Боздошти гумонбарони терроризм дар Озарбойҷон

Дар Озарбойҷон 49 нафар бо гумони таҳияи ҳамлаҳои террористӣ ва кушторҳои фармоишӣ боздошт шуданд. Вазири амнияти миллии кишвар ба хабаргузории “Интерфакс” иттилоъ дод, ки дар ҷараёни як амалиёти вижа аз ин афрод ба миқдори бузург силоҳ, тир ва маводи тарканда мусодира гардидааст.