Марги ду рустабор

Сармоҳои шадиди даҳ рӯзи ахир дар вилояти Хатлон бар изофаи эҷоди мушкил дар зиндагии сокинони маҳаллӣ, ҳамчунин боис ба фавти одамон шудааст. Ахиран дар ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш, 120-километрии ҷануби шаҳри Душанбе, ҷасади ду шаҳрванди рустабор дарёфт гардид.
Бо дарёфти ҷасади ин афрод сарусадоҳои зиддунақиз дар мавриди ҳуввият ва шаҳрвандони хориҷӣ будани онҳо ба миён омаданд. Зоҳир Амирбеков, яке аз онҳое, ки ҷасадҳоро пайдо кардааст, мегӯяд, изҳои марги таҷовузкорона дар онҳо дида намешуд:

«Ҷасади онҳо дар назди нуктаи бензинфурӯшие пайдо шуд, ки ман дар он ҷо кор мекунам. Вақте онҳоро дарёфтем, шах шуда монда буданд. Шишаҳои май дар наздашон парешон дида мешуд. Маълум буд, ки онҳо аз сӯйи касе қасдан кушта нашудаанд, балки бар асари сармо фавтидаанд. Имшаб ҳаво ҳамчунон сард буд, ки агар ман ҳам дар берун мебудам, шояд зинда намемондам…»

Милисаи ноҳияи Вахш ҳуввияти афроди фавтидаро муайян намуд. Владимир Попов ва Иван Никитин - шаҳрвандони рустабори Тоҷикистон буда, аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба ноҳияи Вахш барои мардикорӣ ва таъмири хонаҳо рафта будаанд. Сарҳанг Валиҷон Табаров, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, овозаҳои бархоста дар мавриди аз сӯйи гурӯҳҳои миллатгаро кушта шудани шаҳрвандони рустаборро рад кард.

«Дар ҷамоати Тоҷикобод дар як хона кор мекардаанд. Вақти бозгашт онҳо лаби як ҷӯйборе қарор мегиранд, то хӯрок бихӯранд. Онҳо нишонии муайяне надоштаанд. Фарзияи аслӣ ин аст, ки онҳоро сармо задааст, чун ҳаво бисёр сард буд».

Дар ҳоле ки фарзияи аслии милиса ин аст, ки ин ду шаҳрванди рустабор бар асари сармоҳои шадиди рӯзҳои ахир реҳлат кардаанд, мақомоти идораи беҳдоштии Хатлон ин иддаоҳоро бепоя мехонанд. Матлуба Шоназарова, муовини сардори раёсати ҳифзи тандурустии вилояти Хатлон, мегӯяд:

«Ин ду фарди рустабор шояд ба ҳамин сабаби майзадагӣ фавтидаанд, аз сардӣ ва бебарқӣ касе намемирад. Милиса бояд фарзияҳои худро бо хулосаҳои ташхиси тиббӣ асоснок кунад. Ин информатсия нодуруст аст…»

Дар ҳоле ки мақомоти беҳдоштии Хатлон мутмаинан мегӯянд, бар асари сармоҳои шадиди рӯзҳои ахир ва камбуди барқ дар ҷануби кишвар нафаре ҷони худро набохтааст, милиса мегӯяд, дастикам ду нафар аз сармозадагӣ фавтидаанд.

Ёдрас мекунем, дар зимистони қаҳратуни ду сол қабл ҳам, вазорати беҳдошти Тоҷикистон расман хабар дода буд, ки 12 нафар қурбони сармо ва бебарқӣ шудаанд.