Рӯзҳои наздик нахустин нишасти Маҷлиси Миллии нав баргузор мешавад ва яке аз мавзӯъҳои ҷаласа интихоби раиси нави Маҷлис хоҳад буд. Аммо суол ин аст, ки ба раисии Маҷлис ин бор кӣ хоҳад омад.
Тайи ду давраи қаблии фаъолияти Маҷлиси Миллӣ раҳбарии онро Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, бар дӯш дошт. Убайдуллоев ин бор низ аз ҷониби маҷлиси пойтахт ба узвияти палатаи болоии парлумон интихоб шудааст. Вале ҳанӯз маълум нест, ки оё ӯ мақоми раҳбарии Маҷлиси Миллиро ин бор низ ҳифз хоҳад кард?
Дар ҳамин бора радиои Озодӣ сӯҳбатеро бо коршиноси маркази таҳлилии Диалог Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода анҷом дод.
Суол: - Ҷаноби Сайфуллоҳзода, мешавад тахмин зад, ки Муҳаммадсайид Убайдуллоев дар вазифа боқӣ хоҳад монд ва ё шахси нав хоҳад омад?
Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода: - Баргузида шудани нафари дуввум дар низоми давлатдории кишвар дар шароити феълӣ чандон ҷиддӣ ба назар намерасад ва таҷрибаи даҳ соли ахир баёнгари ҳарфҳои болост. Агар сухан атрофи шахси Мухаммадсаид Убайдуллоев равад, бале, мақоми раиси Маҷлиси Миллӣ обрӯ ва нуфузи зиёде дошт ва дар умум ҷомеа ба ин фикр буд, ки ҷойнишини ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон танҳо ӯ буда метавонад. Маҳз аз ҳамин нигоҳ нафари дуввум будан дар низоми давлатдории Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷонибҳои мухталифро ба худ ҷалб мекард. Аммо бо мурури вақт кор доираҳои манфиатхоҳ тавонистанд, ки ҷойгоҳи шахси М. Убайдуллоевро дар низоми давлатдорӣ хело поин баранд. Ва ҳатто овозаҳои парокандае низ дар афкори мардум тавонистанд ба вуҷуд биёранд, ки номзадии мири шаҳри Душанбе ба Маҷлиси Миллӣ пешниҳод карда намешавад. Аммо раванди омодагириҳо ба интихоботи Маҷлиси Миллӣ нишон дод, ки ҳанӯз ҳам нуфузи М. Убайдуллоев то ҷойе дар маҳдудаи хоси низоми давлатдории Тоҷикистон вуҷуд дорад, ба тарзи дигар гӯем, барқарор аст. Ба матбуот кашидани пешниҳоди номзадии ӯ аз ҷониби маҷлисҳои маҳаллии шаҳри Душанбе аз ҳамин шаҳодат медиҳад. Пас ман бар ин назарам, ки дар марҳилаи феълӣ ӯ раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб мегардад ва ҳадди аққал то чанд соли анҷоми фаъолияти палатаи болоии парлумони кишвар боқӣ хоҳад монд.
Суол: - Фарзияҳое низ ҳаст, ки Душанбе ба ҳошияи саҳнаи сиёсӣ равон кардани Убайдуллоев омода нест, зеро авоқиби он боиси эҷоди танишҳои минтақаӣ мегардад?
Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода: - Бале, агар чунин як тасмим сурат бигирад, яъне барканор кардани Убайдуллоев, на танҳо шахсияти ӯро дар мухолифат бо Эмомалӣ Раҳмон қарор медихад, балки таваҷҷӯҳи қишри муайяни навоҳии атрофии Кӯлобро ҳам ба худ ҷалб месозад. Имрӯз баҳс ва андешахои зиёде дар қисматҳои ин қаламрав вуҷуд доранд. Ва гумон мекунам, минтақаи Кангурту Данғара дар ҳошияи ин қаламрав қарор хоҳанд гирифт.
Суол: -То солҳои наздик Убайдуллоев ҳарчанд ки шахси аввал муаррифӣ намешуд, вале дуввум ҳам ёд намешуд. Вале солҳои охир ҳадс зада мешуд, ки нуфузи ӯ коҳиш ёфтааст, вале ҳоло маълум аст, ки нуфузи побарҷост?
Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода: -То ҷое ба ин савол дар боло ишора кардам ва ин гуна ҳарфҳо чандон мувофиқ нестанд. Дар марҳалаи аввали фаъолияти Маҷлиси Миллӣ баргузор гаштани ҷаласаҳои муштараки ду палатаи парлумон ва дар давраҳои истироҳати президенти кишвар ва сафарҳои чандрӯзаи он кас ба хориҷ, мавқеи нафари дуввум будани М. Убайдуллоев хеле рушан эҳсос мешуд. Ба хусус вақте ҳамчун нафари дуввуми кишвар мақомоти мухталифи низоми давлатдориро ба ҷаласаҳое ба Маҷлиси Миллӣ даъват мекард ва амру дастури хешро ироа мекард, дар афкори доираҳои муайян ин таъсири ҷиддӣ дошт. Алабатта чунин як раванди коҳиш ёфтани нуфузи Муҳамасайд Убайдуллоев танҳо дар шахси вай нест, балки дар нисбати афроди зиёди дигаре низ ки як гуна аз худ шахсият метарошиданд, сурат гирифтааст. Пас посухи суоли матраҳ ин аст, ки ҳар он касе ки агар ҷойгузини ошкор буданро дар муқобили роҳбарияти феълӣ дар сар дорад, бояд аз ин афкор даст бикашад ва ё ин ки канор биравад. Баргузида шудани нафари дуввум танҳо дар иродаи доираи алоҳида боқӣ хоҳад монд.
Суол: - Назари дигаре ҳам буд, Амиршо Миралиев ба симати раиси Маҷлиси Миллӣ баргузида мешавад. Вале бо таъин шудани ӯ ба муовинатии Маҷлиси Намояндагон, пас маълум, ки тасмимҳо тағйир ёфтанд?
Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода: - Аз назари банда агар чунин як таҳлиле, ки гӯё Амиршо Миралиев ба симати раиси Маҷлиси Миллӣ пазируфта мешуд, чандон дуруст нест. Эҳтимол ин гуна афкор вақте пайдо шуд, ки муносибат миёни М. Убайдуллев ва А. Миралиев чандон рушан набуд. Ва ин гуна муносибатҳои норушан дар сатҳи боло албатта фикрҳоеро ба вуҷуд меорад. Вале банда қаблан ҳам ба ин назар будам, ки А. Миралиевро ба симати раиси Маҷлиси Миллӣ сазовор донистан иштибох аст. Имрӯз, ки Миралиев ба муовинатии Маҷлиси Намояндагон интиқол ёфтааст ба ин маъност, ки ӯ дигар дар тасмимгириҳои алоҳида таъсире нахоҳад дошт ва агар ошкортар гӯем, фиристодани он кас ба Маҷлиси Намояндагон зоҳиран контроли парлумон аз сӯи президент метавонад бошад, вале аслан аз стротежии пешгирифтаи феълии сарвари давлат барканор кардан аст.