ҲДТ ва ҲНИТ аз Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ мешаванд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби демократи Тоҷикистон эълом доштанд, ки аз Шӯрои ҷамъиятии зери раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон хориҷ хоҳанд шуд.
Масъулони ин аҳзоб мӯътақиданд, ки дар интихоботи порлумонии рӯзи 28 – уми феврал раъйи бештари мардумро ба даст овардаанд, вале орои онҳо ба нафъи ҳизби дигар тақаллуб шудааст. Дар ҷаласаи фаъолони ҲНИТ, ки имрӯз баргузор гардид, таъкид шудааст, ки ихроҷ шудан аз Шӯрои ҷамъиятӣ оғози тасмимоти ин ҳизб хоҳад буд.

Муҳиддин Кабирӣ, Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳузури беш аз шашсад нафар аз фаъолони интихоботии ин ҳизб гуфт, тасмими Шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро эълон кард, ки тибқи он узвияти ҳизбаш дар Шӯрои ҷамъиятии Ҳизбу созмонҳои иҷтимоиро қатъ шудааст.

Аммо оқои Кабирӣ афзуд, бо назардошти инкишофи раванди вазъ тасмимоти онҳо дар муносибат бо интихоботи парлумонӣ марҳала ба марҳала тағйир хоҳад хӯрд. Ҷаноби Кабирӣ афзуд, дар сурати бенатиҷа боқӣ гузоштани шикоёти ин ҳизб аз мавориди зиёди тақаллуб ин имкон низ вуҷуд дорад, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ширкати худ дар Маҷлиси намояндагонро зарур нашуморад.

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аммо Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дурустӣ ва шаффофияти шумориши оро дар интихоботи парлумониро зери суол гузошт ва аз масъулони интихоботӣ тақозо карда, ки баргаҳои раъй дигарбора шумурда шаванд. Ба ақидаи оқои Собиров ҳизби зери раёсати ӯ ҳама имкони ворид шудан ба парлумонро дошт, аммо дастандаркорони ин маърака дар шумориши оро ба тақаллуб роҳ додаанд.

Ин дар ҳолест, ки масъулони КМИР мегӯянд, интихобот дар Тоҷикистон бо риояи тамоми меъёрҳо сурат гирифт ва агар иштибоҳоте сурат гирифта, хурду ночиз аст.

Мизроб Кабиров, муовини раиси КМИР ба радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ кафолат медиҳад, ки интихоботи парлумонӣ 99% шаффофу демократӣ доир шудааст. Оқои Кабиров, вале афзуд, то кунун аз сӯи аҳзоби норозӣ расман ҳеҷ гуна шикоят дарёфт накардаанд: “Бо ин ҳол хуруҷи аҳзоби норозӣ аз интихоботи парлумонӣ аз Шӯрои ҷамъиятӣ чӣ пайомад хоҳад дошт ва оё кадом ба истилоҳ «хол»-и сиёсиеро барои ин аҳзоб хоҳад овард. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҲНИТ қаблан низ як чунин иқдом карда буд”.

Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсат шиносони Тоҷикистон мегӯяд, Шӯрои ҷамъиятӣ як ниҳоди ғайридавлатӣ ва машваратиест, ки ҳеҷ гуна салоҳият ва ваколати асар гузоштан ба вазъро надорад. Аз онки аҳзоб аз он ихроҷ ва ё ворид мешаванд чизе иваз намешавад.

Ҷаноби Мамадазимов имкони таъсиси эътилофи аҳзоби оппозисиюнӣ дар заминаи мухолифатҳои бар сари натиҷаҳои интихоботи парлумонро баъид мешуморад. Ӯ бар ин назар аст, ки имкон дорад вазъи пешомада аҳзоби норозӣ аз натоиҷи интихоботро барои тасмимоти муштарак таҳрик бидиҳад, вале авомили зиёде вуҷуд дорад, ки ин аҳзоб наметавонанд вориди як эътилоф бишаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Masud Sobirov