Равобити тираи Ӯзбакистон ва Тоҷикистон шурӯъ аз авоили соли ҷорӣ ба марҳалаи душвортар ворид шуда, боиси сару садоҳои зиёде ҳам дар дохил ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ шудааст.
Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти ҳарду кишвар омода нестанд дар роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда иқдом кунанд. Масъулин ва доираҳои коршиносии ин ду кишвар бо таъйиди дурустии мавқеи худ мехоҳанд ҷониби дигарро мутақоид созанд.
Аммо оё мояи ихтилоф ва танишҳои байни ду кишвар чист? Ва оё роҳи ҳалли мушкилот вуҷуд дорад?
Аз шарикӣ то ҷудоӣ
Тоҷикистон тайи наздик ба 20 соли истиқлоли худ даст ба амал ва иқдоме назадааст, ки боиси сардии муносибати ин кишвар бо Ӯзбакистон шуда бошад. Афзун бар ин Тоҷикистон ҳам аз лиҳози ҷуғрофӣ ва ҳам аз лиҳози иқтисодӣ бештар моили устувории равобит ва алоқаҳои беҳтар бо ин ҳамсояи худ аст.
Абдунабӣ Сатторзода, сардори раёсати сиёсати хориҷии Маркази мутолеъоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, мақомоти Ӯзбакистон дар сардии равобити ду кишвар замина ва асос гузошта ва дар бештари маворид аз иқдомоте кор гирифтааст, ки бар зарари равобити ҳамкорӣ муҷиб шавад.
Як нуктае, ки бештари коршиносон ва таҳлилгарон дар равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ишора мекунанд, ин аст, ки давлати Тоҷикистон баъди интихоботи аввали раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар соли 1994 талош кард, то сиёсати худро бидуни мувофиқа бо Тошканд пеш барад.
Дар ҳоле, ки Ӯзбакистон барои рӯи короии ҳукумати феълӣ ва раиси он саҳми мустақим дошт ва умедвор набуд, ки ин ҳукумат дигар дунболи аҳдофи худ аст ва ниёзе ба пуштибонии Ӯзбакистон надорад.
Ин дар ҳолест, ки тӯли даврони шӯравӣ низ Маскав дар бештарин ҳолатҳо масоили Тоҷикистонро бо роҳбарони Ӯзбакистон ҳал мекард.
Муносиботи Раҳмон бо Каримов
Саймиддин Дӯстов, таҳлилгари созмони иҷтимоии «Индем», мегӯяд, дар тирагии ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя ду омил яке радди бузургманшии Ӯзбакистон, ки аз даврони Шӯравӣ маншаъ мегирад ва дигар муносиботи шахсии ҳарду роҳбар боис шудааст.
Ӯ мегӯяд: "Аввалан, омили бузургманишии роҳбарони узак, ки дар ҳама роҳбарони Узбакистон тақрибан вуҷуд дошт. Ва қариб ҳамаи роҳбарони Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ дар зери нуфузи роҳбарони Узбакистон қарор доштанд.Омили дигар ба назари ман қабул надоштани Ислом Каримов аз Эмомалӣ Раҳмон ва қабул надоштани усули роҳбарии Ислом Каримов аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон мебошад".
Ба ин тартиб шурӯъ аз соли 1995 давлати Ӯзбакистон бо истифода аз зарфият ва имконоти худ фишор болои ҳукумати Тоҷикистонро оғоз кард.
Аз ҷумла роҳбарони нерӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистон бо хоҳиши Ислом Каримов ба Тошканд даъват шуданд, соли 1998 аз қаламрави ин кишвар сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ба шимоли Тоҷикистон ҳамла овард, сипас марзҳои ҳарду кишвар бидуни кадом огаҳӣ аз сӯи Узбакистон минакорӣ шуд ва ниҳоят дар соли 2000 Ӯзбакистон низоми раводид миёни ду кишварро ҷорӣ намуд.
Ҳарчанд Тоҷикистон бо хоҳиши Ӯзбакистон Ҷумъабойи Намангонӣ, аз роҳбарони пешини Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро дар соли 2000 аз қаламрави ин кишвар ихроҷ кард, аммо то кунун Ӯзбакистон тақозои ҳамсояи худ барои дастгир ва бозпас фиристодани Маҳмуд Худойбердиевро, ки давлати Тоҷикистон хоин ва ҷинояткори ҷангӣ меҳисобад, сарфи назар кардааст.
Баъдан Ӯзбакистон барои интиқоли гази табиӣ ва истифодаи роҳҳои оҳанаш мушкилиҳои дигар пеш овард. Бар изофа ин кишвар имкон надод, ки нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон ворид шавад.
Роҳи ҳал кадом аст?
Аммо коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди ин ҳама мушкилиҳо роҳи ҳал вуҷуд дорад. Ва ин ду кишвар муваззафанд, ки ин роҳро пайдо кунанд.
Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули маркази таҳлилии «Диалог», бар ин назар аст, ки дар шароити ба вуҷудомада роҳи ҳал ин нишасти рӯбарӯи мақомоти ҳарду кишвар бо миёнравии созмонҳо ва ё кишварҳо бонуфуз ва баъзе гузаштҳои дуҷониба аст.
Коршиносон мегӯянд, интиқоду таъна, истифода аз фишанги муваққативу маснӯии фишорҳо ба ҳамдигар ва ба сафаҳоти расонаҳову баҳсҳои минтақаиву байналмилалӣ кашонидани онҳо мушкилиро печидатар мекунад.
Аз ин рӯ, мегӯянд ин коршиносон, музокироти рӯбарӯи мақомоти ҳарду кишвар ва сӯҳбати ошкоро дар мавриди масоили баҳсомез танҳо роҳи муносиб ва ҳаллия қазияи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон хоҳад буд.