Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба манзури дармони зукоми нав ҳудуди 50 ҳазор «Тамифлю», доруи зидди вируси зукоми хукиро ба Тоҷикистон ворид кардааст.
Хабари ворид шудани ҳудуди 50 ҳазор доруи зидди вирусии «Тамифлю» ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки мавсими ибтило ба бемориҳои шадиди роҳи нафас ба марҳалаи поёнии худ мерасад. Зеро, ба гуфтаи масъулони Маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, маъмулан ибтило ба бемориҳои шадиди роҳи нафас аз моҳи октябр шурӯъ шуда ва дар авввалҳои фасли баҳор ҷараён мегирад. Аммо, ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, мудири шӯъбаи Маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносӣ, аз даҳ шаҳванди Тоҷикистон, ки дар ин давра фавтидаанд, танҳо як нафар гирифтори бемории зукоми маъмулӣ будааст, «як нафар дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд бар асари бемории зукоми маъмулӣ фавтидааст. Вале бақия фавтидагон новобаста ба бемории зуком буд, вале дар ҳамин мавсим ва ҳамрадиф бо бемориҳои шадиди роҳи нафас, аз ҷумла бемориҳои қалб, илтиҳоби шуш, илтиҳоби майнаи сар ва ғайра мебошад».
23 нафари мубтало ба зукоми хукӣ табобат ёфтанд
Самариддин Алиев, раиси Маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, мегӯяд, дар ин давра ҳеҷ як нафар аз ибтило ба бемории зукоми хукӣ ё вируси H1N1 дар қаламрави ин кишвар фавт накардааст. Вай мегӯяд, теъдоди 23 нафар шахсоне, ки ҳамчун мубтало ба зукоми хукӣ дар Тоҷикистон сабт шуда буданд ва миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд, табобат ёфта ва ҳамакнун сиҳҳату саломат ҳастанд. Аммо, ҷаноби Алиев воридоти доруи зидди вирусии «Тамифлю»-ро гоме дар ҷиҳати дармони беморони зукоми нав медонад ва мегӯяд, «Тақсимоти ин ваксина ба ҳама бемористонҳо анҷом гирифтааст. Беморе, ки ба бемористон ворид мешавад, барои дармонаш аз ин ваксина истифода хоҳад шуд. Барои беҳбуди вазъи саломатии сокинон ва ҷилавгирӣ аз бемориҳои мухталифи зуком, аз ҷумла вируси H1N1 кумак хоҳад кард.»
Масъулони дафтари Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ мегӯянд, ин муассисаи байналмилалӣ ин миқдор ваксинаи зидди вируси зукоми хукиро дар чаҳорчуби кумакҳои билоиваз ба Вазорати тандурустӣ додааст. Бад ин тартиб, қарор аст, доруи «Тамифлю» ба беморон дар бемористонҳо ба таври ройгон дода шавад. Вале бархе аз соҳиназарони арса мӯътақиданд, ки бештари пизишкони муассисаҳои беҳдоштии Тоҷикистон аз фурсат истифода карда, аз беморон барои истифодаи ин дору пул меситонанд. Чун, ба гуфти онҳо, таҷриба собит кардааст, ки ҳар кумаке, ки аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст, намунаи онро дар дорухонаҳо ва ё дигар дӯконҳо дидан мумкин аст.
Поёни давраи хуруҷи зуком
Масъулони беҳдоштии Тоҷикистон мегӯянд, аз ибтилои нахустин мавриди гирифтории бемории зукоми хукӣ дар ин кишвар то кунун теъдоди сабтином шудагон тағйир накардааст. Ҷаъфар Наврӯзов, як масъули Маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии Тоҷикистон, мегӯяд, ахиран намунаҳои хуни 400 нафари дигар аз сокинони кишвар барои ташхис ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд,
«дар таърихи 5-уми феврал боз 400 намунаи хуни дигарро, ки таҳлили ин намунаҳо дар ташхисгоҳҳои мо гузашта буданд, ҳам ташхисҳои мусбат ва ҳам манфиро ба ташхисгоҳи шаҳри Лондони Британия фиристодем. Ҳадафи аслӣ санҷидани сифати ташхисгоҳҳҳои Тоҷикистон аст. Ин дар чорчӯби ҳамкориҳои мо бо СҶБ сурат мегирад».
Қаблан, дар охири соли гузашта низ Вазорати тандурустии Тоҷикистон намунаҳои хуни теъдоде аз сокинони ин кишварро барои ташхиси дақиқ ба Британия ва Русия фиристода буд. Ҳамакнун, масъулони беҳдоштии Тоҷикистон мегӯянд, бо ворид шудани «Тамифлю» ва аз сӯи дигар поёни мавсими хуруҷӣ бемориҳои шадид роҳи нафас, ибтило ба бемории вируси H1N1 ё зукоми хукӣ дар миёни сокинони ин кишвар баъид ба назар мерасад.