“Мехоҳем дар бари мардони бузурги парлумон бошем”

Гулбарг Сайфова

То интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондааст. Ба фарқ аз интихоботи солҳои пешин ин навбат теъдоди хонумон дар корзори интихоботӣ афзудааст.
Аз миёни беш аз 150 довталаби курсии Маҷлиси намояндагон 22 нафарашон занон мебошанд. Номзад аз Ҳизби халқии демократии ҳоким дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Марҳабо Ҷабборова ширкат дар интихоботро яке аз роҳҳои муассири дифоъ аз ҳуқуқи занон мешуморад. Вай мегӯяд, “парлумон як ниҳоди сарнавиштсоз аст. Ва вакилони оянда бояд дар қабули қонунҳои ҳифзи истиқлолияти озуқаворӣ, энергетикӣ, рушди иқтисодиёти миллӣ ва масоили дигари марбут ба беҳсозии зиндагии мардум масъулиятшинос бошанд».

Хонум Ҷабборова меафзояд, ки барномаи пешазинтихоботиаш дар баробари масоили марбут ба занон, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, рушди соҳаи энергетика, ҳифзи сиёсати иҷтимоии кишвар ва ташаккули маърифати динӣ дар системаи маорифи Тоҷикистонро дар бар мегирад. Марҳабо Ҷабборова феълан ректори Донишкадаи давлатии забонҳо буда, ягона хонум дар ин симмат аст.

Рақобати ду зан дар ҳавзаи Шоҳмансур

Гулбарг Сайфова, номзад аз Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки ваъдаи президент дар мавриди шаффоф гузаштани интихобот ва дастгирии ҷавонон ӯро дилгарм кардааст, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок кунад. Хонум Сайфова меафзояд, “ман мехоҳам, ки аз сиёсати мӯҳтарам президент Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ кунам. Чуноне ки соли 2010-ро соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон кардааст, тавре ки ваъдаи шафоф гузаштани интихоботро ҳам додаанд. Ва ман ҳам бо дастгириҳо ва даъвати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, мехоҳам дар интихобот иштирок кунам, дар дар қатори мардони бузург дар парлумон бошам. Чун ки дар бари ҳар марди бузург зани бузург аст”.

Гулбарг Сайфова феълан омӯзгори мактаби таҳсилоти №46 шаҳри Душанбе аст. Ӯ дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон бо номзади мустақил Ҳилола Акрамова сабқат мекунад.

Ҳилола Акрамова, номзад ба парлумон
Хонум Акрамова мегӯяд, такмили қонунугузории кишвар яке аз самтҳои асосии барнома ва ҳадафи ӯ дар курсии вакили мардумӣ хоҳад буд. «мо дар парлумон қонунҳои қаблан қабулшударо мавриди тағийру иловаҳо қарор медиҳем. Ва барои таҳияи қонунҳои нав мутахассисонр ҷалб мекунем. Ба масъалаи инзиво нисбати занон бештар аҳамият медиҳам».

"Ҳизбҳо ба занони шуҷоъ ниёз доранд"

Сайфулло Сафаров таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ки аҳзоби сиёсӣ бояд бо занҳои соҳибҷуръат, соҳиби иродаи мустақил ва шинохташуда дар ингуна маъракаҳои муҳими сиёсӣ иштирок кунад. Оқои Сафаров гуфт, «меъёри шахсиятҳои арзанда барои мо муайян аст. Яъне номзадҳо манфиатҳои миллӣ ва давлатро фарқ карда тавонанд ва ҷуръати ҳарфи баҳси гуфта тавонанд. Модоме ки ҳизбҳои сиёсӣ то ба ин вақт натавонистаанд ки аз миёни занон номзадҳои арзанда ва дорои зарфияти сиёсиро тайор кунанд. Пас мо низ, ҳамчун интихобкунанда ба чунин номзадҳои пешниҳодшудаи онҳо раъй намедиҳем».

Чизи дигаре ки ҳангоми пайгирии ин мавзӯъ ошкор шуд, ин заъфи маъаракаҳои тарғиботии баъзе занони мустақил аст, ки ҳатто варақаву лавҳаҳои тарғиботӣ надоранд. Онҳо аснои муаррифии барномаҳояшон ба ваҷҳи умум дар бораи пуштибониашон аз сиёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳарф мезананд.