Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, гузориши Вазорати корҳои хориҷаи Амрико аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба воқеияти ин кишвар мувофиқат намекунад ва бештари нукоти интиқодии он дуруст нест.
Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Амрико дар робита ба Тоҷикистон, зиёдаравӣ ва хурдагириҳо ба мушоҳида мерасад.
Сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз сӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико ба воқеияти ин кишвар мувофиқат намекунад ва бештари нукоти интиқодии он саҳеҳ ва дуруст нестанд.
Давлат Назриев, сухангӯи вазорати хориҷии Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ изҳор дошт, ки ин кишвар ба таври собиту устувор дар роҳи бунёди як ҷомеаи маданӣ пеш меравад ва табиист, ки дар ин ҷода камбуд ва нуқсонҳо низ ҷой хоҳад дошт. Аммо он нуктагирӣ ва интиқодот дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Амрико дар робита ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ифодагари вазъи воқеӣ нест ва дар он зиёдаравӣ ва хурдагириҳо ба мушоҳида мерасад.
Оқои Назриев ин нуктаи гузориши солонаи вазорати хориҷии Амрикоро, ки мегӯяд, Тоҷикистон аз сӯи давлати авторитарӣ ва таборону ҳамшаҳриёни раиси ҷумҳурии он идора мешавад, нодуруст шуморид.
Давлат Назриев афзуд, ки дар идораи умури давлатӣ намояндагони ҳама манотиқи кишвар ширкат мекунанд.
Аммо бархе аз таҳлилгарон ва коршиносони тоҷик арзёбии департаменти давлатии Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро дуруст ва саҳеҳ мешуморанд. Таҳилгарони тоҷик низ мегӯянд, ки қабзаи қудрат аз тарафи раиси ҷумҳур ва пайвандони ӯ муҷиби нақзи ҳуқуқи башар ва ҳамин тавр, поин омадани эътибори байналмилалии кишвар шудааст.
Раҷаби Мирзо таҳлилгари тоҷик мегӯяд, гузориши солонаи департаменти давлатӣ айни он ҳақиқатест, ки имрӯз дар Тоҷикистон метавон мушоҳида кард. Оқои Мирзо бо ишора ба куштори Маҳмадназар Солеҳов ва Мирзо Зиёев вазирони пешини умури дохила ва изтирорӣ дар ин гузориш гуфт, ки то кунун давлат натавонистааст дурустии маълумот дар бораи ҳалокати онҳоро исбот ва шакку гумонҳо дар бораи ин ҳодисаҳоро аз байн бибарад.
Сергей Романов, як корманди созмони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон низ таъйид мекунад, ки баъзе аз мушоҳидаҳои гузоришгарони департаменти давлатӣ шабеҳи он чизест, ки онҳо низ мушоҳида кардаанд. Вай гуфт: “Наметавон вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро комилан таассуфбор хонд. Вале як идда аз мушкилот аз ҷумла, мушкилот дар бораи озодии сухан, озодии матбуот ва озодии эътиқодро наметавон нодида гирифт”.
Романов ҳамчунин афзуд, шароити нигаҳдории маҳкумшудаҳо ва маҳбусон ҳам дар ин кишвар хуб нест. Масъулони зиндонҳо бо онҳо бадрафторӣ карда ва гоҳе ҳам онҳо мавриди озорӣ ҷисмонӣ қарор мегиранд.
Аммо Давлат Назриев афзуд, «Тоҷикистон ба таври собиту устувор дар роҳи бунёди як ҷомеаи маданӣ пеш меравад ва табиист, ки дар ин ҷода камбуд ва нуқсонҳо низ ҷой хоҳад дошт».
Аммо Тоҷикистон марҳала ба марҳала ҳамаи мушкилоти худ аз ҷумла мушкилоти ҳуқуқи башарро ҳал хоҳад кард ва наметавон аз ин кишвар, ки ҳоло ҳатто таҷрибаи бистсолаи истиқлолиятро надорад ва як давраи мушкили ҷанги дохилиро тай кардааст, чунин интизорро дошт, ки ин ҳама масоил ба зудӣ бартараф шавад.
Гузориши Вазорати хориҷаи ИМА
Департаменти давлатии Амрико дар гузориши солонаи худ оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон, ки ахиран нашр шуд, аз Тоҷикистон ҳамчун як давлати авторитарӣ ном бурдаааст. Дар ин гузориш ҳукумати Тоҷикистон барои маҳдудиятсозии озодии сухан, матбуоту дин ва фишор ба созмонҳои ғайридавлатӣ интиқод шудааст.
Вазорати умури хориҷии ИМА навиштааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар мурооти ҳуқуқи инсон таърихчаи бад дорад ва ҳамоно фасоди густарда садди роҳи ислоҳоти демократӣ ва иҷтимоӣ дар ин кишвар мешавад.
Ҳамчунин шиканҷаи зиндониён, бадрафтории нерӯҳои амниятӣ бо паноҳандагон, хушунат ва табъйиз алайҳи занон, қочоқи инсон ва меҳнати кӯдакон аз масоили ҳалталаби ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон унвон шудаанд.
Гузориши Вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон ҳамасола нашр мегардад. Дар гузориши имсола ба вазъи ҳуқуқи инсон дар 194 кишвари ҷаҳон баҳогузорӣ шудааст.