Қоидаҳои нави муҳоҷирати корӣ дар Русия

Як мақоми баландпояи Хадамоти муҳоҷирати Русия дар сафаре ба Тоҷикистон гуфт, аз ин ба баъд ҳар муҳоҷири корӣ бояд ба ҳаҷми 1000 рубли руси патент ё иҷозаи кор харидорӣ кунад ва молиёт супорад.
Константин Палтаранин, муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Русия дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки тағйирот ба қонуни иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия ва масъулияти онҳо дар баробари пардохти молиёт, моҳи феврал дар Думаи давлатӣ ба тасвиб хоҳад расид.

Ин мақоми Русия афзуд, бо пардохи 1 000 рубл ҳар моҳ шаҳрванд санади иҷозаи кор гирифта, сабти иқомати худро то як сол тамдид мекунад ва дар сурати иҷрои бидуни таъхири ин шарт ва ҳамзамон бунёди равобити хуб бо кордиҳанда, мӯҳлати иқомати ӯ то 6 моҳи дигар тамдид хоҳад шуд. ЗимнанҶ муҳоҷирон метавонанд, патентро бе дахолати кордиҳанда ва нафари дигар аз бонҳо харидорӣ кунанд.

Ҷаноби Палтаранин афзуд, танҳо дар соли 2009 наздики 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон вориди Русия шудаанд. Бо вуҷуди он ки то охири соли 2009 Русияро наздик ба 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тарк кардаанд, боз теъдоди шаҳрвандони тоҷик дар Русия дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи номбурда, беш аз 900 000 нафар мебошад. Аз ин рақам танҳо наздики 300 ҳазор нафар расман иҷозаи кор доштаанд. Намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Русия инчунин гуфт, дар соли 2009 назики 500 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудаанд.

Дар ин нишаст хабарнигорон бештар ба масъалаҳои равобити миёни Тоҷикистону Русия таваҷҷӯҳ зоҳир карданд ва аз намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Русия суол карданд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон Русияро шарики стротегии худ медонад, оё чунин маҳдудудиятҳо дар фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик, ба равобити ду кишвар халал ворид намекунад?

Ҷаноби Палтаранин гуфт, дар ин қонун барои ҳеҷ як кас гузаште карда намешавад. Ба ақидаи коршиносон, ин боз як маҳдудияти навест, ки барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия мушкилҳо ба бор хоҳад овард. Ин ҳам дар ҳолест, ки бар асари бӯҳрони иқтисодӣ бахши умдае аз муҳоҷирон аз шуғли худ маҳрум шудаанд.