Дар авоили солҳои 80 – уми асри гузашта, он замон, ки мусиқии эронӣ ба нукоти савдои фитаҳои кӯчаву бозорҳои Душанбе рехт, ҳунармандони тоҷик дар тааҷҷуб афтоданд.
Ёқуб Абдулоев, аз танзимгарон ё аранжури ҷавону боистеъдоди Тоҷикистон, ки нав ба ҷодаи ҳунар қадамҳои худро мегузошт, мегӯяд, овозхону мутрибони тоҷикро сифати мусиқии эронӣ дар ҳайрат афканда буд: «Мо ҳайрон будем, ки чӣ тавр мешавад ҳамчунин оҳанг сохт. Дар худи мо ҳама, ба истилоҳ зинда менавохтанд, чӣ «Гулшан», чӣ дигар дастаҳое, ки дар кишвар буданд».
Ёқубро ҳоло аз танзимгарони беҳтарини Тоҷикистону минтақа ном мебаранд. Нақши дастони ӯ дар сурудҳои аксари овозхонони машҳури Тоҷикистон ва бархе аз хонандагони Эрону Афғонистон ҳаст. Як суруди танзимкардаи Ёқуб дар албоми нави Умед, овозхони машҳури эронӣ ҷой гирифтааст.
Танзими мусиқии тоҷикӣ бо дастгоҳи ҷопонӣ
Ёқуб Абдуллоев мегӯяд, баъдҳо фаҳмидем, ки сирри суруди хуби эронӣ дар танзим ё аранҷмент будааст, ки тавассути киборд ё синтезатори ҷопонии дар Шӯравӣ мамнӯъ омода мешуд. Ва танзим, ороиш ё аранҷмент баъд аз вуруди кибордҳои ҷопонӣ дар замони бозсозӣ дар мусиқии Тоҷикистон ҷорӣ шуд.
Аввалин суруди тоҷикӣ дар студияи «Пайкар» танзим шуд ва аввалин танзимигар ҷавоне ба номи Абдураҳмон буд. Аммо ба қавли коршиносон, аввалин сурудҳои танзимии тоҷикӣ, ки дар сатҳи баланд омода шуданд, маҳсули марҳум Соҳибқирон Нозимов мебошанд. Яке аз ин сурудҳо «Ҷони ман» - и марҳум Наргис Бандишоева буд.
Соҳибқирон, ки соли гузашта дар синни 36 солагӣ бар асари маризии қалб аз олам даргузашт, то охири умр беҳтарин танзимгари тоҷик монд ва нақши дастони ӯ дар суруди тоҷикӣ ҳанӯз боқӣ монда.
Владимир Юматов низ аз беҳтарин аранжурҳои Тоҷикистон ба шумор мерафт. Владимир ба ҷанбаи ғарбии мусиқии Тоҷикистон ҷон бахшид ва суруди «Садои борон» - и Садриддини Наҷмиддин аз аввалин намунаҳои кори ӯст, ки заминаи тулӯъи ситораи нави мусиқии попи Тоҷикистонро фарохтар кард.
Танзими як суруд чанд доллар?
Санъати танзим ё аранҷмент ҳоло дар Тоҷикистон касб шудааст ва қимати танзими як суруд аз 100 то 500 доллар аст. Ҳоло танзимгарҳои наве зуҳур кардаанд, ки ҳар яке сабку салиқаи хоси худро дорад. Бахтиёри Бегиҷон, яке аз онҳост, ки тайи солҳои ахир бо танзимҳои бемонандаш маъруфият дорад ва танзими суруди «Муҳоҷирбача» - и Баҳром Ғафурӣ кори дасти ӯст.
Ҳамчунин чандин ҷавононе, аз қабили Зайниддин Каримов, Рустами Атахон, Акбари Маҳмад, Маъруф Оев, Сабзалии Муҳаммадалӣ, Эраҷ Ҳомидов ва дигарон дар соҳаи арранҷмент заҳмат мекашанд.
Танзими суруди «Ватандорӣ» -и Зикруллоҳи Ҳаким кори дасти Фарҳод Зикиров, яке дигар аз танзимгарони маъруфи тоҷик аст, ки низ бо овозхонҳои Афғонистон ҳамкорӣ мекунад. Фарҳод мегӯяд, арранҷменти Тоҷикистон рӯз ба рӯз рушд дорад, аммо кайфияти садоиашон паст аст ва агар ин қабл аз ҳама ба барномаҳои навин рабт дорад, ки тоҷикон надоранд, дигар ба кайфияти студияҳо вобаста аст. Фарҳод мегӯяд: «Бо сабти овоз мушкил дорем, бахусус режиссураи мусиқии мо комил нест. Дастгоҳҳое, ки барои ин зарур аст, гаронқимат аст ва дар мо нест».