Бардошти интихоботии Маркази тадқиқоти стратегӣ

Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон интихоботи порлумониро шаффоф ва пирӯзии ҲХДТ - ро «шинохти дурусти мардум» унвон кард.
Сӯҳроб Шарифов, раиси ин Марказ, дар як нишасти матбуотӣ имрӯз дар Душанбе гуфт, ҲНИТ ва ҲСДТ натавонистанд, ки бо барномаҳояшон мардумро ба худ моил кунанд. Сӯҳроб Шарифов далели дигари ноком шудани ин ҳизбҳои сиёсиро дар интихобот дар сафи ҳизбҳо набудани олимон, сиёсатшиносон, равоншиносон маънидод кард. Вай гуфт, ҳизбҳои сиёсӣ низ манфиати гурӯҳӣ ва алоҳидаи хешро доранд, вале манфиатиҳо миллат ва давлат аз ҳама муҳим аст. Ӯ гуфт, ин интихобот системаи сиёсии Тоҷикистонро мустаҳкам кард.

Ҷаноби Шарифов, пирӯзии Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодиро дар он дид, ки «Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст ва ниёз ба ислоҳоти иқтисодӣ дорад. Барои ҳамин мардум ба онҳо раъй додааст».

Ақидаи Сӯҳроб Шарифовро муовинаш Сайфулло Сафаров тақвият бахшида, гуфт, барои ҷумҳурӣ ҳизбҳои мардуми камбизоату муҳоҷир лозим аст. Ӯ гуфт, мардум он чизеро интихоб мекунад, ки ба вазъи зиндагиаш наздик мебошад. Ҷаноби Сафаров гуфт, интихоби мардум аз фарҳанги сиёсии онҳо бармеояд. Ӯ гуфт, фаҳмиши мардуми деҳот аз фаҳмиши мардуми Душанбе фарқ дорад. Ӯ гуфт, аксарияти интихобкунандагон деҳқон ҳастанд, барои ҳамин ба ҷонибдории Ҳизби аграрӣ раъй доданд.

Аммо ҳамроҳ бо ҳизбҳои мухолифи ҳукумат, ки иддао доранд, раъйи онҳоро дуздидаанд, шуморе аз сиёсатшиносон низ ба натиҷаҳои интихобот назари дигар доранд. Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, натиҷаи интихобот ба раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ рахна зад ва муносибати ҷомеаи шаҳрвандиро бо давлат мушкил хоҳад гардонид.

«Вақте аъзои ҲНИТ саҳмияи Роғунро мехаранд ва дар ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлат бо ҳукумат ҳастанд, ҳамагон хурсанд мешавем, ки ҲНИТ ҳам саҳмия харид. Вале намехоҳем, ки дар маҷлисҳои маҳаллӣ ва парлумон намояндаи зиёд дошта бошанд. Ба ҳар сурат, бояд ки ваҳдати исломиҳо ва ҳукумат мустаҳкам нигоҳ дошта шавад. Ин барои суботи ҷомеа муҳим аст.»

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, бар ин назар аст, ки раванди интихобот шаффоф набуда, барои ҲНИТ, ки бо беш аз 40 ҳазор аъзо интизориҳои зиёд дошт, нокомӣ овард. Ба гуфти Парвиз Муллоҷонов, камбудии ҲНИТ ин буд, ки дар барномаҳояш танҳо болои арзишҳои исломӣ тамаркуз мекарданд, аз иқтисод, иҷтимоиёт, дарди имрӯзи мардум кам мегуфтанд. Таҳлилгар мегӯяд, ҲХДТ ҳам чандон тарафдори зиёд надорад ва дарди мардумро намегӯяд, танҳо низом ба ҲХДТ пирӯзӣ дод.

«Аммо ҳукумат кори хуб накард, ки ба ҲНИТ ҳамагӣ 7 дарсад раъй дод, ҳадди ақал 5 дарсади дигар медод. Соли 2005 ҳамагӣ 16 ҳазор аъзо доштанд, ҳамин қадар раъй гирифтанд, пас мантиқ куҷост ва кӣ бовар мекунад, ки ҲНИТ бо 40 ҳазор аъзо воқеан 7 дарсад раъй гирифтааст?»