Саҳмиядорони "Сангтӯда" фаромӯш нашудаанд

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"

Ҳукумати Тоҷикистон саргарми омӯзиш ва ҷустуҷӯи наҳваи пардохти баҳра ба саҳҳомони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда” мебошад. Имкон дорад, сар аз соли 2011 бархе аз саҳмдорон битавовнанд, баҳраи худро дарёфт кунанд, менависад, хабаргузории “Авесто” аз қавли Асадулло Ғуломов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки пардохти баҳра аз саҳмияҳои “Сангтӯда” ба андозаи маблағи гузоштаи саҳҳомон дар ин ҷамъияти саҳҳомӣ низ бастагӣ хоҳад дошт.

Саҳмияҳои ниругоҳи "Сангтӯда" дар соли 1996 мунташир ва ба фурӯш гузошта шуданд. Аммо бо он вуҷуд ҳам ба далели камбуди сармоя давлат муваффақ ба поён додани сохтмони нерӯгоҳи мазкур нашуд.

Дар соли 2005 тибқи қарордод Русия пардохти сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда"-ро, акнун "Сангтӯда-1" номида мешавад, бар ӯҳда гирифт ва ба ин тартиб саҳмияҳои аслии ин ниругоҳро дар ҳудуди 80 дарсад ширкати русии РАО ЕЭС ба ихтиёр гирифт.

Вале баҳси пардохти саҳмияҳое, ки ба мардум дар дохили Тоҷикистон фурӯхта шуда буд, ҳамвора идома дошт. Ва барои аввалин бор аст, ки мақомоти Тоҷикистон аз омодагии худ барои пардохти баҳраи саҳмдорони нерӯгоҳи "Сангтӯда" изҳори омодагӣ мекунанд.

Идораи нерӯгоҳи "Сангтӯда-1", ки дар тобистони соли гузашта сохтмони он поён пазируфт, дар ихтиёри ширкатҳои русист ва ширкати “Барқи тоҷик” то кунун барои напардохтани ҳаққи истифода аз барқи ин ниругоҳ қарздор мебошад.

Барои анҷоми сохтмони "Сангтӯдаи-1" ҳудуди 400 миллион доллари амрикоӣ ҳазина шудааст.