Қарзҳои беруна ё хориҷии Тоҷикистон аз созмонҳои байнулмилалии сармоягузор ва кишварҳои мухталиф бештар аз ҳаҷми буҷаи давлатӣ дар соли 2010 шудааст.
Темуралӣ Афғонов, сардори сарраёсати қарзи давлатӣ ва дороиҳои молии Вазорати молияи Тоҷикистон дар ин бора дар гуфтугӯ бо Озодӣ гуфт, қарзи хориҷаи Тоҷикистон дар январи соли 2010 як миллиарду 691 миллион доллар аст, ки ба 35, 8 дарсади ҳаҷми ММД баробар аст. Давлати Тоҷикистон аз созмонҳои сармоягузори байнулмилалӣ, аз ҷумла аз IMF, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломӣ, Бунёди Саудӣ ва ғ. Наздик ба 900 миллион доллар қарздор аст. Бар илова, аз Чин 630 миллион, аз Узбакистон 7 миллион ва аз Туркия 3 миллион доллар қарздор аст.
Мавзӯъи мавриди баҳси имрӯза қарзҳои Тоҷикистон аз созмонҳои байнулмилалии сармоягузор, бахусус Сандуқи байнулмилалии пул, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва ғайраҳо мебошад, ки ба 900 миллион доллар мерасад.
Шодӣ Шабдолов, намояндаи Маҷлиси Олӣ ҳаҷми ҳамчунин қарзро барои Тоҷикистон сангин медонад. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бояд қарзро дар бахшҳое бигирад, ки барои рушди иқтисод ёрӣ медиҳад, на балки барои сохтмони қасру меҳмонхонаҳо.
Вале Темуралӣ Афғонов ин иддаои ҷаноби Шабдоловро беасос медонад. Вай гуфт, ки ҳеҷ қасру бино аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ сохта нашудааст.
Пас ин суол матраҳ аст, ки Тоҷикистон барои иҷрои кадом барномаҳо аз созмонҳои байнулмилалӣ ин миқдор қарзро гирифтааст? Темуралӣ Афғонов, сардори сарраёсати қарзи давлатӣ ва дороиҳои молии Вазорати молия:
«Дар бахши энержӣ ва саноат 11 лоиҳа ба маблағи 486 миллион доллар, бахши нақлиёт ва коммуникатсия 18 лоиҳа бо маблағи 685 миллион доллар. Бахши манзилу коммуналӣ 23 миллион, кишоварзӣ ва обёрӣ 11 лоиҳа бо маблағи 132 миллион. Бахши тандурустӣ 46 миллион, маориф 48 миллион долларро ташкил медиҳад.»
Ба гуфтаи ҷаноби Афғонов, қарзҳои додаи IMF, Бонки ҷаҳонӣ ва бонки осиёии рушд барои тавозуни додуситадҳо истифода мешавад. Ҷаноби Афғонов гуфт, дар чанд соли охир Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон на қарз, балки ёриҳои билоиваз медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки тайи ду соли ахир Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд ба далели зиёдии қарзи хориҷаи Тоҷикистон аз додани қарз ба ин ҷумҳурӣ худдорӣ кардаанд.
Ба гуфтаи Татяна Эстисеева, сухангӯи Бонки осиёии рушд, қарзу ёриҳои молии ин бонк ба Тоҷикистон барои рушди иқтисод ва иҷрои барномаҳои мухталиф аст. Хонум Эстисеева афзуд:
«Самтҳои асосии фаъолияти Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон сармоягузорӣ дар иҷрои барномаҳои сохтмонӣ, зербиноҳо, нақлиёт ва энержӣ, кишоварзӣ, бахши маориф ва тандурустӣ мебошад.»
Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон барои иҷрои барномаҳои сохтмонӣ, роҳу зербиноҳо то 630 миллион доллар қарз дарёфт кардааст.
Ба гуфтаи Вазорати молия, мӯҳлати пардохти қарзҳои гирифтаи Тоҷикистон аз 20 то 40 сол буда, фоизи солонаи он аз 0, 15 то 2 фоизро ташкил медиҳад ва пардохти ин қарзҳо барои Тоҷикистон сангин нест.
Ин дар ҳолест, ки аз як миллиарду 600 миллион доллар қарз, ба ҳисоби миёна, наздик ба як миллиарду 400 миллионаш дар иҷрои барномаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ рабт дорад. Пас наздик ба 200 миллиони дигар дар куҷост ва ба чӣ ҳадаф равона шудааст?
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми қарзҳои хориҷии Тоҷикистон сол аз сол меафзояд. Имкон дорад, дар соли 2010 ҳаҷми қарзҳои берунаи кишвар аз як миллиарду 800 миллион доллар убур кунад ва ба 50 дарсади ҳаҷми ММД бирасад, ки ин миқдор бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ нигаронкнуанда аст.