"Ҷанги иттилоотӣ"-и ҳукумат бо аҳзоби мухолиф

Ниҳодҳо ва расонаҳои давлатии Тоҷикистон - радиову телевизиону торнамоҳо як маъракаи, ба истилоҳ «ҳуҷуми ҷавобӣ», ба даъвоҳои аҳзобу намояндаҳои норозӣ аз интихоботи парлумониро роҳандозӣ кардаанд.
Ин вазъ пас аз он ба миён омад, ки аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама наҳзати исломӣ ва сотсиал-демократ аз натиҷаҳои интихобот шадидан эътироз ва ниҳодҳои ҳукуматиро дар тақаллубкории густарда муттаҳам карданд ва худи интихоботро ғайридемокративу ноодилона ва ҳатто «золимона» эълом доштанд.

Қабл аз ҳама Додгоҳи олии Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ аксари кулли арзу шикоятҳои аҳзоб ва намояндаҳои норизоро беасос хонд. Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳур пирӯзии ҲХДТ ва номзадҳои онро «шинохти дурусти мардум» унвон кард ва далели бохти аҳзоби наҳзати исломиву сотсиал-демократро дар наздик набуданашон бо мардум ва адами олимону сиёсатшиносон ва равоншиносон дар сафҳояшон ном бурд. Ҳамчунин, ин марказ пирӯзии аҳзоби аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодиро дар кишвари аграрӣ будан ва ниёз ба ислоҳоти иқтисодӣ доштани Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Дар ин муборизаи, ба истилоҳ иттилоотӣ бахусус расонаҳои ҳукуматӣ фаъол ба назар мерасанд. Порае аз хулосаи рӯзноманигори телевизиони «Ҷаҳоннамо»:
«Муҳимтарин дастовард ин аст, ки мардум як бор ба саҳна меоянд, дар таъини сарнавишти худ нақш мегиранд ва ҳизбҳое, ки дар ин раванд иштирок мекунанд, ҳам худро мешиносанд ва ҳам иродаи мардумро мефаҳманд ва ҳам нуқтаҳои заъифи худро то интихоботи баъдӣ боз ислоҳ мекунанду барои гирифтани раъйи мардум талош меварзанд. Ба ҳар ҳол, акнун метавон гуфт, парлумони нави мо шакл гирифт ва барои касоне, ки ба ин шарафи бузург ноил гардиданд, яъне боварии мардум, барори кор ва пешрафтҳо таманно мекунем»

Ҳамчунин, дар телевизионҳои ҳукуматии Тоҷикистон имрӯзҳо сиёсатшиносон низ ба гуфтугӯҳо даъват мешаванд. Исмоил Раҳматов, устоди сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар телевизиони давлатӣ:
«Дар бораи тақаллубкориҳое, ки баъзе ҳизбҳо ва нафарҳо мегӯянд, албатта, ман фикр намекунам, ки ин гуна ҳолат рух надиҳад. Шояд рух диҳад. Як чизро ёдовар шудан даркор аст, ки президенти Тоҷикистон аз оғози маъракаи интихобот ба таври расмӣ аз тариқи расонаҳо ба мардум муроҷиат карданд ва гуфтанд, ки ба ягон тақаллубкорӣ роҳ дода нашавад. Албатта, баъзе намояндаҳои мақомоти маҳаллӣ шояд дар баъзе ҷойҳо ба ин ҳолат роҳ дода бошанд, лекин шояд ин аз он аст, ки онҳо ба мавқеи худ боварӣ надоштанд. Аммо ин мавқеи ҳамаи ҳукуматҳо нест. Ин мавқеи ҳукумати марказӣ ҳам нест. Зеро раҳбари давлат ба ҳама гуфта буданд.»

Сомонаи Оҷонси миллии иттилоотии Тоҷикистон - khovar.tj, ки қаблан ҳам матолиби бемуаллиф ва ё бо имзои мустаорро алайҳи мухолифини ҳукумат таҳия мекард, ин дафъа матлаберо таҳти унвони «Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд», ба нашр додааст. Ин матлаби бемуаллиф гӯё аз сӯи донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа навишта шудааст, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломиро дар истифодаи маболиғи кишварҳои исломиву аврупоӣ, маҳалгароиву хешутаборчигӣ, боло гузоштани манфиати шахсӣ бар миллӣ ва истифодаи ислом ба манфиати хеш муттаҳам карда, баръакс раисҷумҳури Тоҷикистонро пуштибони ислом арзёбӣ мекунад.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси сиёсӣ бар ин аст, ки «ҳуҷуми ҷавобӣ»-и расонаву ниҳодҳои давлатӣ ҳам аслан ба ҲНИТ нигаронида шудаанд, на мутмаин кардани мардум ба воқеияти натиҷаҳои интихобот:
«Вокуниши Ҳизби наҳзати исломӣ барои ҳукумат ғайриинтизор буд. Ба фикри ман, ҳукуматиҳо худро дар як ҳолати ногувор ҳис карданд ва ба ин омода набуданд. Яъне, камтар худро гум карданд. Боварӣ надоштанд, ки чунин вокуниши сахт ба миён меояд»

Давлати Усмон, яке аз номзадҳои норизо ба намояндагии парлумон мегӯяд, мардум воқеан тақаллубкориҳоро бо чашми сар диданд ва ба гумон аст, ки кӯшишҳои «худсафедкунӣ»-ҳои ҳукумат натиҷа ба бор оранд:
«Сухан дар бораи обрӯи раисҷумҳури кишвар, ки кафили интихоботи шаффофу демократӣ буд, меравад. Раиси давлат ва раиси ҳукумати Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатман бояд ба ин шикоятҳои аҳзоби мухолиф расидагӣ кунанд ва то куҷо ҷо доштани ин шикоятҳо ҳатман бояд таҳқиқ шавад. Вагарна ҳукумат боварии мардумро ба даст оварда наметавонад ва ин шакку шубҳаҳо норозигии мардумро аз ҳукумат зиёд хоҳад кард»

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳам мегӯяд, он чӣ расонаҳои ҳукуматӣ алайҳи ӯ менависанд, нав нестанд, қаблан ҳам ин гуна мавод ба нашр мерасиданд ва ӯ ба онҳо одат кардааст. Вай низ бар дахолати раисҷумҳур ба вазъ ишора кард ва гуфт:
«Ман хеле мехостам ҷаноби раисҷумҳур вокуниши худро як каме ба таъхир андозанд, зуд эълон накунанд. Дар муқоиса бо интихоботҳои қаблӣ, ки зуд вокуниш карданд, рафтори дуруст карда истодаанд, ки як каме таҳаммул мекунанд, то имкони бештар барои андеша кардан ва таҳлили вазъи баъдазинтихоботӣ дошта бошанд»

Коршиносон мегӯянд, ба истилоҳ «ҷанги иттилоотӣ» миёни ҳукумату аҳзоби мухолифаш то лаҳзаи ба тавофуқи сиёсӣ расидани онҳо идома мекунад. Онҳо мегӯянд, ин фақат ҳимоят аз мавқеи хеш аст ва ба гумони ғолиб, итминон додани мардумро ҳам ҳадаф қарор намедиҳад, зеро мардум ба расонаҳову манбаъҳои ҳукумативу ҳизбӣ ё кам дастрасӣ дорад, ё ба онҳо таваҷҷӯҳ намекунад.