Масъулони фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе мегӯянд, ду рӯз боз фурӯдгоҳҳои шаҳри Маскав ба ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» иҷозаи вуруд намедиҳанд.
Як масъули фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзи шанбе инҷониб парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе-Маскав комилан қатъ шудааст ва мусофирони зиёде, ки аксаран муҳоҷирони кориянд, дар фурӯдгоҳи пойтахт интизорӣ мекашанд.
Ду рӯзи интизориҳо
Абдуҷалил, сокини шаҳри Панҷакент, ки барои мардикорӣ озими Русия аст ва чиптаи ҳавопаймо ҳам дар даст дорад, ноилоҷ мунтазир аст ва намедонад, кай ҳавопаймояш парвоз мекунад.
Давлат, сокини Душанбе, ки низ озими Маскав аст, дар тамос бо радиои Озодӣ гуфт, ӯ чиптаашро бозпас гирифтааст: «Аз Русия ба тарафи мо ва аз Душанбе ҳам ба он тараф парвоз намекунанд. Иҷоза нест. Аз соати 11 рӯзи шанбе ҳамин ҳол аст. Ҳамаи ширкатҳо парвоз намекунанд».
Бино ба иттилои расида аз Суғд, ки тайи ду рӯзи ахир дар фурӯдгоҳи Хуҷанд низ парвози ҳавопаймоҳо ба Русия қатъ шудааст ва садҳо мусофир дар ин фурӯдгоҳ ҷамъ омадаанд. Фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд тайи ин рӯзҳо ҳавопаймоҳои Русияро низ қабул накардааст.
Масъулини ширкатҳои "Тоҷик эйр" ва "Сомон эйр" дар Хуҷанд аз мусофирон даъват кардаанд, ки чиптаҳоро баргардонда, маблағҳои худро бозпас бигиранд.
Дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе низ бисёре аз мусофирон маҷбур шудаанд чиптаҳои худро супорида, мунтазири парвози ҳавопаймоҳо ба Русия шаванд.
Шарҳи Вазорати нақлиёт
Фирӯз Ҳамроев, муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ сабаби таваққуфи парвози ҳавопаймоҳо ба Русияро ба тағйири вақт дар Русия ва зарурати имзои шартномаи нави хатсайрҳо миёни ду кишвар рабт дод. Вай гуфт, феълан шартномаи нав барои парвоз дар хатсайрҳои байни Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор дорад ва то ҳол имзо нашудааст.
Вале ҷаноби Ҳамроев саривақт ба имзо нарасидани шартнома миёни ширкатҳои ҳавопаймоиро шарҳ надод. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ин масъала тайи рӯзҳои наздик ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон гуфт, ин вазъ дар фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон ба коҳиши воридоти сӯзишворӣ тариқи Ӯзбакистон рабт надорад.