Дар мавзеъи Ҳушёрии минтақаи Варзоб се рӯз боз беш аз 300 нақлиёти мусофиркашонӣ ва боркаш ба тарафи шимоли Тоҷикистон иҷозаи рафтанро надоштаанд.
Дар ҳоле ки Кумитаи изтирории кишвар мегӯяд, роҳ аз тарма тоза шудааст ва ҳеҷ монеае барои гузаштани нақлиёти мусофирон нест, худи мусофирҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, кормандони БДА онҳоро иҷозаи гузаштан аз нақбро намедиҳанд.
Аҳмад Асоев, навбатдори шӯъбаи фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта аз тарафи ин ниҳод роҳ ба тарафи шимоли кишвар аз тарма тоза карда шуд. Ӯ гуфт, феълан хатари тармаҳои калон вуҷуд надорад, хатари тармаҳои хурд аст, ки тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Вале мусофирон мегӯянд, ҳанӯзам кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба онҳо иҷозаи гузаштан аз нақбро намедиҳанд. Мақомоти БДА сабаби ин ҳолатро ба Озодӣ шарҳ додан нахостанд.
Як зани мусофири дармонда дар мавзеъи Ҳушёрӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, «се шабу се рӯз аст, ки дар ин роҳ гуруснаву ташна мондагием. Бемор шудем, занҳо бо кӯдакони ширхора ҳам дар ин ҷо ҳастанд. Фишори кампирҳои барҷомонда баланд шудааст, ҳатто ёрии таъҷилӣ нест. Ба мо мегӯянд, ки шуморо кӣ гуфт, то дар зимистон сафар кунед. Аз тарафи Айнӣ аз саҳар се «OPEL» ба тарафи ҷануб омад, аммо аз ин тараф кормандони БДА иҷоза намедиҳанд. Ҳарчанд наздашон рафта зора кардем, моро аз наздашон пеш карданд».
Шуморе аз ин мусофирон ва ронандагон мегӯянд, ҳолати пора гирифтани кормандони БДА низ ҷой дорад. Вале як ронанда гуфт, кормандони БДА асос меоранд, ки аз тарафи шимол 10 мошини боркаши ширкати «Барқи тоҷик» ба тарафи ҷануб ҳаракат дорад.
Ҳарчанд се рӯз боз ин занҳо ва кӯдакон дар ин роҳ аз маводи ғизоӣ танқисӣ мекашанд ва сардии ҳаво ҳам ба саломатии онҳо зиён мерасонад, аммо, ба гуфтаи онҳо, то кунун ёрии таъҷилӣ ва ягон кӯмак ба онҳо расонида нашудааст.