Хоҷамӯъмин - бузургтарин намакдони дунё

Миёни мардуми минтақаи Кӯлоб дар мавриди асрори то ҳанӯз кашфношуда ва ниҳони ин кӯҳ ривояту достонҳои зиёде вирди забонҳост. Аммо то ҳанӯз таҳқиқоти илмии ҷиддӣ дар мавриди ин кӯҳ, таъми намак ва чашмаҳои шӯру ширини он анҷом нашудааст.

Бозор Каримов, як сокини кӯҳансоли ноҳияи Ҳамадонӣ, ки таҷрибаи бои фаъолият дар конҳои зери ин кӯҳ дорад, мегӯяд, мӯъҷизаи нахуст ин роҳ ба сӯи баландии ин кӯҳ аст, ки дар ҳар сафар барои бинанда тағийр меёбанд ва касе то кунун бо як роҳ болои кӯҳ ва бо ҳамон роҳ поин нашудааст. Ҷаноби Каримов ба ин мӯъҷиза бовар дорад ва аз онҳое, ки ба ин бовар надоранд, хоҳиши боре сафар ба болои ин кӯҳро дорад.

Дар мавриди пайдоиши ин кӯҳ, чун таҳқиқоти илмии пуррае рӯи даст нест, мо ин ҷо такя ба ривоятҳои соддаи мардумӣ кардем. Холиқ Насимов, сокини ноҳияи Восеъ бар тибқи шунидаҳои худ аз кӯҳансолон ривоят мекунад, ки гӯё бузургворе бо номи Хоҷаи Мӯъмин аз бародари худ Хоҷаи Сартез намак талаб карда, ҷавоби рад мешунавад. Хоҷаи Мӯъмин сӯи парвардигор дасти дуо мебардорад ва талаб мекунад, то ӯро ба кӯҳи намак бадал гардонда, мардумро аз эҳтиёҷи намак берун созад.

Зери кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин рӯдхонае мегузарад, ки аз сурохҳои бузурги болои кӯҳ ба чашм намоён аст ва ба қавли мутахассисон маҳз ин рӯдхона намакро шуста ба берун бароварда, монеъи инкишофу бузург шудан он мегардад.

Мадвалӣ Ҳамидов, имомхатиби масҷиди Хоҷамӯъмин мегӯяд, китобҳои зиёде дар мавриди ин кӯҳ ва таърихи он то солҳои 1920 вуҷуд доштааст, вале ба гуфтаи ӯ он ҳама китобҳо аз ин мавзеъ рабуда шудаанд ва имрӯз касе наметавонад, сари ин масъала маълумоти дақиқ диҳад.

Вале Бозор Каримов низ аз мушоҳидаҳои худ мегӯяд, намаки ин кӯҳ ҳамеша дар ҳоли сабзиш аст.

Болои кӯҳи намак садҳо ҳектор замини кишт ва ҷангалу дарахтзорҳо вуҷуд дорад. Ҳайвоноту паррандаҳое, ки болои он ба сар мебаранд, исмашон дар “Китоби Сурхи Тоҷикистон” сабт ёфтааст.

Ин кӯҳ миёни навоҳии Восеъ ва Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб ҷойгир буда, аз сатҳи баҳр то 1,5 ҳазор метр баландӣ дорад.
Ҳоли ҳозир зери ин кӯҳ чаҳор корхонаи тавлидоти намак фаъолият мебарад ва ба қавли мутахассион агар захоири намаки ин кӯҳ ба пуррагӣ марвиди истифода қарор бигирад, барои садсолаҳо ба аҳолии кураи замин мерасад.