Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоботи парлумонии 28-уми февралро ғайришаффоф ва муғойир бо меёърҳои демократӣ эълон кард.
Дар ин бора Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, дар ҳузури хабарнигорон ва аъзову ҷонибдорони ин ҳизб дар Душанбе хабар дод. Оқои Кабирӣ гуфт, нозирони онҳо дар интихоботи рӯзи якшанбе тақаллубу қонуншиканиҳои афзунро аз сӯйи мақомоти давлатии маҳаллӣ ва масъулони қитъаҳои райъдиҳӣ ошкор кардаанд.
Вай афзуд, “бояд гуфт, ки интихобот аз лиҳози ташкилӣ ва аз лиҳози фазои сиёсӣ дар шурӯъи кор дар муқоиса ба интихоботи солҳои 2000 ва 2005 пешравии мусбате дошт. Вале ҳамзамон бояд таъкид кард, ки аз нимаи дуввуми моҳи феврал фазо каме тағйир хӯрд ва мо дар фаъолият ва рафтору гуфтори мақомоти давлатии маҳаллӣ як гуна асабоният ва ҳолати эҳсосотиро мушоҳида кардем. Ҳамин тавр, Шӯрои сиёсии ҲНИТ шумораи зиёди қонуншиканиҳо ва тақаллубҳоро баррасӣ кард ва мо ба ин натиҷа расидем, ки интихоботи соли 2010 ғайридемократӣ ва ғайришаффоф анҷом шуд”.
Овоздиҳии такрорӣ, роҳ наёфтани узви Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамзамон узви участаи интихоботӣ ҳангоми шумориши раъйҳо, берун бурдани сандуқҳои раъйдиҳӣ аз мавридҳои нақзи қонуни интихобот будааст, ки нозирони ин ҳизб дар ҷараёни интихобот сабт ва гузориш додаанд.
Муҳиддин Кабирӣ гуфт, баргузории чунин интихоботи пур аз тақаллуб барои Тоҷикистоне, ки дар як марҳилаи ҳассос қарор дорад, зарбаи ҷиддӣ хоҳад зад. Вай гуфт, ҳадафи онҳо аз ошкор кардани бастаи тақаллуб ва қонуншиканиҳову интиқодадшон аз ин интихобот халалдор кардани вазъи сиёсии Тоҷикистон нест, балки ба гуфтаи ӯ, онҳо мехоҳанд интихобот шаффоф ва озод гузарад ва ба амонати мардум хиёнат нашавад.
Замоне ки раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ рӯ ба рӯ бо журналистон сӯҳбат мекард, даҳҳо узви ин ҳизб, ки дар рӯзи интихобот ба унвони нозири маҳаллӣ кор кардаанд, ҳозир буданд аз мавридҳои қонуншиканӣ ҳарф зананд.
Сабзалӣ Шарифов, номзад аз Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҳавзаи рақами 10-и ноҳияи Ваҳдат низ аз ошкори тақаллуб сӯҳбат кард. Вай гуфт, онҳо асноди натиҷаи овоздиҳӣ дар ин ҳавзаи интихоботиро дарёфт кардаанд, ки масъулони ин ҳавза сохтакорона ба он иловаҳо ворид намуда, раъйи бештарро ба номзадҳои ҳизби халқӣ – демократӣ додаанд.
Ҳизби наҳзати исломӣ аз нахустин ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки вокунишаш ба интихоботи порлумонии рӯзи 28-и февралро расман баён кард. Ҳизбҳои дигари сиёсӣ, аз ҷумла сотсиал-демократҳо агарчӣ аз ин интихобот интиқод кардаанд, вале то кунун расман мавқеъ ва назари худ дар ин бораро изҳор накардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад