Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз гузориши миёнадавраии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо изҳори таассуф кардааст.
Дар вокуниши Комиссия гуфта шудааст, ки “гузориш... дар мавриди баҳо додан ба баррасии арзу шикоятҳо дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро дар ҳайрат гузошт. Ин дар ҳолест, ки намояндагони ин созмон дар баррасӣ ва ҳаллу фасли арзу шикоятҳо дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва мақомоти додгоҳӣ пайваста ширкат мекунанд, андешаҳои худро иброз медоранд ва фикру мулоҳизаҳои онҳо, ки ҷавобгӯи талаботи қонунгузории мо ҳастанд, ба инобат гирифта мешавад”.
Дар баёнияи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба як нуктаи гузориши нозирони САҲА ишора шудааст, ки бар пояи он “Комиссия аз рӯзи 19–уми январ инҷониб ягон маҷлис нагузаронидааст». Аз нигоҳи масъулини КМИР, “воқеият ин аст, ки баъди 19–уми январи соли ҷорӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маҷлиси дигар рӯзҳои 11-ум ва 16-уми феврал баргузор карда, арзу шикоятҳои воридшударо баррасӣ ва ҳаллу фасл намуда, оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул кардааст. Дар маҷлиси 11-уми феврал аризаи шикоятии Бобоев Ғиёс ва муроҷиати Вайсиддин Қосиддин ва дар маҷлиси 16-уми феврал аризаи Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ҳаллу фасл ва оид ба онҳо қарорҳои дахлдори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд”.
Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсӣ навиштааст, ки ҳама нуктаҳои гузориши нозирони САҲА-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ба онҳо посухи муфассал хоҳад гуфт.
Ду рӯз пеш нозирон аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо марҳилаи пешазинтихоботии Тоҷикистонро дар фурсати миёни 29-уми январ то 13-уми феврал таҳлил ва гузориши навбатии худ оид ба давраи омодагиҳо ба интихоботи парлумониро нашр карданд. Дар ин гузориш омадааст, ки дар саросари Тоҷикистон маъракаи начандон фаъоли интихоботӣ ҷараён дорад. Аз нигоҳи муаллифон, аксар вақт мулоқоти номзадон бо раъйдиҳандагон аз рӯи ҷадвали комиссияҳои ноҳиявии интихоботӣ баргузор мешавад ва аммо гоҳо талоши аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои инфиродӣ барои ташкили мулоқотҳои мустақилона бо монеаи маъмурони интихоботӣ рӯбарӯ мешавад.
Тафсилоти гузориши дуввуми САҲА
Дафтари нозирони интихоботии САҲА мегӯяд, чанд ҳизби сиёсии Тоҷикистон ин ниҳодро дар бораи эҳтимоли монеагузории мақомот, ҳамчунин мудохилаи кормандони умури дохила ва истифода аз захираҳои ҳизби ҳоким барои пешбурди таблиғоти интихоботӣ огоҳ кардаанд.