Натиҷаҳои нахустин ва эътирозҳои нахустин

Коммунистҳо, наҳзатиён ва ҲСДТ аз натиҷаҳои аввалияи интихоботи порлумонӣ изҳори норозигӣ карданд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбеи кишвар 87,1 фоизи раъйгирандагон иштирок кардаанд. Ин дарсад ба рақам 3 миллиону 154 ҳазору 433 нафар будааст. Шумори умумии шаҳрвандоне, ки ба феҳристи ҳаққи раъйдоштагон ворид шуда буданд, 3 миллиону 621 ҳазору 174 нафар будааст.

Бар тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, шумори раъйҳое, ки 8 ҳизби сиёсии кишвар дар интихобот аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба даст овардаанд, чунин аст:

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон - 71,69 % (2 миллиону 261 ҳазору 406 овоз)
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - 7,74 % (244 ҳазору 171 овоз)
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон - 7,22 % (227 ҳазору 809 овоз)
Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон - 4,86 % (153 ҳазору 236 овоз)
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон - 4,69 % (147 ҳазору 896 овоз)
Ҳизби демократии Тоҷикистон - 0,84 % (26 ҳазору 114 овоз)
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон - 0,72 % (22 ҳазору 610 овоз)
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон - 0,47 % (14 ҳазору 907 овоз)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Results of elections



Бар асоси қонун, танҳо он аҳзобе аз феҳрасти ягонаашон ба порлумон роҳ меёбанд, ки садди панҷдарсадиро убур карда бошанд. Бад ин тартиб, бино бар эълони КМИР, аз феҳрасти ягонаи умуҷумҳуриявӣ ҲХДТ, ҲНИТ, ҲКТ, Ҳизби кишоварзӣ ва ҲИИТ дар порлумони соли 2010 намоянда хоҳанд дошт. Аз 63 вакили Маҷлиси намояндагон 22 нафараш аз феҳрасти ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вориди порлумон мешавад ва 41 нафари дигар аз тариқи ҳавзаҳои интихоботӣ.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ҲНИТ ва ҲСДТ аз натиҷаҳои аввалияи интихоботи порлумонӣ изҳори норизоиятӣ карданд. Шуморе аз ин ҳизбҳо дар садади изҳорот будаанд ва бархеи дигар гуфтанд, аз болои чунин натиҷаҳо шикоят хоҳанд кард.

Дар маҷмӯъ, дар ин интихобот 185 номзад пешниҳод шуда буд, 153 нафари онҳо ба қайд гирифта шуданд, то як ӯрзи қабл аз интихобот 21 нафарашон номзадии худро бозпас хонданд ва номзадии як нафари дигар бекор карда шуд.

Дар ҳавзаҳои инфиродӣ 131 номзад рақобат кардаанд, ки ба иттилоъи КМИР, аз рӯи синну сол чунин тақсимбандӣ шудаанд:
То 30-сола --- 4 нафар,
Аз 31 то 40 сола ---15 нафар,
Аз 41 то 50 сола --- 43 нафар,
Аз 51 то 60 сола ---- 64 нафар,
Аз 60 сола боло ---- 5 нафар.

Ба ҷараёни интихобот бештар аз 25.000 нозири маҳаллӣ, 167 нозир аз ИДМ, 17 нозир аз Созмони ҳамкориҳои Шонҳой, 254 нозир аз САҲА ва 86 нозир аз созмонҳои дигари байнулмилалӣ назорат кардаанд.

Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИР, гуфт, сар аз дирӯз 44 арзу шикоят ба унвони КМИР ворид шудааст ва баррасӣ шудаанд, вале нагуфт, ки посухи КМИР ба ин арзу шикоёт чӣ буд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, аз 41 ҳавзаи инфиродӣ танҳо дар як ҳавза даври дуввум доир мегардад. Дар ҳавзаи Конибодом намояндаи ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов ва намояндаи ҳизби ҳоким Насрулло Маҳмудов пас аз ду ҳафта боз ҳам вориди рақобат мешаванд. Дар 40 ҳавзаи боқимонда интихобот баргузоршуда эълон шудаанд.

ҲХДТ дар ҳамаи ин 41 ҳавза намояндаҳои худро вориди рақобат карда буд ва натиҷаҳои нахустин аз ҳавзаҳо ҳокист, ки дар аксари кулли ин ҳавзаҳо намояндагони ҲХДТ ғолиб омадаанд.

Нахустин ҷаласаи парлумони ҷадиди Тоҷикистон қарор аст дар давоми як моҳи баъди баргузории интихобот баргузор шавад. Дар ин ҷаласа раис ва муовинони Маҷлиси намяондагон интихоб мешаванд. Номзадии раиси Маҷлиси намояндагон аз сӯи президенти Тоҷикистон пешниҳод мешавад.