САЛОМ, ЭЙ САР!
Салом ба ту эй калла, эй сар! Дар болои гардани қоқ чӣ аҳвол дорӣ? Мўйҳоят канӣ! Куҷо шуд он рустании ҷингилаю чун пари зоғ сиёҳат? Дар қимор бой додӣ? Ба осиёб даромадӣ? Ё ин ҳамон «Барфи зимистон аст, ки бар сари ҳар бом меборад?»
Баҳонаҷўӣ накун. Ман тамоми баҳонаҳоятро медонам. Ба гумонам, асоси кор дар он аст, ки ту «Сари кал нишонаи оқилист» гўён нисфи зиёди мўйҳоятро ба як тарзи аҳмақонае бой додӣ. Баъд, «Ман хаёлҳои хоми соҳибамро дар дегчаи худ мепазам»- гуфта, каттагӣ кардию, аз ўҳдаи он ҳам набаромада, мўйҳои боқимондаатро дар ин роҳ сафед кардӣ. Акнун пушаймонӣ суд надорад.
Гап байни худамон, ту аз аввал хатокор баромадӣ. Касби дўстдоштаю интихобкардаатро бин. Ба кӣ даркор буд он? Аз рўи фикри худат баъзеҳо нисфи ақли туро надоранду, кайҳо курсинишин шудаанд. Соҳиби унвонҳою маоши хуб ҳастанд. Ту чӣ? Шарм доре... Шахсан ман то ҳол ҳайронам, ки чаро ин гардани қоқ ба беақлиҳои ту тоқат мекунаду, туро аз болои худ канда, чун тўби футбол лагаде ба паси каллаат намефарорад. Аз афташ, ин гардан туро калла не, давоми худ меҳисобад.
Тамоми олам ба худситоӣ гузаштааст, ҳатто мардум ҳамдигарро тасаллӣ медиҳанд, ки «худтаърифкунӣ - меваи ширин» дорад. Табибони бечораро маҷбур кардаанд, ки онҳо худситоёнро ба қатори одамони махсус ворид кунанд... Одамон кайҳо фаромўш кардаанд, ки «худситоӣ далели нодонист» ва ба қавли қавме, он ба пунбахоӣ баробар аст. Фақат онҳо нафаҳмонданд, ки кадом навъи пахтаро хоидан зарарноктар аст... Ту бошӣ ду поятро ба як мўза зер карда, ба танқид ва истеҳзои соҳибат машғўлӣ. Шарм доре...
Чӣ? «Танқид меваи коммунизм аст»? Ташаккур! Мо ин дарсро аллакай гузаштем. Ту беҳтараш ба пазонидани фикрҳои хоми соҳибат дурусттар машғўл мешудӣ.
Не - не, ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ту касби ошпазиро пеша кунӣ... Ман норозигии туро ҳис мекунам. Шояд ту ҳақ бошӣ. Албатта, ман ҳам дар назди ту гунаҳгорам. Ман аксар вақт ба маслиҳати узвҳои дигар гўш дода, бо фикрҳои ту розӣ намешавам. Шояд ин аз рўи одоб набошад, лекин ман дигар хел рафтор карда наметавонам. Хусусан, вақтҳои охир фикрҳоям дар дохили ту ба бузкашӣ машғуланд ва ман ҷилави аспи онҳоро гирифта наметавонам... Пирӣ, бародар, пирӣ писари амакат намешавад. Баъзан беақлиҳое мекунӣ, ки...
Бо вуҷуди ин ман аз ту розиам, эй сар, эй каллаи бемўи ман. Хурсандам, ки ба душвориҳои ба ту боршуда нигоҳ накарда, кор мекунӣ. Ё аз хатоҳои соҳибат қаҳр карда, аз болои ин гардани қоқ фаромада намеравӣ. Ҳарчанд ҳақ дорӣ... Худатро дар пеши ҳар касу нокас беҳудаву баҳуда хам намекунӣ...
Ту ҳеҷ гоҳ баҳонаҷўӣ намекардӣ, ки соҳибат туро на ҳамеша аз гармои тобистону сармои зимистон ҳифз карда метавонист, вале ту ба ин нигоҳ накарда, кор мекардӣ ва на танҳо барои худ... Ту ҳеҷ гоҳ худбин набудӣ ва хаёлотатро ба тартиб дароварда, рўи варақ меовардӣ.
Хурсандам, ки ту ҳамеша соҳиби ақида ва афкори худ будӣ ва чандон гаправи намекардӣ. Ҳарчанд... Агар ба баъзе маслиҳатҳо гўш медодӣ, шояд соҳибат «Соҳиби ягон пора нони бедарди саре» мешуд. Вале ту хомӯшии дилро чун нишонаи инкор қабул мекардию, он маслиҳатҳоро намеписандидӣ...
Ба ту мегуфтанд, ки «Забони сурх сари сабз медиҳад барбод». Вале ту тундӣ мекардӣ, мешўридӣ...
Ташаккур ба ту, эй каллаи бемўй. Ҳарчанд нодорам, боз хурсандам, ки туро дорам. Туро дорам, ки худро дорам, дўстони хуб, касби хуб, оилаю фарзандони хуб дорам. То рўзе, ки дил метапад, ҳамроҳам бош, эй сар. Пас ихтиёр турост. То он дам ман паёми туро ба дил мерасонам ва кўшиш мекунам, ки тую дил бо ҳам қаҳрӣ набошед.
Инак дуруд бар ту, эй дил, эй қалби ноороми ман!