Таърих бояд аз нав навишта шавад?

Шаҳноза Низомова, пажӯҳишгари мустақил, китобҳои дарсии таърихи макотиби миёнаи даврони Шӯравӣ ва замони истиқлолро тадқиқ карда, тафовутҳоро миёни онҳо мушоҳида кардааст.
Ин пажӯҳишгари ҷавон мегӯяд, ҳарчанд дар ин китобҳо таҳрифи ҳодисаҳои таърихиро мушоҳида накардааст, аммо камбудиҳое мавҷуданд, ки бояд ислоҳ шаванд. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, дар китобҳои дарсии таърихии нашри замони истиқлол баъзе воқеаҳои муҳим сарфи назар шудаанд, ки насли имрӯзро аз ҳаводиси муҳими таърихӣ дур мекунанд. Шаҳноза Низомова меафзояд, маъмулан таърих ҳамон гуна нигошта мешавад, ки ба сиёсату ҷомеа ва имрӯзу ояндаи ҳаёти мардум созгор бошад:

«Толибилмон ба навиштаҳое, ки дар китобҳои дарсии таърих оварда шудаанд, эътимод доранд ва он ба шаклгирии тафаккур нисбат ба таърихи гузаштагонашон мусоидат мекунад. Ман бояд бигӯям, ки зимни муқоисаи китобҳои замони Шӯравӣ ва феълӣ ба хулосае омадам, ки дар китобҳои замони истиқлол кӯшиш шудааст, халое, ки нисбат ба пайдоши халқи тоҷик дар китобҳои замони Шӯравӣ мавҷуд буд, пур шавад.»

Ба таъкиди Шаҳноза Низомова, китобҳои таърих аксаран аз навиштаҳои қаблӣ бидуни ҷустуҷӯи бойгонӣ нусхабардорӣ ва бознашр мешаванд.

Ҷим Баттерфилд, профессори улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Мичигани ғарбӣ, ки китобҳои фаннии таърихи Русияро таҳқиқ кардаааст,
Шаҳноза Низомова: "Толибилмон ба навиштаҳое, ки дар китобҳои дарсии таърих оварда шудаанд, эътимод доранд ва он ба шаклгирии тафаккур нисбат ба таърихи гузаштагонашон мусоидат мекунад."
мегӯяд, дар китобҳои ин кишвар низ эҳёи таърих ва болоравии ҳисси худшиносии миллати рус мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи Ҷим Баттерфилд, агар китобҳои таърихи Русия дар замони Шӯравӣ аз нигоҳи идеологияи коммунистӣ навишта мешуданд, ҳоло аз нигоҳи миллатпарастӣ нигошта мешаванд.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ин пажӯҳишгарони мустақил бидуни омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ дар асоси таҳқиқоти хурд хулосабардорӣ кардаанд, ки чандон фарогир нест. Ба андешаи Парвиз Муллоҷонов, дар китобҳои дарсии таърих бархе аз паҳлӯҳои таърихи халқи тоҷик норӯшан боқӣ мондаанд, ки аз нигоҳи пажӯҳишгарон нодида гирифта шудаанд. Бо ин вуҷуд, Парвиз Мулоҷонов ҷонибдори бознависии китобҳои дарсии таърих аст. Зеро, вай мегӯяд, феълан дар китобҳои дарсии таърих боқимондаҳои идеологияи замони Шӯравӣ вуҷуд дорад. Аз сӯи дигар, забони мураккаби ин китобҳо дарки фанни таърихро барои хонандагон мушкил кардааст.

«Бояд гуфт, ки аллакай илм ва воқеъият пеш рафтааст ва фаҳмиши рӯшанфикрони тоҷик оид ба таърихи тоҷикон ва худшиносии миллӣ дигар шудааст. Яъне, дар давоми панҷ соли ахир бисёр паҳлӯҳое пайдо шудаанд, ки дар ин китобҳо инъикос наёфтаанд. Ва баъзе бахшҳои таърих тамоман баррасӣ нашудаанд. Масалан, дар мавриди пайдоиш ва зиндагии Темурланг бояд навишта мешуд, ки чӣ гуна вай хунхор буду, тоҷиконро кушт. Ҳамчунин, давраи босмачиён низ на ба таври мусбӣ ва на манфӣ арзёбӣ нашудааст.Дар ҳоле ки ин як падидаи мураккаб буд.»

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки як соли пеш Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси миллӣ ва собиқ қозии мусулмонҳои Тоҷикистон, аз Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ин кишвар, дархост карда буд, ки нашру чопи китобҳои таърих аз сар гирифта шавад. Ин рӯҳонии тоҷик бо овардани мисолҳои мушаххас аз саҳифаи китоби дарсии таърих, ки барои муҳассилини синфҳои шашум ва ҳафтум тавсия шудааст, гуфта буд, бештари муаллифони ин осори таълимӣ нисбат ба дини Ислом назари хайрхоҳона надошта, ҳанӯз таҳти таъсири идеологияи атеистӣ ба ҳаводис ва шахсиятҳои исломӣ муносибат мекунанд ва дар китобҳои дарсии таърих дар макотиб нисбат ба арзишҳо ва муқаддасоти Ислом таҳриф ва таҳқирро раво дидаанд.