Дар рӯзи таҷлили 1200-умин солрӯзи Имом Бухорӣ, муаллифи “Саҳеҳи Бухорӣ”, бо яке аз рӯҳониёни маъруф, Мулло Абдураҳим дар бораи зиндагӣ ва осори Имом Бухорӣ сӯҳбат оростем.
Имрӯз аҳли уламо ва донишмандони тоҷик дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе аз 1200-умин солрӯзи Имом Бухорӣ таҷлил мекунанд. Ин дуввумин ҳамоиши бузург дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки дар он аз намоёнтарин чеҳраҳои дини ислом ёд мешавад.
Қабл аз ин, дар соли гузашта давлати Тоҷикистон 1310-умин солгарди Имом Абӯҳанифа, маъруф ба Имоми Аъзам ва пешвои мазҳаби ҳанафиро, ки аксари кулли сокинони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, таҷлил ва дар ин робита нишасти бузурги байнулмилалӣ доир намуд. Дар ин ҳамоиш ҳудудан 500 намоянда аз кишварҳои мухталифи дунё ширкат ва суханронӣ карданд.
Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил маъруф ба Имом Бухорӣ дар таърихи 13-уми шавволи соли 194-уми ҳиҷрӣ дар Хартанг, яке аз деҳаҳои Бухоро таваллуд ёфтааст. Вайро дар ҷаҳони ислом ба унвони тавонотарин муҳаддис мешиносанд. Мо низ дар як сӯҳбат аз Мулло Абдураҳим, сархатиби масҷиди “Қазоқон” дар Душанбе пурсидем, ки Имом Бухорӣ аз нигоҳи ӯ кист?
Мулло Абдураҳим: -Имом Бухорӣ шахсияти бузургест, ки мавриди ифтихори мусулмонони ҳамаи олам аст. Дар тамоми гӯшаву акнофи олам Имом Бухориро мешиносанд. Вақте сокинони мо ба Ҳаҷ мераванд ва мегӯянд, ки аз Тоҷикистон омадаанд, кам одаме ёфт мешавад, ки ин сарзаминро бидонаду бишносад. Аммо вақте мегӯӣ, ки мо аз ҳамватанони Имом Бухорӣ ҳастем, ҳама мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Ҳатто дастатро мебӯсанд.
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ таърифу тавсифи бештар аз сад олими исломиро нисбат ба Имом Бухорӣ зикр кардааст. Имом ибни Хузайма, яке аз муҳаддисини бузург мегӯяд, “дар зери осмон донотар аз Имом Бухорӣ дар илми ҳадис нафари дигаре вуҷуд надорад”.
Радиои Озодӣ: -Аммо фикр мекунед, шахсияти Имом Бухорӣ дар Тоҷикистон то чӣ ҳад муаррифӣ шудааст?
Мулло Абдураҳим: -Дар миёни аҳли илм ҳич шубҳае нест, ки Имом Бухориро ба ҳайси амиралмӯъминин дар ҳадис мешиносанд. Дар ин ҳич шакке нест. Аммо дар даврони Шӯравӣ азбаски мардум аз ислом огоҳии комил надоштанд ва азбаски илми ҳадис низ ба таври бояду шояд низ таълим дода намешуд, огоҳии мардум аз он камтар буд.
Аммо аз замоне ки Тоҷикистон мустақил шудааст ва аз замоне ки мардум озодона ба илми ҳадис машғул шудаанд, чӣ уламо ва чӣ толибилмон ӯро мешиносанд. Ҳамчунин ифтихор мекунанд, ки ӯ зодаи диёри мост.
Радиои Озодӣ: -Дар Тоҷикистон китоби “Саҳеҳ”-и Бухорӣ маъруф аст. Аммо осори дигаре аз ӯ ҳаст, ки мавриди истифода қарор гирифта ва маъруфият дошта бошад?
Мулло Абдураҳим: -Шахсан китоби “Адабулмуфрад”-и Имом Бухориро ба шогирдонам таълим медиҳам. Инчунин, дар илми риҷол, дар риҷоли ҳадис ду таърихи бузург дорад: таърихи кабир ва таърихи сағир.
Боз мегӯям, назди уламое, ки бо илми ҳадис сарукор доранд, осори Имом Бухорӣ ошкору возеҳ аст. Аммо аксарияти сокинон Имом Бухориро танҳо бо “Саҳеҳ”-аш мешиносанд. Зеро ин китоб воқеъан саҳеҳтарин китоб баъд аз Қуръон дар рӯйи замин аст.
Радиои Озодӣ: -Баъзе аз сарчашмаҳо мегӯянд, ки Имом Бухорӣ аз ҳич кадом мазҳабе дар ислом пайравӣ намекард. Балки ӯ як равия ё маслаки фиқҳии хоси худро дошт. Аз назари Шумо, ин нукта то чӣ андоза ҳақиқат дорад?
Мулло Абдураҳим: -Уламои илми ҳадис ин нуктаро таъкид кардаанд, ки Имом Бухорӣ ба касе тақлид намекард. Зеро Имом Бухорӣ ба ҳадди иҷтиҳод расида буд. Муҷтаҳид аст ӯ. Вай ҳатто ҳақ дошт, ки мазҳаби худро асос гузорад. Масалан, мазҳаби Имом Бухориро.
Вале як бузурге гуфтааст, ки Имом Бухорӣ низ муқаллиди мазҳаби шофеист. Ҳамчуноне ки Имом Муслим буд.
Радиои Озодӣ: -Шумо аз таҷлили солрӯзи Имом Бухорӣ дар кишвар чӣ интизориҳое доред?
Мулло Абдураҳим: -Гумон мекунам, агар дар кишвар ҷашнворае дар бораи Имом Бухорӣ доир шавад, барои бедор кардани шавқи мардум барои омӯхтан ва аз худ кардани илми ҳадис як такони бузурге мешавад. Сокинон аз як сӯ бештар бо Имом Бухорӣ ва эҷодиёти ӯ ошно мешаванд ва аз сӯйи дигар чӣ будани илми ҳадисро ба таври комил хоҳанд донист.