Эълони пирӯзии номзади ҲХДТ дар Конибодом

Комиссиюни ҳавзаи интихоботии Конибодом эълон кардааст, ки дар даври дуввуми интихоботи порлумонӣ номзади ҲСДТ шикаст хӯрда ва номзади ҲХДТ пирӯз шудааст.
Аҳрорхон Саримсоқов, сардори ҳавзаи мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, Насруллоҳ Маҳмудов, номзади ҲХДТ 54,7 ва Шокирҷон Ҳакимов аз ҲСДТ 41,7 дарсади ороро ба даст овардаанд.

Шикояти Шокирҷон Ҳакимов

Аммо Шокирҷон Ҳакимов мутмаин аст, ки даври дуввуми интихобот ҳам саршор аз тақаллубкориҳо ва қонуншиканиҳо будааст. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, мақомоти расмӣ ба хотири пирӯзии номзади ҳизби ҳокими Халқӣ-демократӣ аз тамоми манобеъ ва абзори давлатӣ истифода кардаанд.

Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, аксари кулли ҳайати масъулон дар 58 қитъаи раъйдиҳӣ дар ҳавзаи Конибодом аз намояндагони ҲХДТ ва ғайриҳизбӣ иборат будаанд, ки онҳо низ ба ҳизби ҳоким иртибот доштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар бархе қитъаҳо масъулон ба бисёре аз раъйдиҳандагон иҷоза додаанд, ки ба ҷои пайвандони дар муҳоҷирати корӣ будаашон овоз диҳанд. Бино ба баъзе сарчашмаҳо, ҳудуди 20 ҳазор сокини Конибодом феълан дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд.

Шокирҷон Ҳакимов тақозо дорад, ки раъйҳо аз нав шумурда шаванд. Вай мегӯяд, ки дар сурати сарфи назар шудани дархосташ ба Кумиссиёни марказии интихобот ва ё то ба Додгоҳи олии кишвар шикоят хоҳад бурд.

Комиссиюни марказии интихобот мегӯяд, аз мавридҳои қонуншиканӣ дар ҳавзаи Конибодом ягон шикояте нашудааст. Рафти интихоботро нозирони маҳаллӣ ва байналмилалӣ назорат мекарданд.

Насрулло Маҳмудов, номзад аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки дар интихоботи имрӯза пирӯз эълон шуд, сабқатро "шаффоф ва демократӣ" номидааст.

Ҳавзаи доғ

Дар даври аввали интихоботи парлумонӣ дар рӯзи 28-уми феврал ҳавзаи инфиродии Конибодом ягона ҳавзае буд, ки номзадҳо ҳадди 50 дарсадии овозҳоро убур накарда, ба даври дуввуми интихобот роҳ ёфтанд.

Дар ин ҳавза 5 номзад сабқат доштанд ва намояндаи Ҳизби халқӣ-демократӣ Насрулло Маҳмудов 36 дарсад ва номзади Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов 31 дарсади ороро ба даст оварданд.

Се номзади дигари инфиродӣ, аз ҷумла намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ эълон карданд, ки овозҳои худро бар нафъи номзади Ҳизби сотсиал-демократ мебахшанд.

Конибодом аз ҳавзаҳои доғи интихоботӣ дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад. Дар ин ҳавза соли 2005 низ даври дуюми интихоботи парлумонӣ доир шуда буд.