Мамнӯъгоҳ

Ин дарё, додар, пештар моҳӣ гуфтанӣ як ҷондоре дошт. Калон, калон... Агар гўям, ки баъзеашон баробари наҳанг мешуданд, мумкин ту гумон кунӣ, ки ман муҳобот мекунам ё дурўғ мегўям... ва ҳақ ҳам дорӣ... Чунки, агар росташро гўям, ман худам дар умрам ҳамон наҳанги зормондаро надидаам. На дар хобу на дар бедорӣ. Лекин бе муҳобот мегўям, ки баъзеашон то як ваҷаб дарозӣ доштанд, бачағарҳо... Не, не, аз ин кам намекунам, зорӣ накун. Гапи мард якто. Як ваҷаб.
Баъд, додар, чӣ шуду чӣ монд, ки қишлоқи моро мамнўъгоҳ эълон карданд. Ин мамнўъгоҳаш як чизе будааст, додар, ки дигар ба зани худат баланд гап зада наметавонӣ, чунки вай акнун на танҳо зани ту, балки боз моли мамнўъгоҳ ҳам ҳисоб мешудааст. Барои молат алаф даравӣ - мумкин не, - алафи нодир. Барои одамон. Яъне, онро бояд одамон хӯранд. Боз ҳар хелашон не, фақат шаҳриҳо. Бузат аз пода гурезат, - ҷарима супор. Вай аз пода бо роҳе гурехта, ба хона омадааст, ки замини мамнўъгоҳ ҳисоб мешавад. Дўлонаю писта начин, ба чормағзи пеш аз муҳоҷир шинондаи бобои худат наздик нашав, ҳезум набиёр. Ба шикор нарав. Ба дарё сахт нигоҳ накун, ки моҳӣ хафа мешавад. Барои зираи аз бозор харидаат ҳуҷҷат биёр...

Лекин, ҳамаи ин «нагиру намон»-ҳо дар пеши калимаи «Хўҷаин» ҳеҷ будааст, додар. Ман намедонам, он хўҷаин аз авлоди Оҷ бошад ё боқимондаи ягон қавми дарёдаркаш. Мо аҳли қишлоқ бисёр мехостем, ки ўро бинем, ки вай чӣ шикаме дорад, вале мутаассифона муяссар нашудем. Вай, додар, чӣ балое будааст, ки аз дарё тамоми гулмоҳию ширмоҳӣ, лақкамоҳию зағорамоҳиро кашида, барои ў мебурданд.

Як моҳие буд, ки шўртан мегуфтанд. Олимҳои «беҳад доно»-и мамнўъгоҳ гумон карданд, ки вай шўр аст ва барои пивохўрии хўҷаин ба тухми он бечора ҳам қирон оварданд.

Ин мамнўъгоҳаш ҳамин хел ҷое будааст, ки на дар дарё моҳӣ мемондаасту, на дар кўҳ кабку дарранда, на дар саҳро бедонаю алаф, на дар ҷангал оҳую дарахт... Не, росташро гўям, ҷангалро мо худамон... дуздидем. Қувваи барқ нест, ангиштбиёриро фаромўш кардаанд. Он якчанд мошин чархи кўҳнае, ки ҳанўз дар давраҳои шўравӣ ба болооби дарё оварда, партофта буданд ва мо якта - нимтаи онро оварда, алов мекардем, баллонфурўшакҳо «барои маршруткаю автобусҳои шаҳр мешавад» гўён, омада бурданд. Коргарони мамнўъгоҳ дарҳол ба ҳамон хўҷаин ҳисобот доданд, ки гўё дарёро маҳз онҳо аз баллонҳои кўҳна тоза карда бошанд...

Мо бошем аз фурсат истифода бурда, табарҳоро тез кардему... ҷангалро «тоза» кардем. Акнун, барои дўлона ба ноҳияи ҳамсоя меравему барои пистаю чормағз аз он ҳам дуртар. Кўдакон аз ҳавзҳо ба ҷои моҳӣ кафлезак медоранду, мўйсафедон ба ҷои кабк гунҷишк. Аз бомгўшаҳо. Ба ин мамнўъгоҳ, додар, акнун ҳатто достакҳо пас аз андешаи дуру дароз меоянд...

Аз ҳама аҷибаш ҳамин, ки он қишлоқҳое, ки мамнўъгоҳ надоранд, ҳамаи ҳайвоноту набототро доранд. Бузу гўсфандҳояшон серу фарбеҳ мегарданд.

Баъзан, мо аҳли қишлоқ фикр мекунем, ки ҳамин дарёи мо пештар наҳанг ҳам доштаасту, вай бо кадом роҳи номаълуме худашро аз об халос карда, хўҷаини мамнўъгоҳ шуда аст. Ту ба ин фикри мо чӣ мегўӣ, додар?