Шумори занон дар порлумони ҷадиди Тоҷикистон 13 нафарро ташкил медиҳад. То кунун дар Маҷлиси намояндагон теъдоди вакилони зан 11 нафар ё 15 дарсад бештар набудааст.
Акнун, ки шумораи занҳои вакил дар Маҷлиси намояндагон бештар шудааст, оё метавон интизор шуд, ки таваҷҷӯҳи қонунгузорон ба мушкилоти занҳо афзоиш меёбад?
Мушкилоти занони тоҷик
Ойниҳол Бобоназарова, донишманди арсаи ҳуқуқ , мегӯяд, набуди ҷойи кор, мамониат дар роҳи касби илм ва дарёфти тахассус, хушунати хонаводагӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва раванди афзояндаи муҳоҷират аз мушкилоти занону духтарони тоҷиканд.
Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, бонувони вакил дар порлумони Тоҷикистон метавонанд дар расидагӣ ба ин мушкилоти занҳо даст ба иқдомоти амалӣ бизананд.
Ойниҳол Бобоназарова меафзояд, бонувони вакил метавонанд як фраксия ё ҷиноҳи алоҳидаеро ба манзури ҳимояти бештар аз ҳуқуқи занҳо дар Маҷлис таъсис бидиҳанд.
Интизориҳо аз вакилони зан
Галия Рабиева, вакили пешини порлумони Тоҷикистон, ки дубора ба ин мақом интихоб шудааст, гуфт, танҳо аҳзоби сиёсианд, ки ҳаққи таъсиси ҷиноҳ дар парлумонро доранд. Вале афзоиши шумори вакилон аз ҳисоби бонувон имкон медиҳад, ки мушкилоти занҳо дар парлумон бештар матраҳ шавад.
Хонум Рабиева афзуд, ки онҳо талош доранд, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи зан ва модар дар муҳити хонавода ва ё ба ҳангоми аз ҳам пошидани хонавода дар қонунгузории кишвар баъзе тағйирот ворид шавад.
Вале Адолати Мирзо, муассиси нашрияи мустақили «Миллат», бар ин бовар аст, ки зиёд шудани шумораи занҳои вакил наметавонад дар коҳиши мушкилоти занҳо мусоидат кунад.
Ба ақидаи хонум Мирзо, ҳамаи бонувони вакил, ки тоза вориди порлумон мешаванд, намояндагони як ҳизб - ҳизби ҳокиманд ва бештари онҳо ҷуръат ва ҷасорате надоранд, ки мустақилона масъалагузорӣ кунанд.
Зимнан ин барои бори нахуст аст, ки дар ҳайати 63-нафарии вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 13 нафар бону ворид мешавад. Шаш нафари онҳо аз тариқи феҳристи ҳизбӣ ва бақия бо пешниҳод ва мусоидати ҲХДТ мандати вакили парлумонро соҳиб шудаанд. Аз ин рӯ ҳама бонувони вакил дар парлумони касбии Тоҷикистон номзадҳои ҲХДТ мебошанд.
Интизор меравад яке аз бонувони вакил ба симати муовини раиси Маҷлиси намояндагон баргузида шавад.