О.Бобоев: Ҳадафи мо таъсиси фраксиюн дар порлумон аст

Олимҷон Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

Олимҷон Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ҳадафи ширкати ин ҳизб дар интихоботи парлумониро таъсиси фроксиюн дар парлумони кишвар арзёбӣ кард.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии 28 феврал барои бори аввал ширкат мекунад. Аммо ин ҳизб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таҷриба дорад. Зеро раҳбари он дар интихоботи 6 ноябри соли 2006 ширкат кардааст.

Олимҷон Бобоев, ки ҳамзамон вазири нақлиёт ва коммуникатсия дар кобинаи давлати Тоҷикистон аст, дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ фазои қабл аз интихоботиро озод ва шафоф унвон кард.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла аҳзоби наҳзати исломӣ, сотсиал-демократ ва ҳатто коммунист аз раванди қонуншиканиҳо дар ин марҳала ба шиддат интиқод карда ва ҳатто ба додгоҳҳо шикоят бурданд.

Аммо Олимҷон Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ иддаоҳои он аҳзобро навъе ба маънии матраҳ карди хеш дар ҷомеа медонад. Вай мегӯяд, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ оромона вале ҳадафманд амал хоҳад кард.

Раҳбари ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ умедвор аст, ки аз 13 номзади ин ҳизб, ки чаҳор нафар аз тариқи ҳизбӣ ва 9 нафар тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ муаррифӣ ва сабти ном шудаанд, 50 дарсади онҳо барранда хоҳанд шуд, ки барои расидан ба мақсади ин ҳизб дар порлумон кумак хоҳад кард.

Барои шунидани сӯҳбати ихтисосӣ бо Олимҷон Бобоев ишораи аудио дар гӯшаи саҳифаро нохун занед.