А.Имомов: Маҷлиси миллӣ моли давраи гузариш аст

Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдон

Имрӯз, 25-уми март интихоботи Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон баргузор мешавад. Суоли матраҳ имрӯз ин аст, ки боз киҳо ба ҳайъати нави Маҷлиси миллӣ хоҳанд омад. Суоли дигари мавриди таҷаҷҷӯҳи таҳлилгарон шахси раиси ин маҷлис аст, яъне оё шаҳрдори Душанбе Маҳаммадсаид Убайдуллоев раёсати Маҷлиси миллӣ ва ба ин тартиб мақоми раҳбари дуввуми кишварро боз ҳам ҳифз хоҳад кард ва ё эҳтимоли ба ин маснад омадани нафари дигар низ вуҷуд дорад?
Масъалаи дигаре, ки рӯ задааст, марбут ба таърихи кӯтоҳи зуҳури ин маҷлис дар сохтори порлумонии Тоҷикистон аст ва ҳам ин ки оё дар шароити феълии кишвари мо идомаи ҳузури палатаи болоӣ то куҷо заруру ҳатмист?

Перомуни ин масоил сӯҳбате доштем бо ҳуқуқдони тоҷик Ашӯрбой Имомов.

Суол: -Заминаҳои ҳуқуқии таърихи таъсисёбии парлумони дупалатагии Тоҷикистон ба кадом солҳо рост меояд ва ғояи он чӣ гуна пайдо шуд?

Ашурбой Имомов: - Аввал ғояи дупалатагии порлумон солҳои аввали соҳибистиқлоли пешниҳод шуда буд. Вале он вақт ин пешниҳод ба эътибор гирифта нашуд ва ин таклиф ҳам нагузашт. Баъдан ғояи дупалатагӣ дар ҳамон ҳолате ба вуҷуд омад, ки дар гуфтушунидҳои байни ҳукумат ва опозитсиюн тарҳи нави парлумонро муаяйн кардани шуданд. Азбаски яке аз палатаҳо палатаи вакилони халқӣ гардид, ҷониби ҳукумат тарҳи палатаи дуввумро пешниҳод кард. Ва аз рӯи нақшаи ҳукуматиҳо, палатаи болоии парлумон тартиб дода шуд. Вақте дар музокироти байни ҳукумат бо намояндагони Комиссияи оштии миллӣ доир ба ин масъала ва даровардани ислоҳот ба чандин нуқтаҳои Сарқонун таклифҳо пешниҳод гашт ва созиш карда шуд. Соли 1999 ин пешниҳод ба овоздиҳӣ гузошта шуд ва қабул гардид.

Суол: -Низоми дупалатагӣ хоси кишварҳои федеролӣ, ё иттифоқӣ аст. Пас барои Тоҷикистон Маҷлиси миллӣ чӣ зарурат дорад?

Ашурбой Имомов: - Ин ғалат аст гӯем, ки танҳо давлатҳои иттифоқӣ, ки дар дохилашон субъектҳои миллӣ доранд, дупалатагӣ ва ё Маҷлиси миллӣ хоси онҳост. Дар давталҳои мутамарказ ҳам парулмони дупалатагӣ вуҷуд дорад. Муҳим дупалатагӣ ва ё якпалатагӣ нест. Балки дар он аст, ки палатаҳо чи тавр ташкил ёфтаанд ва ваколатҳо дар байни онҳо чӣ гуна тақсим шудааст. Ҳам дупалатагӣ ҳам якпалатагӣ метавонад ба манфиати халқ хидмат кунад.

Суол: -Иштирокчиёни музокирот сари таъсиси Маҷлиси миллӣ мегӯянд, ки ин ниҳод ҳадафҳоро амалӣ нагардонд ва яке аз он ҳадафҳо интихобӣ будани он буд. Назари дигар ҳам аст, ки Маҷлиси миллӣ барои як давраи гузариш таъсис дода шуда буд?

Ашурбой Имомов: -Агар ҳамин таклифҳо қаблан сурат гирифта бошанд ва онҳое, ки бевосита аз ҷараёни ин воқиф ҳастанд, дақиқтар медонанд ва назари онҳоро низ ба инобат гирифтан мумкин. Вақте ки яке аз палатаҳо халқӣ бошад ва палатаи болоӣ аз тарафи халқ интихобӣ набошад, дар он сурат дупалатагӣ чандон ба манфиати пешравии ҷамъият мусоидат намекунад. Воқеан ин дупалатагиро мегуфтанд, ки барои як давраи гузариш аст, вале ин давраи гузариш чӣ қадар идома меёбад, ҳанӯз ҳам маълум нест.

Суол: -Як ҳадафи калидии дигар интиқоли қудрат тавассути ҳамин Маҷлиси миллӣ гуфта мешавад. Ба фикри шумо, чаро ин ҳадаф сурат нагирифааст?

Ашурбой Имомов: - Ба ин суол бояд ҳукуматиҳо ҷавоб бояд гӯянд, ки маслиҳат чӣ буд ва чаро маслиҳатҳо иҷро нашуданд.