Адами дастрасӣ ба манобеи алтернативии ахбор дар шаҳру навоҳии водии Вахш, ба иддаои коршиносон, дар миёни аҳолӣ гуруснагии иттилоотиро ба бор овардааст.
Бо ин вуҷуд ки феълан дар қаламрави вилояти Хатлон наздик ба 40 нашрияи сатҳи маҳаллӣ ва вилоятӣ сабтином шудаанд, танҳо ҳудудан 2 ё 3 нашрия ба таври мунтазам ва он ҳам ҳафтае як маротиб рӯйи чоп мебинанд. Гузашта аз он, муассиси аксари кулли нашрияҳо ҳукуматҳо ё маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошанд ва табиист, таҳаввулоти минтақа ё ноҳияро ба он сурат инъикос мекунанд, ки «хоҷагон»-ашон мехоҳанд.
Нашрияҳои якранг
Рустами Сафар, хабарнигори мустақили тоҷик, мегӯяд, тамоми нашрияҳои маҳаллии ҳукуматӣ дар Хатлон аз тариқи обуна ба чоп мерасанд ва табиист, ин рӯзномаҳо бояд аз хостаҳо, интизориҳо ва аз дардҳои хонандаи худ бигӯянд.
Вай меафзояд, «аммо мо мебинем, ки нашрияҳо пурра минбари ҳукумат шудаанд. Саҳифаҳои аввалу дуюму саввум, гоҳо мешавад, ки тамоми шумораи рӯзнома, вобастаи матолиби марбут ба ҳукумат мешаванд. Саҳифаҳо бо сухани раисону кабирон банд мешаванд, ҳамоно саҳифаҳои аввал якранг ба назар мерасанд, мисли нашрияҳои замони шӯравӣ. Аксҳо дар саҳифаи аввал кам тағйир мехӯранд, чун бештар сурати шахси аввали ҳукумат дар он нашр мешавад. Ва бо чунин ҳол, табиист, ки хонанда бо завқи калон ин рӯзномаҳоро хонда наметавонад. Ва дар мисоли нашрияҳои ноҳияҳо низ ҳамин тавр аст. Дар ноҳияҳо нашрияҳо гоҳ-гоҳ ба чоп мерасанд, ҳамагӣ соле 4-5 маротиба…»
Фаъолияти номуассири телевизион
Ва гуруснагии иттилоотӣ на танҳо бинобар нашр нашудани рӯзномаҳо дар Хатлон ба бор омадааст, балки расонаҳои электронии хабарӣ ҳам дар ҷануби Тоҷикистон фаъолияти номуассир дошта, дар беш аз 10 шаҳру ноҳияи минтақа мавҷи барномаҳои телевизиони давлатии Хатлон қобили дарёфт нестанд.
Юсуф Беков, сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, мегӯяд, бинобар ин ки дар ин ноҳия тамошои шабакаи телевизиони Хатлон ғайриимкон аст ва низ рӯзномаи ноҳиявӣ гоҳ-гоҳе ба нашр мерасад, мардум аз таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Ёвон ноогоҳ мемонанд:
«Мо як-як аз барномаҳои телевизионҳои ҷумҳуриявӣ дидан мекунем. Телевизиони Хатлонро дар Ёвон касе наметавонад тамошо кунад, зеро мавҷ намерасад. Рӯзномаи ноҳиявии «Субҳи Ёвон» бошад, бо теъдоди бисёр кам нашр мешавад. Ин рӯзномаро танҳо дар рӯзҳои ид мебинем. Агар ягон ид набошад, рӯзнома чоп намешавад…»
Маъруфияти шабакаҳои афғонӣ
Ва аммо мушкили дигар ин аст, ки сокинони маҳаллӣ аз тамошои телевизиони Хатлон ба вижа дар навоҳии наздимарзӣ бо Афғонистону Узбакистон ҳам маҳрум буда, бештар шабакаҳои телевизионии кишварҳои ҳамсояро тамошо мекунанд.
Хуршед Сафаров, мудири дафтари намояндагии телевизиони давлатии «Сафина» дар Қӯрғонтеппа, мегӯяд, бо ин ҳол, амнияти иттилоотии Тоҷикистон метавонад халалдор шавад:
«Ман фикр намекунам, ки чунин тамоюл пайомади хуб дошта бошад. Дар ҳоле ки мардум пули рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ харидан надоранд, ягона роҳ телевизион аст. Аммо мардуми ноҳияҳои марзӣ шабакаҳои садов а симои хориҷиро ихтиёр мекунанд, ки хатарзо аст барои амнияти иттилоотии мо. Бояд кумитаи садо ва симои Тоҷикистон сари ин масъала андеша кунад. Ниҳоят дарк кунад, ки бояд ба расонаҳои тозатаъсис ва мустақил дар дохили Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Хатлон литсензия ё иҷозатномаи расмии пахшро бидиҳад, то ҳамин холигии фазои иттилоотиро комил созанд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки фазои иттилоотии Тоҷикистн, мутаассифона, соҳиб надорад…»
Тадбирҳои кумитаи садо ва симо
Дар ҳамин ҳол, Ҳамро Салимов, раиси кумитаи садо ва симои вилояти Хатлон, мегӯяд, талоши ҳукумат ҳам ин аст, ки сокинони Хатлон бештар аз таҳаввулоти минтақа аз тариқи расонаҳои ватанӣ хабардор шаванд, на ба воситаи шабакаҳои хориҷии телевизионӣ:
«Давлати мо соҳибистиқлол аст ва Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон силсилаи тадбирҳоеро меандешад, ки мардуми кишвар, бахусус сокинони ноҳияҳои марзӣ барномаҳои шабакаҳои ватаниро тамошо карда тавонанд. Ҳар як давлат талош мекунад, ки фазои иттилоотии кишвар бо мавҷи шабакаҳои садо ва симои худаш пур шавад ва нашрияву маҷалаҳои худашро мардум дастрас кунанд. Ин сиёсат аст ва онро хурду бузург дарк мекунанд…»
Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави вилояти Хатлон танҳо ду шабакаи телевизионии ғайриҳукуматӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Восеъ ва ҳамчунин як нашрияи ҷамъиятӣ бо номи «Пажвок» дар Кӯлоб ва як нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ» дар Қӯрғонтеппа фаъолият мекунанд.
Аммо дар миёни даҳҳо расонаи ҳукуматӣ дар Хатлон, расонаҳои номбаршударо танҳо рамзан мешавад гуфт, ки мустақил ҳастанд, чун ба гуфтаи коршиносон, ин расонаҳо бештар вобастаи сармоягузорони худ ҳастанд.