Музокироти Амрикову Покистон шурӯъ шуд

Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико мулоқот бо ҳайати баландпояи Покистонро ифтитоҳ намуд ва қавл дод, ки "рӯзи нав" дар муносиботи ҳассоси миёни ин ду кишвар оғоз шудааст. Шоҳмаҳмуд Қурейшӣ-вазири корҳои хориҷаи Покистон ва генерал Ашфақ Каёнӣ-раиси ситоди артиш ҳайати Покистонро дар музокирот бо Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико сарпарастӣ мекунанд.
Мақомоти Покистон мегӯянд, ки онҳо мехоҳанд дар бахши ҳамкориҳои ғайринизомии ҳастаӣ бо Амрико низ қарордоде аз қабили қарордод бо Ҳиндустон дошта бошанд.