Шайх Тантовӣ аз рӯҳониёни саршинос дар масоили фиқҳи суннӣ маҳсуб мешуд ва бо назари мӯътадилаш дар масоили баҳсӣ, аз ҷумла ҳуқуқи зан дар Ислом, фарқ мекард.
Ин донишманди маъруф дар моҳи октябри соли гузашта дар рӯзҳои баргузории Анҷумани соли Имоми Аъзам аз Тоҷикистон низ дидан карда буд
Марги Шайх Муҳаммадсаид Тантовӣ ҷаҳони Исломи сунниро аз яке аз рӯҳониёни хеле маъруфу мӯҳтарам ва аз нигоҳи дидгоҳҳояш ба масоил мӯътадил маҳрум кард.
Шайх Тантовӣ тайи 14 соли охир мақоми Шайхи аъзами Донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳираро ба хотири ҳимоят аз тафсири анъанавии Исломи суннӣ дар муқобили чолишҳои ношӣ аз гурӯҳҳои тундрави мазҳабие, назири Ал-Қоида ва Толибон истифода мебурд. Ӯ ба таври мукаррар истифодаи ҳамлаҳои террористӣ алайҳи мардуми осоишта ва аҳдофи ғайринизомиро маҳкум мекард ва ифротгароиро амале зиддиисломӣ мехонд.
Шайх Тантовӣ дар моҳи октябри гузашта зимни боздид аз Тоҷикистон ва ширкаташ дар анҷумани гиромидошти Соли Имоми Аъзам дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ мавзеъи қотеъонааш дар ин масъаларо бори дигар такрор кард ва аз ҷумла гуфт: “Бо терроризм ва тахрибкорӣ рабт додани Ислом дуруст нест. Терроризм маънои маҳви мардуми осоиштаро дорад ва кулли адён ва инсоният онро маҳкум мекунанд.”
Шайх Тантовӣ раҳбарии Донишгоҳи Ал-Азҳар, мӯътабартарин донишгоҳи динии Исломи сунниро бар дӯш дошт ва аз ин лиҳоз, гуфтаҳову фатвоҳои ӯ аз арзиши азими маънавиву шаръӣ бархӯрдор буд. Пайравони мазҳабии суннӣ ба таври суннатӣ ва ҳамеша ба фармудаҳои устодони Ал-Азҳар, бахусус ба изҳори назари Шайхи аъзами ин донишгоҳ эҳтироми вижае қоил ҳастанд. Ва аммо Шайх Тантовӣ нафақат ба ҳайси раҳбари ин донишгоҳ, балки ҳамчун як рӯҳонӣ низ ба сари худ дар байни аҳли суннат эътибори фавқулоддае дошт.
Дар соли 2003 ӯ бомбгузорони маргталабро “душманони Ислом” ҳукм кард. Шайх Тантовӣ ҳамчунин алайҳи сӯъиистифодаи гурӯҳҳои ифротӣ аз таъбири “ҷиҳод” садо баланд кард ва гуфт, фарқи байни дини сулҳпарваре, чун Ислом, ва гурӯҳҳои ифротӣ дар мавриди тафсири вожаи “ҷиҳод” фарқе “мисли байни замину осмон” аст.
Тақрибан ҳар гуфта ва ҳар фатвои Тантовӣ ба маҳзи аҳамияташ исми Шайхро дар сархати ахбор қарор медод.
Ӯ нафақат дар бораи ҳамлаҳои интиҳорӣ, балки аз масоили мухталифе, сар карда аз мавзӯъи суқути ҷанин ё худ аборт дар Ислом ва рафта то ҳатто хатна кардани занон назар медод.
Вақте мақомоти Фаронса пӯшидани рӯсариро дар макотиб манъ карданд, Шайх Тантовӣ фатво дод, ки духтарони мусалмон метавонанд дар сооти ҳузури худ дар мактаб рӯсарӣ набанданд. Ин фатво мабнӣ ба ақидаи Шайх буд, ки ҳузури бидуни рӯсарии донишҷӯдухтарони мусалмонро бар эҳтимоли аз таҳсил маҳрум шудани онҳо бартарӣ медод.
Соли гузашта гурӯҳҳои сиёсии исломии Миср дар пайи судури як тасмими пурсарусадо Шайх Тантовиро ба он муттаҳам карданд, ки пӯшидани ниқобро барои донишҷӯдухтарон дар ҳама макотиби духтаронаи таҳти назари Донишгоҳи Ал-Азҳар низ манъ кардааст. Аммо ӯ дар сӯҳбати ихтисосиаш бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, фатвояш чунин ҳадаф надошт: “Мо ҳеҷ гоҳ фатво надодаем, ки зани мусалмон ниқоб пӯшида наметавонад. Мо танҳо дастур додем, ки донишҷӯдухтарон ниқоби худро дар синфхонаҳо бикашанд, чунки дар синфхона ҳам устодон ва ҳам толибилмон ҳама занонанд. Ба ин далел, ки дар ин ҷо мардони номаҳрам ҳузур надоранд, зарурати дар синфхона пӯшидани ниқоб аз байн меравад. Фатвои мо танҳо ҳамин масъаларо дар бар мегирифту бас.”
Дар масъалаи аборт, Шайх Тантовӣ суқути ҷанинро дар мавориди марбут ба таҷовуз ба номус муҷоз медонист. Аммо ӯ мухолифи хатна кардани духтарон буд ва мегуфт, ин амал рабте бо дин надорад.
Албатта, наметавон гуфт, ки фармудаву фатвоҳои Шайх Тантовиро ҳама қабул доштанд. Дар масъалаи ҳуқуқи занон ӯ муҳофизакор буд ва имомати занро барои издиҳоми омехтаи намозгузорон намепазируфт. Шайх Тантовӣ мегуфт, дар намоз пеш гузаштани зан аҳли масҷидро мутаваҷҷеҳи бадани имом мекунад, ки дар намоз амали ҷоиз нест.
Ҷунбишҳои сиёсии исломӣ дар Миср аммо Тантовиро ба он айбдор мекарданд, ки дидгоҳи мӯътадил дар масоили исломиро ба хотири хидмат ба манофеъи давлат дунбол мекунад.
Аммо ӯ, ки то расиданаш ба мақоми имоми аъзами масҷиди Ал-Азҳар ва шайхи аъзами Донишгоҳи Ал-Азҳар, тайи 10 сол муфтии аъзами Миср низ буд, ҳамеша ин иттиҳомро радд мекард ва мегуфт, сиёсат ба мавзеъгириҳои ӯ таъсире надорад.
Ва аммо бо муҷарради даргузашти Муҳаммадсаид Тантовӣ ин суол дар зеҳнҳо халқ шудааст, ки оё Қоҳира баъди ӯ киро ба раҳбарии Ал-Азҳар бар хоҳад гузид? Ашраф Ҳасан, як узви дафтари Тантовӣ ба Ройтерс гуфтааст, ғолибан ба сурати муваққат ба ин мақом муовини Шайх – Муҳаммадвосилро интисоб хоҳанд кард. Албатта, то рӯзе ки раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак исми ҷойнишини ӯро эълон кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад