Дар робита ба хатми марҳилаи таблиғу ташвиқи номзадҳову аҳзоб ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва шӯроҳои маҳаллӣ Радиои Озодӣ дар студияи худ дар Душанбе як брифинг бо ширкати раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва хабарнигорони дохиливу хориҷӣ доир кард.
Дар ин сӯҳбати мо муовини аввали раиси Ҳизби ҳалқӣ- демократӣ Сафар Сафаров, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби сотсиал-демократ Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Масъуд Собиров, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев ҳузур доштанд ва ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.
Аҳзоб ва интизории онҳо аз интихоботии парлумонии рӯзи 28-уми феврал, ҳадаф аз талош барои курсиҳои порлумон, ризоият ноқаноатмандиҳо аз корзори интихоботӣ ва тасмимҳои баъдии онҳо пас аз интихобот аз мавзӯъи баҳсу сӯҳбатҳои мо дар нишаст буд.
Сафар Сафаров, муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон: “Ду бор нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро барои сӯҳбат қабул кардам. Дар вақти сӯҳбат нисбат ба ҳизби мо ва дар бораи марҳилаи таблиғу ташвиқи номзадҳо дар Тоҷикистон чизе нагуфтанд. Баъзе аз нозирон “заказ” доранд. Чунки роҳбарони он идораҳо ҳамаи ахборотро қабул намекунанд, агар онҳо ҳақиқатро гӯянд”.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: “ҲНИТ аз тамоми чораҳои қонунӣ истифода хоҳад кард барои дифоъ аз овозҳои худ. Дақиқтар гӯем, ин метавонад изҳорот ё баёния бошад. Агар бинем, ки он мувофиқат намекунад ва тақаллуб аз ҳадди як изҳорот боло рафтааст, талаби раҳпаймоӣ хоҳем кард. Эътирози худро мехоҳем ба мардуми ҷаҳон бирасонем. Вале ин тасмимот боз ҳам баъд аз машварат бо раҳбарияти ҳизб ва ҳам бо назардошти воқеияте, ки дар рӯзи эълони натиҷаҳои интихобот хоҳем дошт, гирифта хоҳад шуд”.
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон: “Бисёриҳо аз мо мепурсанд, ки чаро ҳизбҳо дар замони интихобот “бедор” ва то панҷ соли дигар хомӯш меистанд. Ҳизбҳо хомӯш намеистанд, ҳизбҳо муаррифӣ намешаванд. Оддитарин мисол ин аст, ки ман шабакаи аввал соли 2005 барои баромад кардан имконият доштам. Баъд аз панҷ солу се рӯз имконият пайдо шуд, ки боз як бори дигар дар шабакаи аввал баромад кардам. Мутаассифона, баромадҳои намояндагони ҳизбҳо дар матбуот барои мардум дастрас нест”.
Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон: ”Албатта, баъзе ҳизбҳои мо, аз ҷумла ҳизби наҳзат солҳои тӯлонист, ки дар арсаи сиёсии кишвар фаъолият доранд. Ва онҳо бештар аз ҳизбҳое, ки тоза ба саҳнаи сиёсат омадаанд (аз ҷумла, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ-РО ) муаррифӣ шудаанд. Ҳизбҳое, ки нав қадамҳои худро мегузоранд, бояд корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд, то ҷомеа инҳоро шиносад, донад ва барномаи онҳоро эътироф кунад”.
Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон: “Ҷараёни интихбот аз се давра иборат аст. Ибтидову идомааш тавонист, ки Ҳизби демократии Тоҷикистонро то андозаи зарурӣ ба ҷомеаи кишвар муаррифӣ кунад. Дар тӯли ин муддат мо барои таблиғу ташвиқи номзадҳои худ монеае надидем. Аммо интиҳои ин давра аз мо вобаста нест. Аз интихобкунанда вобаста аст”.
Ин брифингро метавонед имрӯз дар маҷаллаи шомгоҳии Радиои Озодӣ ва фардо субҳ дар маҷаллаи бомдодӣ бишнавед.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад