Баъзеи рӯзноманигорони ҷавони тоҷик бар ин назаранд, ки усули омӯзиш дар факултаҳои рӯзноманигории кишвар ҷавобгӯи талаботи журналистикаи муосир нест.
Насрулло Тӯйчизода, хабарнигори ҳафтаномаи «Студент тҷ», мегӯяд, сатҳи пасти дониши бисёре аз хатмкунандагони факултаҳои журналистика аксари масъулони расонаҳои хабариро нигарон кардааст. Зеро ағлаби ҳамтоёни ҷавонаш одитарин жанрҳои иттилоотиро дуруст намефаҳманд ва аз ӯҳдаи навиштани хабари маъмулӣ ҳам намебароянд.
Маҳинаи Даврон, хабарнигори радиои «Имрӯз», низ мегӯяд, дар донишоҳ бештар ба ҷавонон донишҳои назариявӣ омӯзонида мешавад, ки мӯҳтавои аксари ин матолиб ҳам меросӣ замони гузаштаанд. Ин аст, ки вақте рӯзноманигорони ҷавон ба фаъолияти амалӣ шурӯъ мекунанд, ба мушкиливу монеаҳои хеле зиёди касбӣ мувоҷеҳ мешаванд.
Маҳина мегӯяд, «тарзи гузоришнависие, ки дар донишгоҳ ба мо меомӯзанд, тамоман аз усули гузоришҳои расонаҳои имрӯза фарқ мекунад».
Журналистикаи чандрасонаӣ
Журналистикаи замони муосир ба фарқ аз даврони Шӯравӣ аз хабарнигор донишу малакаи зиёдро тақозо мекунад. Расонаҳои муосири хабарӣ бештар ба он кормандоне бартарӣ медиҳанд, ки аз компютеру интернет моҳирона истифода мебаранд ва матлаби хешро ҳам дар шакли видео, аудио ва хаттӣ пешниҳод месозанд.
Ин аст, ки ба андешаи мусоҳибонам, пайдо кардани ҷойи кор барои журналисти ҷавони воқеан донишманд кори душвор нест. Дар ҳамин замина Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори ҷавон, мегӯяд, ба андешаи ӯ, мушкилӣ набуди кор ба журналистони варзида таҳдид намекунад.
Вай меафзояд, «агар рӯзноманигор кӯшиш кунад, бар ивази заҳматҳои хуб метавонад ҷойи кори беҳтар ёбад. Аммо барои ин заҳмати зиёд кашидан лозим аст. Агар шумо хуб шинохта шавед, расонаҳо ҳатман ба кор даъват мекунанд».
Сӯйистифода аз хабарнигорони ҷавон
Аммо Маҳинаи Даврон мегӯяд, кори бештари ҳамтоёни ҷавонаш аз ҷониби бархе аз масъулони расонаҳои хабарӣ сӯйистифода қарор мегирад. Ба андешаи Маҳина, бо дарки камтаҷрибагии ҷавонон бархе аз масъулин нерӯи журналистони ҷавонро то ҳадди аксар истифода бурда, барояшон маоши кам медиҳанд.
Ҷомеашиносон феълан журналистонро ба қишри миёнаҳоли ҷомеа мансуб медонанд. Ба ҳисоби миёна хабарнигорон аз 600 то 1000 сомонӣ маош мегиранд, ки ин маблағ то ҷое барои пешбурди зиндагии як ё ду нафар кофист. Аммо кам будани маоши ба вижа журналистони ҷавон то ҷое онҳоро аз ин пеша дилсард мекунад.
Бисёриҳо бар он назаранд, ки журналистони ҷавон шароити нисбатан озод фаъолиятро мекунанд. Зеро ба ақидаи онҳо, дар замони шӯравӣ кори ҳамкасбонашонро ҳукумат сахт назорат мекард ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ онҳо таҳти фишорӣ гурӯҳҳои алоҳида қарор доштанд ва ба хотирӣ амнияти хеш худсонсурӣ мекарданд.