28-уми феврал дар Амрико интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.
Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин сӯи уқёнуси Атлантика иқомат мекунанд, ду қитъаи овоздиҳӣ: яке дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон ва дигаре дар намояндагии доимии кишвар дар СММ дар Ню-Йорк ташкил шуда буд.
Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон хабар доданд, ки нозирони Бунёди байнулмиллалии низомҳои интихоботӣ - IFES ба рафти интихобот дар ин қитъаи интихоботӣ назорат карданд.
Намояндаи Тоҷикистон дар назди СММ Сироҷиддин Аслов гуфт, он шаҳрвандоне, ки имконият доштанд, ба намояндагӣ омада, дар бораи ҳизбҳо ва номзадҳо маълумоти пурра гирифтанд. Маълумоти ҳамсон дар сомонаи интернетии сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон низ дастраси ҳамагон буд.
Бинои намояндагии Тоҷикистон чандон бузург нест, аммо дипломатҳои тоҷик кӯшиш намуданд, ки онро ба қитъаи интихоботии аслӣ табдил диҳанд. Дар як гӯша ғурфаи вижаи пур кардани варақаҳои раъй ва дар толори намояндагӣ қуттии райъдиҳи ҷой дода шуда буд. Интихобкунандагонро аввал сабти ном карда, баъд аз гирифтани варақаҳо онҳо ба ғурфа мерафтанд ва баъд аз пур кардани варақаҳо ба назди қуттии райъ омада, варақаҳоро ба қуттӣ меандохтанд.
Дар ҳавзаи интихоботӣ бо чанд донишҷӯи тоҷик ҳамсӯҳбат шудам. Ин намояндагони ноҳияву вилоятҳои мухталифи Тоҷикистон имкон доштанд ба номзадҳои ҳавзаҳои интихоботии макони иқомати аслиашон овоз диҳанд.
Баъд аз шумориши раъйҳо аз ҷониби комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботии Вашингтону Ню-Йорк натиҷаҳо ба КМИР фиристода мешаванд.