Ҳар бева гумон мабар, ки холист

- Бахудо, ки ҳамин ҷавонони имрўзаи мо хуб баинсофанд. Ҳар рўз аз паҳлўяшон даҳҳо духтарони нимлучу урён мегузаранду, онҳо парво надоранд. Рагашон намеҷунбаде! Ё чашмашон сер, ё ҳавсалаашон дар ҷавонӣ пир шудагӣ... Ҳатто нимнигоҳ ҳам намекунанд... Бадбахтии ман бошад аз ҳамин нимнигоҳ сар зад. Чилу панҷ - панҷоҳ сол пеш...
Бале, он вақт, ман, ҷавони олуфтанамо, бегоҳӣ, баъди кор, либосҳои ҷойравакамро пўшида, ба ягона ҷои фарҳангии қишлоқ, ҷои вохӯрии одамони наҷиб ва занону духтарони аз он ҳам наҷибтар, ба сари пода баромадам. Баробари ба он ҷо расидан ба назарам намуд, ки як бевачаи холу хат кашидае ба сўям нимнигоҳе карду, бо табассум чашмак зад ва ҳамин нимнигоҳ кифоя буд...

Шаб, баъди қарори пои мардум, рост ба хонаи бева «паррондам»!..

Шаттаи аввалро аз хори сари девор хўрдам. Хостам ду чўби сархориро дошта, бо як ҷаҳиши мардона худро ба он сўи девор гирам. Чўбҳои хонаи бемард номардӣ карданд. Нав то ними девор баромада будам, ки чўбҳо сархорию хоки сари деворро ба сари ман бардоштанд. Тарапасти ба пушт, ба замини пур аз саргини гов афтиданамро саги ҳамсоя шунид. Тамоми хору хаси сари девор бо хоку чўбдаргилаш ҳамчун ғолиби гўштин дар болои шикамам. Ин либосҳои ҷойравак чӣ шуду... Лекин вақти фикркунӣ набуд. Саг расам - нарасам, ман парида хестаму, аз ҷои акнун бе сархории девор ҷаҳида, худро ба даруни ҳавлӣ гирифтам. Баробари аз девор гузаштан, фаҳмидам, ки мақоли мардумии «Мо дузд шудему шаб маҳтобӣ» аслан чӣ маъно доштааст...

Ин моҳтоби зормонда ҳам дигар кор надоштагӣ барин то байни осмон омадаасту, акнун ба кадом тараф рафтанашро надониста, чун одами роҳгумзада бо даҳони воз, аз ҷояш наҷунбида нурпошӣ мекунад... О ту фикр намекунӣ, ки ҳамин мардуми бечора шабу ними шаб як кору бор доранд...

Ҳавлӣ рўз барин равшан. Ман ночор худамро ба сояи ягона чормағз ё чинори садсолае, ки дар байни ҳавлӣ буд, кашидам.

Хона чандон бемард ҳам набудааст. Дар равшании чароғи болохонаи бев... ҳамон занак, аз паси пардаи тиреза сўроби ду кас менамуд ва яке аз он сўробҳо чандон зан ҳам набуд... Ман аввал гумон кардам, ки ягон бародараш ба хабаргирии вай омадаасту, ҳамин замон баромада меравад. Бинобарин қарор додам, ки дар сояи чинор ягон соат интизор шавам ва... ва ду шаттаи дигарро ман дар сояи чинор хўрдам...

Якум: Баробари тирезаро калон кушодани сўроб, ман дидам, ки вай на бародари занаки ба ман нимнигоҳ карда, балки раиси колхозамон будааст. Вай бе ин ҳам се зани «қонунӣ» дошт ва ҳарчанд ман ҳам мисли тамоми аҳли колхоз аз вай метарсидам, бо вуҷуди он аламам кард, ки чаро раис ба сари беваи ба ман чашмак задагӣ «паррондааст». Охир ман ҳам, кам не ғам не, «Главбух!», яъне сармуҳосиб будам!

Дуюм: дар ҳамин хел ҳавои софу беғубори моҳтобӣ, ногоҳ ба сари ман борони бадбўе ба боридан сар кард. О ман аз куҷо медонистам, ки ин чинор ҷои ҷамъомади зоғони тамоми ҷаҳон будааст... Ман намедонам ин зоғони падарлаънат он рўз чӣ хўрда буданду, чӣ қадар хўрда буданд, лекин аз рўи он борони бадбўе, ки шаб беист ба сари ман меборид, аниқ ба қароре омадам, ки зоғони оқипадар аз куҷо дорухонае ёфта, тамоми пургени онро нўл задаанду, баъд ба қишлоқи мо омадаанд...

Кадом аблаҳ гуфт, ки агар паррандае дар болои сарат вай... кунад, одам бою бадавлат мешавад? Агар ин гап рост мебуд, ҳоло ҳо ана ҳамон ягона сутуни каҷалаи барои фурў нарафтани бом дар байни хона задаи ман, аз тиллои сурх мешуд. Чунки баъди чанде дар болои тоқии ҷойравак ва сари китфони ман қалъачаҳои бадбўе қомат афрохта буданд, ки сохтмончиёнаш ҳамин зоғҳои шикамраву дилпечак шудаи лаънатӣ буданд.

Пас аз чанде ҳис кардам, ки агар ҷонамро каҷ накунам, ба ҳоҷатхонаи зоғон табдил ёфта, аз ин бўи бад нафасгардон шуда, мурданам мумкин, бинобар ин кўшиш кардам, ки як бало карда, худамро ба сояи бомгўшаи ҳамон болохонаи «Тоҳиру Зўҳродошта» гирам. Дар дарунам қасос меҷўшид. Ба худ андешидам, ки нишемангоҳи навам аз чанд ҷониб қулайтар аст. Якум: ман аз борони бадбўй халос мешудам. Дуюм: сўҳбати ин ду «дилдода»-ро чун магнитофон чинда мегираму, рўзи дигар дар маҷлиси правленияи колхоз рўи ҳардуяшонро сиёҳ мекунам, яъне қабрашонро бо дасти худашон меканам ва худ надониста ба сояи болохона, ба пешвози шаттаи навбатӣ давидам...

Ба таги бомгўша расидаму, ҳоло нафасамро рост накарда, дар болои сарам, дар даҳлези болохона раис пайдо шуд. Даҳлез дар надошт. Худамро аз тарс дарҳол, дар сояи таги девор ба шикам партофтам...

Ман то ҳол намедонам, ки он вақт, раис хуши берунбароӣ надошт ё дар он ҳавлӣ ҳоҷатхона набуд... Чизе ки набошад раис калавида-калавида, ба лаби даҳлез омаду, рост ба болои ман... сар дод... Э пири ту раҳмон...

Хуб, зоғон бисёрӣ буданд. Онҳоро фаҳмидан, ҳатто аз гуноҳашон гузаштан мумкин... Лекин дар як шикам ғунҷидани ин қадар об... ин ба ягон ақли одамӣ рост намеояд... Қалъачаҳои бадбўи сари китфу болои тоқӣ, саргини гови ҳангоми аз девор афтидан ба пушти либоси ҷойравак часпида, бо сели новадон пок-покиза шуста шуданд. Об шарраст то кафи поям мерафту, боз аз он ҷо ба тори сарам бармегашт. Аз шиму костюмам гузашт, ба гардану гиребонам даромад. Аз таги биниам ҷўйчае ҷорӣ шуд, ки дар бадбўӣ бо борони чинор мусобиқа дошт...

Зормонда, обе ки сарчашмааш дар болохона бошаду, ба болои одами башикам хоб резад, дар ҳар қисмати бадан ҳар хел овоз мебаровардааст. Вақти ба болои тоқии нав шоридан як хел, дар гардани луч дигар хел, дар либоси ҷойравак тамоман ба шакли нав садо медодааст.

Аз ҳама аламовараш он буд, ки соҳиби сарчашма пас аз анҷоми ин даҳшати дуру дароз гулў афшонда, ба болои ман туф карду, ба бевачаи сариподагӣ ғуррид:
- Чаро тўқуми харатро дар таги девор мондӣ? Ба гумонам ман онро камтарак... тар кардам...

Ҳоло ба ҷавононамон гуфтаниам, ки: назарбаландиатон дуруст. Худатонро эҳтиёт кунед, набошад аз «борон»-и бадбўй гурехта, ба «новадон»-и аз он ҳам бадбўйтаре дучор шудан мумкин. Боз кӣ медонад?.. чуноне ки ман аз таҷрибаи худам медонам: Ҳар бева гумон мабар, ки холист...