"Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоботро ба додгоҳ мекашад. Эътирози оппозисюни тоҷик ба натиҷаҳои раъйдиҳӣ. Мухолифон таҳдид мекунанд ва ҳушдор медиҳанд." Ин сархатҳои нави расонаҳои хабарии Аврупо ва Амрикост дар робита ба вазъи пасоинтихоботӣ дар Тоҷикистон.
Матолиби расонаҳои ахбори ом муштариёни хеш, махсусан хонандагонеро, ки ба гурӯҳи тасмимгирандаҳо ё мушовирони сиёсати хориҷии ҳукуматҳо, дидбонҳои вазъи амниятӣ ва маҳфилҳои соҳибкории Ғарб шомил мешаванд, дар байни ду амри муҳим қарор медиҳанд.
Аз як сӯ амнияту оромии Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи Афғонистон ва яке аз шохаҳои роҳи икмолотии нерӯҳои НАТО ва аз сӯи дигар рушди равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон, ки интихоботи озоду одилона яке аз рукнҳои меҳварии он мебошад.
ТАСВИРИ АВЗОЪ
Рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" пас аз таъкид ба бартарии тақаллуб дар интихоботи порлумонии 28-уми феврал дар Тоҷикистон, дафъатан ба аҳамияти суботу рушди иқтисодии ин кишвар дар ҳалли қазияи Афғонистон ишора мекунад ва Ассошиейтед Пресс мегӯяд, "ба чолиш кашидани натиҷаҳои интихобот" дар як кишвари фақир ва саршор аз мушкилот метавонад ба нооромиҳо сабаб гашта, барномаҳои иқтисодии марбут ба Афғонистонро барҳам занад.
Ҳарду манбаъ низ ба нақл аз гузориши Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, бар асари бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон, ки мояи асосии рӯзгори мардум аст, ба андозаи сеяки сармояҳои интиқолии соли гузашта коҳиш ёфта, нархи алюмин ва пахта бо сабаби кам шудани талабот дар бозори ҷаҳонӣ поин омад ва рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2009 чаҳор мартаба, то 2% коҳиш дид. Кишвар аз бумбасти коммуникатсионӣ, бӯҳрони энержӣ ва фасоду ришвати густарда дар азият аст.
Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида дар умури Афғонистон ва Покистон, Ричард Ҳолбрук, ки нимаи дувуми моҳи феврал аз Тоҷикистон дидан кард, аз таҳдиди Ал-Қоида ба ин кишвар ҳушдор дод. Ин ҳам дар ҳоле ки тобистони соли гузашта, нерӯҳои давлат дар шарқи Тоҷикистон чанд моҳ бо гурӯҳҳои мусаллаҳ даргир буданд.
ҶОЙГОҲИ ИСЛОМ
Қариб ҳамаи расонаҳои ахбори ом ба ин нукта ишора мекунанд, ки дар Тоҷикистон ягона ҳизби сиёсии исломӣ дар Осиёи Марказӣ расман фаъол аст ва дар порлумон ду вакил дорад.
Дар аввалҳои феврал Ассошиейтед Пресс навишта буд, нуфузи ислом ва ҳамроҳ ба он Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад ва "мардум дар симои ислом олтернатива, адл ва ҳаёти беҳтарро меҷӯянд."
Сулаймон Давлатов, мудири равобити иҷтимоӣ дар Донишкадаи исломии таҳти назорати давлат гуфтааст, "агар ба масҷид равед, мебинед, ки аксари намозгузорон ҷавононанд."
Ба таҳлили Питер Леонард, хабарнигори Ассошиейтед Пресс, ҳукумати Тоҷикистон ба ислом бархӯрди духӯра дорад. Аз як сӯ гурӯҳҳои мухталифи исломиро зери фишор мегирад ва аз сӯи дигар мехоҳад, бузургтарин масҷиди Осиёи Марказиро бунёд кунад. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳамчун бахше аз собиқ Иттиҳоди нерӯҳои оппозисюни тоҷик, ки то соли 1997 бо ҳукумат дар ҷанг буд, тарафи асосии созишномаи сулҳ буда, пас аз чанд соли эҳтиёт ва хомӯшӣ ба эҳёи нуфуз ва тавонмандиҳои собиқи худ пардохтааст.
ҶУЗЪИЁТИ ҶОЛИБ
Ҳанӯз як моҳ пеши расонаҳои ғарбӣ, бо вуҷуди ишора ба пешрафтҳои демократӣ дар Тоҷикистон аломатҳои фарҷоми эҳтимолии интихоботи порлумониро дар миён гузоштаанд. Чунончи хабаргузории Ройтерз навиштааст, "дар Тоҷикистон нишоне аз нооромиҳо ё эътирозҳои оммавӣ ба чашм намехӯрад, вале шаҳрвандони оддӣ зимни амиқрафти бӯҳрони иқтисодӣ ва густариши фақр ҳарчӣ бештар аз ҳокимияти 17-солаи президент Раҳмон дилхунук мешаванд. Наздик ба ними нерӯи кори кишвар дар хориҷа, умдатан Русия истифода мешавад."
Дар ҳамин гузориш, сокини 62-солаи Душанбе, Алишер Шодиев гуфтааст, "умеде нест. Онҳо ҳизберо, ки ман барояш овоз медиҳам, намегузоранд, ки вориди порлумон шавад."
Расонаҳои ғарбӣ ҳамчунин ба талошҳои аҳзоби дигар, масалан, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ ишора кардаанд, вале афзудаанд, ба сурати умум, аҳолӣ нисбати ҳамаи аҳзоби сиёсӣ бетафовут аст ва камбуди шадиди иттилоъ ва маҳдудиятҳо дар таблиғу ташвиқ ин бетафовутиро афзоиш медиҳад.
РОҒУН ВА ИНТИХОБОТ
Чанде аз расонаҳо гуфта буданд, ки шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон ба фурӯши саҳмияҳои Роғун ҳамчун маъракаи сарнавиштсоз вақт ва таваҷҷӯҳи бештар доданд, то ба интихобот.
Аммо дар ҳамин шароит ҳам аҳзоб ва номзадҳо бо назардошти ваъдаҳои батакрори раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва падид омадани як фазои нисбатан озод бо шӯру ҳаяҷон вориди сабқат шуданд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ҳанӯз ду ҳафта пеш аз рӯзи раъйгирӣ ба Ройтерз гуфтааст, зиёда аз 35 дарсади интихобкунандагон аз ҳизби ӯ ҳимоят хоҳанд кард.
Вале дар гузориши дигари Ройтерз аз Тоҷикистон, сокини 72-солаи Душанбе, Ғуломҷон Собиров гуфтааст: "Эмомалӣ ҳамаи номзадҳоро худаш интихоб мекунад. Албатта, мумкин аст, вай як-ду курсиро ба мухолифонаш диҳад. Аммо агар дилаш нахост, порлумон танҳо аз тарафдорони ӯ иборат хоҳад буд."
РӮЗИ ВОҚЕА
Дар як бахши умдаи хабару гузоришҳо дар расонаҳои байнулмилалӣ, ки ба ҷараёни раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон бахшида шудаанд, тасвирҳое аз ҳавзаҳои раъйгирӣ, рӯҳияи мардум ва хилофкориҳо чида шудаанд.
Барои намуна, Ройтерз бо ҳикоят аз маҳалли раъйдиҳии раисиҷумҳури Тоҷикистон, менависад, "дар ин қисмат аз шаҳри Душанбе қасрҳои нео-классикии сарватмандони нав бо кулбаҳои гилии кӯҳнаву фарсудае ҳамсояанд, ки тирезаҳояшонро ба ҷои шиша селофан пӯшидааст."
Дар ҳамин ҳол раисиҷумҳур Раҳмон ҳангоми раъйдиҳӣ гуфтааст, "ин интихобот барои рушди кишвар ва беҳбуди мардум аҳамияти бузург дорад."
Хабарнигори Ройтерз ин тазодро меорад, ки дар бархе аз ҳавзаҳо як шахс метавонист, ба ҷойи чанд нафари дигар, ки шиносномаҳои онҳоро дар даст дошт, раъй бидиҳад, аммо интихобкунандагоне низ буданд, ки номашон дар феҳрастҳо набуд ва аз ҳаққи қонунии хеш маҳрум гаштаанд.
Як нозири ғарбӣ ба ин хабарнигор гуфтааст, ки номзади мухолиф дар ҳавзаи Данғара, зодгоҳи раисиҷумҳур вақте ба раъдиҳӣ омад, фаҳмид, ки аллакай каси дигар ба ҷои ӯ раъй додааст.
БО ДАСТУРИ СТАЛИН?
Рӯзномаи "Файненшл таймс" зимни хабарҳо аз эътирози аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ва ба нақл аз шореҳи рус, Андрей Грозин рӯзи 3-уми март навишт, бо вуҷуди он ки мардуми Тоҷикистон аз интихобот тағйиру дигаргуниҳоро интизор дошт, зоҳиран тағйири ҷиддие дар порлумон ба вуқӯъ нахоҳад пайваст.
Ҷаноби Грозин, мудири омӯзишҳои марбут ба Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Маскав ба "Файненшл таймс" гуфтааст, "интихобот дар Тоҷикистон бар пояи ҳикмати Сталин баргузор гашт, ки муҳим нест, ба кӣ овоз медиҳанд, муҳим аст, ки овозҳоро кӣ мешуморад."
Вай ба он ишора кард, ки наздик ба 90 дарсади кумиссюнҳои интихоботӣ дар кишвар дар дасти ҳизби ҳокиманд ва эътирозҳои аҳзобу номзадҳои алоҳида метавонад, заминаҳои воқеӣ дошта бошанд. Аммо, меафзояд Грозин, ягон ҳизби мухолиф, ҳатто ҲНИТ, захираҳои кофии рӯёрӯии ҷиддӣ бо ҳукумати Раҳмонро надорад.
АНГУШТ БА СӮИ КМИР
Расонаҳои хабарии байнулмилалӣ ба нақл аз гузориши нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, набуди шаффофият ва масъулиятшиносии дастандаркорони интихоботро як монеаи ҷиддии интихоботи озод номидаанд.
Аммо раиси дастгоҳи Кумиссюни марказии интихобот ва райъпурсиҳои Тоҷикистон Муҳибуллоҳ Додоҷонов ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, кори ниҳодҳои марбут ба интихобот шаффоф ва худи онҳо саршор аз масъулиятшиносӣ буда, ҳамаи арзу шикоят сари вақт баррасӣ шудаанд.
Вай афзудааст, "Баъд аз ҳар интихобот касе хурсанд мешавад ва касе ғамгин. Ҳам дар байни аҳзоб ва ҳам номзадҳо. Мо далелҳои тақаллубро дастрас накардаем."
Вале раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматилло Зойиров ба Ассошиейтед Пресс гуфтааст, чӣ гуна ҳизбе, ки номзадҳояш танҳо дар шаҳри Душанбе наздик ба 150 ҳазор раъй гирифтаанд, дар саросари кишвар ҳамагӣ 22 ҳазор раъй мегирифтааст. Ҳизбҳои норозӣ мехоҳанд, мақомоти интихоботро ба додгоҳ кашанд.
Вале Ройтерз мегӯяд, исбот кардани чизе бо сабаби печидагӣ ва номуайяниҳои зиёд хеле сангин хоҳад буд. Он ишора мекунад, ки ба кумиссюн пас аз қироати раъйҳо саволе дода нашуд, дақиқтараш имкон дода нашуд, касе суоле бидиҳад.
Ҷаноби Додоҷонов ба Ройтерз гуфтааст, "Тоҷикистон нақша надорад, ба равандҳои демократие, ки дар дигар кишварҳост, бигзор Иёлоти Муттаҳида, Аврупо ё Осиё тақлид кунад. Тоҷикистон роҳи худро дорад, ки мардумаш интихоб кардаанд."
Ин интихобот барои рушди кишвар ва беҳбуди мардум аҳамияти бузург дорад...

Онҳо ҳизберо, ки ман барояш овоз медиҳам, намегузоранд, ки вориди порлумон шавад...

Интихобот дар Тоҷикистон бар пояи ҳикмати Сталин баргузор гашт, ки муҳим нест, ба кӣ овоз медиҳанд, муҳим аст, ки овозҳоро кӣ мешуморад...