияти ин гирдгардии атрофи оташ, пеши рӯ омад. Ва ман инро бо ҳамроҳии оркестри симфонӣ, ҳофизони касбии Театри опера ва балет ва ансамби «Дарё» ба оҳанг даровардем. Ана ҳамин матну оҳанг, ки аз умқи таърихиу фарҳанги қадимаи миллат сарчашма мегирад ва ба зиндагии ҳаррӯзаи мо наздик аст, ба осонӣ дар дили мардум нишаст. Тасвире, ки оташ аз обу ҳаво офарида шудааст. Ин ҳамон оташест, ки ба мо равшани медиҳад, нонро мепазонад, сӯзонандаи ҷурму гуноҳҳо мебошад, шиканандаи сеҳру ҷодуҳо, занҳои безуриёт гирди ҳамин алов рӯзи чаҳоршоанбе се маротиба мепаранд ва ба пасашон нигоҳ намекунанд, то фарзандор шаванд. Ва инро клип омода карданд, бо ҳамон тасвирҳои оташ, аловпарак, рақси мардум дар гирди оташ, садои зарбаи оҳангар ва дигар тасвирҳо дар телевизион намоиш доданд ва вирди забонҳои мардум гардид. Ва бубинед, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ Наврӯз ҷойи худашро гирифт. Манзалати худро баъди ин қадар асрҳо муассиртар кард.
Суол: -Асрори бар дили мардум нишастани матну охангҳо дар чист? Шояд дар шеъри устод, ё оҳангҳои шумо?
Саидқул Билол: - Ба фикри ман, асосаш шеъри Бозор Собир аст, ки бисёр содда навишта шудааст. Бубинед:
Савғоти оташ бурдаанд,
Оташапарастон ҳар куҷо.
Эй аз ту ҳам сад илтимос ,
Эй аз ту ҳам сад илтиҷо.
Сурхии рӯятро бидеҳ,
Зардии рӯямро бигир..
Ҳамин нақарот такрор шудан мегирад:
Рӯи замин сӯзад, агар
Фардош мепӯшад гиёҳ
Як умр мемонад, вале
Вале руи заминсӯзон сиёҳ
Ин ҳам тарбиявӣ аст, дар рӯҳияи шинохти фарҳангу таърихи миллат ва ҳам давлатдорӣ. Ва ҳам даъвати аст, ки оташро чизи муқаддас медонад. Мегӯяд:
Бо поят оташро макуш,
Аз доди оташкеши мо.
Дар назди мардум лоҷарам
Сахт аст гуноҳ аст, ин айбу гуноҳ...
Мо аз кӯдакӣ медонем, ки падару модаронамон мегуфтанд, ки аз болои хокистар нагузаред, ки подард мешавед. Ин таъкидҳои аҷдодони моро Бозор Собир дар як шеър ғунҷонид. Наврӯз бе чаҳоршанбесур маъние надорад. Мегӯянд, ки Наврӯз умуман то Зардушт вуҷуд дошт. Зардуштҳо ки оташпарастанд ва мо аз ҳамин қабила ҳастем. Барои ҳамин Аловпарак ва оташапарастӣ то замони мо омадааст. Шояд бисёр чизҳое дигаре аз Наврӯз аз қадим ҳастанд, ки то ҳанӯз кушода нашудаанд ва мо намедонем. Дар оянда муаррихон, онҳоро бозгӯ кунанд, мумкин кӯшоянд, ки то ҳол мо намедонем. Масалан дар асрҳои қадим мардуми Ҳисор, Қаротегин, Истравшан ва Самарқанду Бухоро дар маросими чаҳоршанбесур зарфҳои шикастаро нест мекарданд. Ингуна зарфҳоеро, ки дар хонаҳояшон буд дар Наврӯз аз хона мебароварданд. Яъне ба хосияташ ин будааст, ки дар соли нав ба хонаводаҳо хосияти нек биояд.
Суол: - Бозор дар Амрико ва шумо дар Тоҷикистон, яъне роҳ тӯлонист. Вале суруду оҳангҳои Бозор ва шумо марзҳоро убур кард ва ба дили мардум нишаст. Ана ҳамин бо ҳам овардани матн ва оҳанг чӣ гуна сурат мегирад?
Саидқул Билол: -Шеърҳое, ки устод навиштааст, дар ҳамон маҷмуаи ашъораш аст. Ягон чизи махфӣ барои ман махсус нанавиштааст. Ин маҷмуаи ашъораш барои ҳама дастрас аст. Дар ҳамин маҷмуа ҳамаи рубоиҳои устод ҳастанд. Танҳо барои ман нафиристодааст. Бар матни чанд рубоиаш оҳанг бастам. Ин аз он вобаста аст, ки мехонад ва чӣ хел бардошт мекунад. Мисол як рубоӣ, ки бо «Олӯчаи латтадор» модарро васф кардааст, ман оҳанг бастам. Ва ё рӯбоие дорад, ки «Дар ғурбат пир шудам». Ҳамин рубоиҳоро ба як мавзӯъ ба оҳанг мекашам. Мавзӯи «Аловпарак» ҳам дар ҳамин китоб аст. Инро онҳое ки китоби маҷмуаи Бозорро дастрас кардаанд, хуб медонанд. Матнҳое ҳастанд, ки дар давоми як сол ба онҳо оҳанг бастам. Масалан «Аз хуни Сиёвушем» давоми як сол оҳангашро бастам. Ман ба умқи шеъри Бозор меравам.
Суол: -Соле пеш суруди Бозор бо оҳанги шумо «Аз хуни Сиёвушем» барои гимни миллӣ пешниҳод шуда буд, ба чӣ анҷом ёфт?
Саидқул Билол: -Ҷомеа назари худро дорад ва барои ин ҳақ дорад. Аммо ман даъвои муаллифии оҳанг, умуман гимни миллиро надорам. Муҳим дар дили мардум ҷой гирифтани матну оҳанг аст. Ва мардум баҳои сазовор диҳад. «Аз хуни Сиёвушем» ба дилу дидаи мардум нишаст. Дар ин суруд таъриху фарҳанги миллат инъикос ёфтааст. Агар ҳар як омӯзгори мактаби миёна ва олӣ умқи ин сурудро ба насли наврас фаҳмонанд, ин маънои онро дорад насли нави тоҷик 50 дарсади гузаштаи пурғановати таърихӣ ва фарҳангии миллати худро, шинохтааст.
Суол: -Дар умум чанд оҳанги шумо ба матни Бозор офарида шудаанд ва дар хазинаи тилоии Радиои Тоҷикистон ҳифз шудаанд?
Саидқул Билол: - Дар умум ба 35 матни ашъори Бозор Собир оҳанг бастам. Дар фонди тилоии радиои Тоҷикистон 30 оҳанг бар матни Бозор маҳфуз аст. Имсол барои ансамбли «Дарё» барномаи нави Баҳория таҳия кардам, ки дар он низ матнҳои Бозор оҳанг баста шудаанд. Аксарияти матни Баҳория ба устод Лоиқ ва Бозор тааллуқ дорад.
Суол: -Чизи дигаре, ки аз вижагии шеъри Бозор Собир мебинам, ин аст ки бо назм, шеър ва бо тасвир таърихи миллатро инъикос мекунад. Шояд қобилияти фавқулоддаи муаррихииу ҳам сирест?
Саидқул Билол: -Бале, устод ҳаминро мегӯянд, ки асосгузори Ҷамшед Наврӯз аст. Бозор дар шеъраш ҳамаи ин асрорҳои таърихиро гуфтааст. Муаррихон ҳаминро мегӯянд, ки асосгузори Наврӯз Ҷамшед аст. Бозор мегӯяд ки:
Ҳаворо нам- нами борон гирифта,
Камони Рустаму Ораш гирифта.
Ба саҳро меравӣ аз оташи гул,
Замину осмон оташ гирифта.
Суол: - Бозор Собир ҳарчанд, ки шоир аст, шоири инқилобгар, чеҳраи сиёсӣ унвон мешавад ва дар ғурбат ба сар мебарад. Оё ҳукумат медонад ҳамин сурудҳое, ки шабу рӯз тариқи телевизиони давлатӣ садо медиҳад ва мардумро ба ватандӯстию миллатдӯстӣ даъват мекунад, моли Бозор аст?
Саидқул Билол: -Медонад, чаро намедонад. Барои касе, ки лозим аст, ӯ ҷустуҷӯ мекунад. Ҳамин Аловпарак, ки машҳур шудааст, тариқи телевизион садо медиҳад. «Аз хуни Сиёвуш» ҳам. Дар зери ин клипҳо навишта мешавад, ки шеър аз Бозор Собир, оҳанг аз Саидқул Билол. Албатта ҳама мехонанд, мебинанд ва медонанд, ки шеър аз Бозор аст. Чаро намедонанд? Дар Наврӯзи Данғара президент номи Бозор Собир, Гулрухсорро дар қатори зиёиён гирифт ва гуфт, ҳарҷо, ки ҳастем, бо инҳо мо фахр мекунем.
Суол: -Таъсири шеъри Бозор ба шумо ва ё баръакс. Ва чаро адабиёти имрӯзи мо холигии маънавӣ ва ғурбати Бозорро ҷуброн намекунад, яъне аз фурсатҳои тиллоӣ истифода намекунад?
Саидқул Билол: - Ба ман устод бевосита таъсир мегузорад. Адабиёти мо бе Бозор камбағал аст. Баъди Нодирпур ва ё ҳатто баробар ба Нодирпур аст. Имрӯз ҳамин қадар шоири бузург дорем. Шеърҳои ӯ тасвиргар баъди шеъри Нодирпур аст ё дар қатори ӯ, ҳарчанд ки ман шеършинос нестам. Ман ҳаминро дар эҷодиёти дигарон намебинам. Дар як шеъри «Сиёвуш» танҳо таърихи тоҷикон не, балки таърихи Хуросон таҷассум ёфтааст. Ин гимни тоҷикон, не балки бояд гимни форсизабонони дунё бошад. Дар ин шеър Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Иқбол, Борбад, ҳама аст.
Суол: -Оё устод сурудҳоеро, ки матн аз ӯ ва оҳанг аз шумо ҳасту имрӯз тараннумгари ҳуввияти миллӣ ва таърихии давлатдории тоҷикон дар телевизион ва радиоҳост, шунидааст? Ва ё медонад ,ки дар дили мардум «Аз хуни Сиёвушем» ва «Зардии рангамро бигир...» инқилоби худшиносиро ба ҷӯш овардааст?
Саидқул Билол: -Охирин дидор бо Бозорро дар хотир надорам. Ҳозир иттилоот бо ҳар тариқе набошад, мерасад. Замон замони моҳвора, интернет ва таҷҳизоти рақамӣ шудааст. Ба фикрам, аксарияташро шунидааст.
Суол: - Оҳанги наве доред, ки матнаш аз Бозор Собир бошад, то ҷойе ман иттилоъ дорам, устод шеъре хубе ҳам дорад, бо номи Аҷам бо хуни Сиёвуш?
Саидқул Билол: - Бале, дуруст чунин шеър дорад ва ман ҳаминро ба оҳанг даровардам:
Аҷам ҷамъ аст бо хуни Сиёвуш,
Ба хуни ориёии Сиёвуш
Ки аз хоки Аҷам як лола рӯяд,
Сиёвушаш намегардад фаромӯш.
Аҷам ҷамъ аст бо Наврӯзи Ҷамшед,
Ба Наврӯзи ҷаҳонафрӯзи Ҷамшед.
Ки мардум хонаи дил метаконад
Ба Наврӯзи бузург аз рӯзи Ҷамшед.
Аҷам ҷамъ аст бо мусиқиву шеър,
Дигар пайванд бо ин ҳарду кафшер.
Ба шеъри Рӯдакӣ гуши Аҷам банд,
Ба лаҳни Борбад гуши Аҷам банд...