Бо истеъфои Минтемир Шаймиев, президенти Тотористон, ки тақрибан ду даҳсола дар курсии қудрати ин ҷумҳурии мусулмоннишини Русия такя зада буд, як марҳилаи таърихи Тотористон ба поён расид.
Аммо Шаймиев на бо дасти холӣ, балки бо шароити мушаххас мақомашро канор гузошт. Вақте, ки раиси ҷумҳури Русия, Димитрий Медведев, бо ҳадафи вуруди хуни тоза ба шарёни элитаи ҳукмрон, барномаи аз қудрат дур кардани раҳбарони куҳансолро рӯи даст гирифт, Шаймиеви 73 сола, яке аз раҳбарони дарозумри минтақавии Руссия, дар руйхати Медведев дар ҷойи аввал буд.
Шаймиеви қудратманд, пойдор ва маҳбуб дар байни мардуми кишвараш, медонист, ки ба ивази истеъфои орому осоишта метавонад ҳар талаби дили худро бо Кремлин матраҳ кунад.
Ба ин тартиб, Шаймиев танҳо дар ҳоле аз мақом даст кашид, ки Кремлин бо ӯ созиш кард ва шарики дерини ӯ, нахуствазири Тотористон Рустам Минихоновро ба мақоми раиси ҷумҳур пазируфт.
"Гурги борондидаи сиёсат"
Минтемир Шаймиев баъди раҳбарии ин кишвар дар тӯли ду даҳсола рузи 24 –уми март расман аз мақомаш канор рафт. Таҳлилгарон мегуянд, ин далел, ки Шаймиев тавонист гапи худро ба Кремлин гузаронад, баёнгари он аст, ки Маскав нуфузи мустаҳками Шаймиев дар сатҳи миллиро эътироф мекунад.
Николай Петров ходими Маркази омӯзишии Корнегии Маскав таҳаввулотро ин гуна шарҳ медиҳад: "Ман ёд надорам, ки дар кадоме аз манотиқи Русия раҳбар тавониста бошад ба шеваи Шаймиев аз мақом даст бикашад. Ӯ номзади худро хеле моҳирона, дар ҳоле ба қудрат овард, ки ҳеҷ маҷбурият ва фишореро аз ҷониби Кремлин эҳсос намекарад. Ӯ бешубҳа, сиёсатмадори бузург аст. Ӯ гурги борондидаи сиёсат аст".
Минтемир Шаймиев дар аҳди як раҳбари Шӯравӣ - Михаил Горбачев ва ду раиси ҷумҳури Русия - Борис Елтсин ва Владими Путин давлатдорӣ кардааст. Дар замони раҳбарии Шаймиев Тотористон мухторятеро касб кард, ки назири он дар ҷумҳуриҳои дигари Русия вуҷуд надорад.
Аз сӯи дигар, Шаймиев, ки Тотористонро солҳо бо мушти оҳанин идора кардааст, бар матбуот назорати қавӣ устувор кард ва рақибони сиёсии худро бераҳмона саркӯб намуд.
"Давлат дар дохили давлат"
Николай Петров аз Маркази Корнегии Маскав, Шаймиевро яке аз бонуфузтарин раҳбарони пасошуравӣ арзёбӣ мекунад: "Тотористон танҳо як минтақаи бузург нест, Тотористон давлат дар дохили давлат аст. Шаймиев ҳамчун бозигари зирак ниёзҳои ҳадди аксари Тотористонро аз ҳукумати марказӣ бароварда мекард. Ҳамзамон равобити хубро байни марказ ва ҷумҳурӣ таъмин мекард".
Николай Петров ба ин назар аст, ки Борис Елтсин президенти гузаштаи Руссия ҳатто дар авҷи қудраташ аз Шаймиев метарсид. Ва ҳатто ветерани КГБ Владимир Путин, ки гуфта мешуд, элитаи минтақавиро таҳти назорати Кремлин хоҳад овард, бо Шаймиев эҳтиёткорона ва ботавозун муносибат мекард.
Овозаи истеъфои Шаймиев аз замони ба қудрат расидани Владимир Путин ҳамеша вирди забонҳо буд ва ҳатто ба латифа табдил ёфт. Аммо ин овозаҳо ҳеҷ гоҳ тасдиқ намешуданд, то замоне, ки худи ӯ тасмимашро эълон кард.
Чанде пеш овозае пахш шуд, ки Шаймиев ба истеъфо меравад, ҷойи ӯро Рашид Нургалиев, вазири дохилии Русия, ки тотортабор аст, мегирад. Аммо ин овоза низ чун гапу хабарҳои қаблӣ беасос баромад.
Ҷаноби Петров мегӯяд, қартае, ки Шаймиев ҳамеша рӯи он ҳисоб мекард ва метавонист ба бозӣ дарорад, хатари Кремлин аз миллатгароии тоторҳо буд. Дар замн Тотористон, ягона ҷумҳурии Русия аст, ки баши бузурги аҳолии онро мусулмонҳо ташкил додаанд.
Виктор Сазонов, сухангӯи порлумони маҳаллии Самара, ҳамсояи Тотористон аз Шаймиев ҳамчун раҳбаре, ки сатҳи танишҳои дохилиро коҳиш додааст, ситоиш кард ва гуфт, Русия як давлати сермиллат аст ва муҳим аст, ки мардумаш дар сулҳу созиш ба сар бубаранд. Ба назари ӯ, Шаймиев дар ин ҷода хизматҳои зиёд кардааст.
Интизороте, ки Шаймиев бароварда накард
Аз сӯи дигар, ба назар мерасад, худи тоторҳо аз Шаймиев интизороти бештар доштанд ва мухторияти бештар аз хости Маскавро мехостанд. Халил Аюпов раҳбари Маркази тоторҳои Нижнекамск дар ин боари чунин гуфт: "Ҳамаи тоторҳо ва мардуми Тотористон аз ӯ мехостанд, ки истиқлолияти кишварро дифоъ кунад. Мутаасифона, ӯ аз мақом на ҳамчун раиси ҷумҳури як кишвари мустақил, балки ҳамчун раҳбари як минтақаи Русия меравад, ки Маскав таъин кардааст. Ӯ дар бохти истиқлолияти Тотористон нақши густарда дошт".
Аз сӯе ҳам ҷонибдорони Минтемир Шаймиев ин иддаоро, ки ӯ барои миллати худ хизмати арзанда накардааст, рад мекунанд ва мегӯянд, ин Шаймиев буд, ки забони тоториро зинда нигаҳ дошт ва аз иқдомоти Маскав дар заминаи таълими фарҳанги насрониҳои ортодокс дар мактабҳои кишвар пешгирӣ кард.
Ментемир Шаймиев раҳбарии Тотористонро, соли 1991, дар пайи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба даст овард. Аз он замон ӯ ду дафъаи дигар солҳои 1996 ва 2001 дубораву себора раиси ҷумҳури ин минтақаи мусулмоннишини Русия интихоб шуда буд. Ва тавонист худро хамчун як шахсияти ногузир барои макомоти Руссия нишон диҳад.