Биёед, бо ҳам ба Тоҷикистон сафар кунем

Чанд рӯз аст, аз як ноҳия ба ноҳияи дигар ва аз як деҳа ба деҳаи дигари Тоҷикистон азиз меравам ва аз ин сафари хидматӣ ростӣ лаззат мебарам.
Ана, шаҳраки Дӯстӣ, маркази ноҳияи Қумсангир, ки аз ин ҷо мешавад ба бахши шарқии Бешаи Палангон сафар кард. Аммо, дареғо, фурсат надорам. Шояд вақте ки ба Шаҳритӯс расидам ва аз Чилучорчашма зиёрат кардам, метавон саре ба ин ҷангалистони машҳур зад.

Дар ин байн дар се сония ман худро ба Қурбоншаҳиди минтақаи Кӯлоб мерасонам ва ақиб гашта, сари дуроҳаи Гулистон ҳайрон мешавам, ба тарафи Фархор равам ё Данғара, ки мегӯянд, шаҳри бузурге шудааст.

Вале боз ҳам тангии вақт имкон намедиҳад ва пас аз панҷ сонияи дигар, ман дар Маҳрами Кони Бодом ҳастаму насими обанбори Қайроқум меояд, лекин бояд дар ду сонияи дигар худро ба Ошобаи Ашт расонам.

Аз он ҷо рост ба Рӯшон меравам ва тасмим мегирам, пас аз ду сония дидор аз Хоруғ бояд ба Ванҷ расам ва баъд аз як лаҳза таъхир дар Файзобод ба Душанбе баргардам. Дар панҷ дақиқаи дигар аз Панҷакенту Масчо дидан мекунам ва ҳамзамон аз Хуҷанду Спитамен...

Ҳоло бояд иқрор кунам, ки сафари хидматии ман ба гӯшаву канори Тоҷикистон рӯйи нақшаи Гугл ҷараён мегирад ва ҳеҷ ноҳияе аз дастраси ман дур намемонад, ҳарчанд на аз ҳамаи онҳо ном гирифтам ва ҳадаф ин аст, ки "Харитаи интерактивии интихоботи Тоҷикистон" сохта шавад, ки шуд.

Ин нақшаро пешкаши Шумо мекунем, фақат агар мехоҳед, дар 15 дақиқа ва бо роҳати тамом ба ҳамаи ҳавзаҳои интихоботии Тоҷикистон сафар кунеду бо ҳамаи номзадҳо ошно шавед, бояд нахуст ин харитаро ба андозаи равзанаи ройона (компютер)-и худ бузург кунед.

Маълум мешавад, вақте он кӯчак аст, номи номзадҳои як ҳавза бо ҳам хеле наздик буда, метавонанд, омехта шаванд ва ё падид наоянд. Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки як хонандаи арҷманди мо менависад, номзади ӯ -- Тӯрахон Самадов дар ҳавзаи 29 фаромӯш шудааст.

Дар асл, ӯ фаромӯш нашудааст, мушкил танҳо ин аст, ки вакилони ҳавзаҳои якмандатиро бояд дар шакли бузургшудаи харита дид.

Агар диққат карда бошед, дар миёнаҷои нақша як парчам ҳаст, ки рамзи Ҳавзаи саросарӣ мебошад ва агар ба он "ангушт занед", феҳрасти ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон падид меояд. Дар зери номи ҳар ҳизб силсилаи аксҳо, номи номзадҳои рӯйхатҳои ҳизбӣ ва ҳолномаву корномаи мухтасари онҳо пинҳон аст. Ва бо як клик ин ҳама иттилоъ низ дастраси Шумо мешавад.

Кӯтоҳи сухан, ба Шумо дар сафар ба ҳавзаҳои интихоботии ватани азиз дар "Харитаи интерактивии интихоботи Тоҷикистон" роҳи сафед орзу мекунем.